Додситон хост, ҳавонаварди низомии украинӣ Надежда Савченко, ки ба даст доштан дар қатли ду хабарнигорӣ рус дар Луганск айбдор мешавад, ба 23 соли зиндон маҳкум гардад.Ин дархостро додситон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни изҳори назари ҷонибҳо баён дошт. Интизор меравад ҳукми додгоҳ баъд аз шунидани баёноти ниҳоии ҷонибҳо эълон шавад.
Савченко моҳи июни соли 2014 замоне боздошт шуд, ки дар сафи баталони ихтиёриён дар шарқи Украина бар зидди ҷудоихоҳоне меҷангид, ки аз тарафи Русия ҳимоят мешаванд. Вай гуфт, ки аз сӯи ҷудоихоҳон рабуда ба Русия оварда шудааст. Дар Русия ӯро боздошт карда, зиддаш айбнома эълон карданд.
Мақомоти Украина ин айбномаро сохтакорӣ ва Савченкоро маҳбуси низомӣ мешуморанд. Надежда Савченко гуфт, агар баъд аз 10 рӯзи эълони ҳукм ӯро ба Украина барнагардонанд, гуруснанишинии комил, яъне бе об, эълон хоҳад кард.