Надежда Савченко гуруснанишиниро қатъ кард14-03-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
10 март Надежда Савченко ба обнӯшӣ шурӯъ кард.Вай аз 3 март аз нӯшидани об худдорӣ мекард. Дар ин бора дар Твиттер вакили дифои вай Николай Полозов хабар дод.
Марк Фейгин, вакили дигари Савченко баъд аз дидори зерҳимояаш дар боздоштгоҳи шаҳри Новочеркасск гуфт, ки ба Надежда номаи президент Порошенкоро расонидааст, ки дар он раиси ҷумҳури Украина хоҳиш мекунад, ки худдорӣ аз нӯшидани обро қатъ кунад. Надежда Савченко розӣ шуда, бо сипос аз ҳимояти украиниҳо гуфтааст, ки муборизаи худро то замони эълони ҳукм идома медиҳад. Интизор меравад, ҳукми Савченко 21 ё 22 март эълон шавад. Ба гуфтаи вакил, Савченко бар ин назар аст, ки обнӯшии дуборааш ақабнишинӣ нест. Вай ин амалро ҳамчун пирӯзӣ медонад ва умедвор аст, ки талошҳои мақомоти Украина барои озодии вай дар ниҳоят амалӣ мешавад. Пештар президенти Украина Петр Порошенко изҳори омодагӣ кард, ки барои бозпас овардани Савченко ба хона, ӯро иваз кунад. Ба эътиқоди вакил, масъалаи бозовардани Савченко ба Украина метавонад дар моҳи апрели соли ҷорӣ анҷом ёбад. Надежда Савченко 3 март худдорӣ аз обнӯширо оғоз кард. Он рӯз ба вай иҷоза надоданд, ки дар ҷаласаи додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростов паёми ниҳоии худро бигӯяд. Киев талош дошт, ки ба назди Савченко духтурҳои украинӣ дароянд, аммо мақомоти Русия чунин иҷозаро надода, гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири рафтори беадабонаи сарбози украинӣ дар додгоҳ гирифта шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.