Равзане ба користони “Роғун”2-05-2024, 11:40
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Офаридани симои марди коргар дар адабиёти муосири мо собиқаи дерина дорад. Метавон чанд адибони маъруфи моро мисол овард, ки замони Шуравӣ дар бораи марди коргару деҳқон ва соҳибони дигар касбу кори гуногун асарҳои хубу хонданӣ навиштаанд. Аммо вақтҳои охир бисёр адибон дар ин бора навиштанро мерос аз замони Шуравӣ медонанд ва кам ба ин мавзуъ даст мезананд. Ба андешаи ман, дар ин бора навиштан даркор аст, зеро одамро танҳо меҳнат шарафёбу соҳибэҳтиром мекунад ва дар бораи ин мардони майдон навиштану меҳнати бунёдкоронаро тарғибу тараннум кардан вазифаи адабиёт низ ҳаст. Хусусан барои насли наврасу ҷавон хондани чунин асарҳо аз манфиат холӣ нест, онҳоро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, хидмат ба Ватан, ба манфиати меҳан аҳлона кор кардан ва ғайра тарбия менамояд. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурии мо иншооти бузурги зиёде бунёд ёфтанд, аммо дар бораи он користонҳо ба таври бояд асарҳои бадеӣ эҷод нашуданд. Албатта, асарҳои публитсистӣ, мақолаю очеркҳо навишта шуданд, аммо манзури ман, тавре таъкид кардам, асари бадеист. Дар аввал як чизро бояд қайд кунам, ки маъмулан, асарҳои бадеие, ки дар мавзуи истеҳсолот иншо мешаванд, берун аз ихтиёри муаллиф оҳанги публитсистӣ пайдо мекунанд ва дар бисёр ҳолат аз ҷониби мухлисони каломи бадеъ ҳамчун асари бадеӣ пазируфта намешаванд, ки ин, албатта, муаллифонро хуш намеояд. Хушбахтона, қиссаи «Кафшергар»-и Равшан Махсумзод аз ин лиҳоз истисност. Бидуни муболиға, маҳз маҳорати адабӣ, баёни равону шавқовар, диди тоза, тасвирҳои зебову хотирмон, мулоҳизарониҳои табиӣ ва ҳадафмандии қаҳрамонон, хусусан саҳифаҳои пуртазоди саргузашти кафшергар Баҳром Рустам боис шудаанд, ки муаллиф сирф асари бадеӣ, қиссаи дилпазир офарад. Ман қиссаи мазкурро, ки ба таърихи дирӯзу имрӯзи иншооти бузурги аср - Неругоҳи барқи обии “Роғун” бахшида шудааст, бо шавқи зиёд хондам. Асар аз саҳифаҳои аввал ҳушу ёдамро амиқ ба худ кашид. Забонаш пуробуранг, баёнаш салису зебо, андешаронӣ, талош ва хӯю хислати қаҳрамононаш то дараҷае мафтун сохт маро. Аз ин рӯ, ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудани маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои Равшан Махсумзод - «Кафшергар»-ро аз ҷониби раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба хушнудӣ пазируфтам, зеро камина, ки аксар китобҳои ӯро хондааму аз ҷустуҷӯҳои бадеиаш огаҳам, иқдоми мазкурро эътирофи комёбии адабии ин нависандаи заҳматписанд медонам. Равшан Махсумзод аз зумраи он адибони боистеъдод, нозукбин ва мушоҳидакорест, ки баъд аз хатми факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) тайи беш аз се даҳсола дар адабиёти тоҷик бо масъулият, меҳру самимият, сабку услубу диди ба худаш хос пурборона заҳмат мекашад ва ба шарофати интишори чандин маҷмуаи ҳикояҳо, повестҳои «Ду муҳоҷир», «Шабе дар замини бетараф», «Муҷозот», «Пули Сирот», романи «Ғуруб» ва осори публитсистиаш миёни наслҳои гуногуни ҳаводорони каломи бадеъ обрӯву эътибор пайдо кардааст. Албатта, дар адабиёти мо, ки анъанаҳои наҷиби чандинҳазорсоларо дорост, ба мақоме шарафёб гаштан кори саҳлу сода нест. Равшан Махсумзод, воқеан ҳам, бо масъулият ва шинохти рисолати адиб дар назди адабиёт ва хонанда асар меофарад. Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, ғолиби нахустин озмуни байналмилалии Иттифоқи журналистони Россия «Фарҳанги ҳамзистӣ» будану нашри зиёда аз даҳ маҷмуаи қиссаву ҳикоя ва романаш далели ин гуфтаҳост. Ӯ воқеан ҳам як шахсияти заҳматкашест, ки марҳила ба марҳила пеш меравад ва кӯшиши ҷиддӣ ба харҷ медиҳад, то тавонад ганҷинаи адабиёти миллиамонро ғанӣ гардонад, ҷиҳати бой намудани маънавиёт ва дигаргунсозии ботини хонандаи хеш саҳм дошта бошад. Симои асосии қиссаи «Кафшергар» - Баҳром Рустам дар ибтидо аз гиреҳ афтодан ба кори сотмони неругоҳи “Роғун”, талаву тороҷ ва бар асари обхезӣ валангор гаштани қисматҳои гуногуни он, хусусан нақбҳои нотамом, дарун-дарун сӯхта, ҳайрону музтар монда, ба ёд меорад суханони пуралами дӯсташ Виктор Агеевро, ки аз оғози сохтмон - миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба сифати ронандаи мошини «БелАЗ» кор мекарду ба касофати гирудорҳои ибтидои солҳои навадум аз Тоҷикистон кӯч баста буд: «Аҳволро бубин, кори сохтмонро хобонданд, дигар Худо медонад буд шудани онро. Сад афсӯс, корамон нотамом монд… Худо медонад ба дасти худатон бунёд шудани “Роғун”-ро. Қуввату дороиятон намерасад ба бунёди чунин иншооти бузург. Сад афсӯс!»… Овозаи «Сохтмони неругоҳ аз нав шуруъ мешудааст!», дар як он ба дили Баҳром Рустам, ки мисли садҳо нафари дигар сарфи назар аз он, ки иқтисодиёт ва аҳволи иҷтимоии мамлакат бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба буҳрони шадид печида ва захмҳояш ҳанӯз пурра шифо наёфта буд, ба ҳеҷ куҷо нарафта, дар Роғун мондааст, нури умедро бештар фурӯзон кард. Вай, ки аз нигоҳи нависанда як марди баномусу нексират ва поквиҷдон аст, яъсу навмедиро аз ниҳоди хеш дур афканда, нидо мебарорад: «Кошки зудтар оғоз меёфт,-¬¬¬гуфт Баҳром Рустам, боз ба даҳони бухорӣ каме зуғол андохта. - Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем. Ҳатман ин корро бояд кунанд, вагарна баъд аз чанд сол ба ҳоламон маймунҳо мегирянд… аз оғоз дар ин неругоҳ кор кардаам ман. Кафшергар будам». Айни ҳол мехост, ки ҳарчӣ зудтар гузаштаро бо имрӯз ва фардо пайванданд. «Акнун, ки роҳбари боҷасорат ёфтем, халқ аз паяш меравад». Боз орзу мекард, ки «Кош, ба ҳамон рӯзҳои нек бирасем, ба чашми худ тавлид шудани нурро бубинем». Муаллифи қисса зимни тағйироти руҳии Баҳрому атрофиёнаш ҳамон эҳсосоти наҷиб - ҷонибдори бунёди неругоҳи “Роғун” будани халқро нозукбинона саҳифа ба саҳифа тавонистааст ба табиату андешаи қаҳрамон ҷо диҳад: «Баҳром Рустам аз равнақи корҳо дар сохтмон беш аз дигарон хурсандӣ мекард. Гӯё неругоҳ моли худаш бошад, аз ҳар як навгонию дастовард меболиду бо қувваи дучанд ба кор мечаспид». Муаллиф бо маҳорати баланд лаҳзаву ҳолатҳои бағоят ҳассоси зиндагии Баҳром Рустам, ёронаш Қудрат Ёдгору Ҳабиб Ёрмуҳаммад, писараш Фарҳод, домодаш Абдулло ва дигар ҳамроҳонашро, ки онҳо низ дар бунёди неругоҳ фаъолият доранд, бо самимият ба қалам додааст. Хонанда ба шарофати ҳунари волои тасвиргарии адиб беихтиёр ба ин мардони майдон меҳр мебандад, дӯст медорад онҳоро. Зеро, хаёлан мебинаду бовар мекунад, ки онҳо намояндагони наслҳои гуногун, аз зумраи он коргарони одии меҳанпарастанд, ки аз истиқлолияти сиёсиву ваҳдати миллӣ, аз азму талош, ташаббусҳои созанда ва иродаи қавии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ намуда, ба ояндаи неки иншооти бузург ва фардои дурахшони Тоҷикистон эътимоди қавӣ ҳосил намудаанд ва хуб дарк мекунанд, ки бунёди ин неругоҳ ба нафъи ҳар як сокини мамлакатамон ва дар маҷмуъ, кишвари азизамон аст ва нависанда ин бовариҳоро тадриҷан бисёр заркорона ва боварибахш ба қалам додааст. Қиссаи «Кафшергар» ба ойинаи беғуборе шабоҳат дорад, ки зиндагиву талоши муттасил ва ташаккули шахсияти кафшергари соҳибтаҷриба Баҳром Рустамро, ки таҷассумгари меҳнати фидокоронаи даҳҳо ҳампешагони ӯ ва коргарони заҳматписанд мебошад, дар давраҳои гуногун-¬шуруъ аз оғози бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” то пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, сипас, ба таъхир афтодани сохтмони ин неругоҳи камназир то ба ибтикори роҳбари наву дурандеши мамлакат авҷ гирифтани корҳо дар майдони ин сарчашмаи нуру равшанӣ - басо ҷаззобу дилрас тасвир намуда, мақому манзалат, саҳми назарраси Баҳром Рустамро, ки «ҳафт пушташ барзгару косибу оҳангар гузаштаанд» ва ҳамчунин, ҳазорон ҳазор ҳамтоёнашро, ки дар ҷабҳаҳои мухталифи ин иншооти аср боэътимод ба ояндаи пурсаодат ҷон мекоҳонанд, пеши назари хонанда ҷилвагар месозад. Беҳуда нест, ки ҳар нафар иштирокчии ин арсаи мардонагӣ аз саҳми хеш ифтихорманд аст. Хонанда ин нуктаро равшан эҳсос мекунад. Метавон гуфт, ки ин қисса бори романро мекашад, зеро пас аз мутолиаи он хонанда аз таърихи оғози корҳо дар неругоҳ, мушкилоту талошҳо, монеаву музаффариятҳо дар бунёди ин иншооти бузург, симои ибратомӯзи коргарону роҳбарони он ошно мешавад. Аз ин нигоҳ, қиссаи мазкур барои насли наврасу ҷавон, ки ояндаи ин кишвар дар дасти онҳост ва бояд барои рушди бештари он даҳҳо чунин неругоҳу иншоотҳои азим бисозанд, сабақомӯзанда аст. Метавон гуфт, ки «Кафшергар» ифодагари набзи замон, руҳи бунёдкоронаи халқ аст ва ҳамчунин, ба даъвату талошҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди ин неругоҳи бузург ҳамовозӣ ва пайванди ногусастанӣ пайдо кардааст. Ба қавле, ҳамон равзанаест, ки тариқи он хонанда корзори камназиреро мебинад. Корзореро, ки дар он ҳамзамонони мо, одамони одиву ҳунарманд аҳлона меҳнату бунёдкориҳо мекунанд. Мулоҳизарониҳои қаҳрамонон дар ҳолати танҳоӣ, муколамаю баҳси онҳо фориғ аз кор, ки бешубҳа, аломати аз нигоҳи иҷтимоӣ ва мавқеи шаҳрвандӣ фаъол будани онҳост, ниҳоят дилчасп рӯйи қоғаз омадаанд. Хонанда бидуни хости хеш ба он талотуми фикр, гуфтугӯ ва дилсӯзиҳо ҳамроҳ мешавад, кас мехоҳад дар паҳлуяшон ҷой гирад, яъне, тақдири қаҳрамон хонандаро чун оҳанрабо ба худ мекашад. Муколамаҳои қаҳрамонон гоҳо тезутунд, гоҳе таҳаммулпазирона ва оҳанги гуфтугӯяшон ниҳоят табиию самимӣ ва боварибахш тасвир ёфтааст. Мағз андар мағзи онҳо моломоли мақолу зарбулмасалҳои халқианд. Муҳим боз он аст, ки онҳо дар мавридаш садо медиҳанд, сохтаву беҷо нестанд ва бобати ифодаи амиқтари фикри муаллиф мусоидат менамоянд. Барои исботи ин мушоҳида чанд ҷумлаю мақолро аз қисса мисол меорам, ки аз лиҳози рангорангӣ ва бадеият ба назарам, хубанд: «Баъзеҳо балеро бало навиштанду думи кор дар хӯрҷин монд», «Гӯё дар рагу пайванди “Роғун” хуни гарм давид, кӯчаҳояш аз нав ҷон гирифтанд», «Ман кафшергарам охир, на танҳо оҳан, меҳру муҳаббатро ҳам бояд кафшер бикунам!», «Инсони бе ҳиссиёту орӣ аз ишқу муҳаббат хӯсаро мемонад, амсоли як пора санги мазбут аст», «Агар мо аз он ҷанг сабақ нагирем, пас миллати мурдаю берешаем», «Сар нест, сомон нест», «Тани бедил - ҷуволи гил», «Аз кор чашм метарсаду даст мекунад» ва ҳоказо. Дигар чизи хушоянд ин аст, ки бандубасти сужаи қисса бо дарназардошти маънову мантиқ таҳкурсии мустаҳкам ёфтааст. Тасвири воқеаву манзараҳо, ҳолатҳои руҳонии қаҳрамонон, кӯшишу талоши онон баҳри расидан ба мақсад яке аз дигаре бармеоянд ва фикри умумии муаллифро тақвият мебахшанд. Бино бар таъкиди нависандаи барҷастаи рус Юрий Бондарев, ба одам навиштанро ёд додан осон, аммо эҷодкориро омӯзондан ғайриимкон аст. Китобҳои пешин ва «Кафшергар» далели онанд, ки Равшан Махсумзод эҷодкори асил аст, вагарна «Кафшергар» барин асари хонданбоб падид намеомад. «Кафшергар»-е, ки инсонро баҳри музаффарият ва дилгармӣ ба зиндагиву ёфтани мақоми арзанда дар чаҳорсӯйи он ҳидоятгар аст. Маҷмуаи «Кафшергар» инчунин шонздаҳ ҳикояи марғуби адибро фаро гирифтааст, ки дар онҳо муаллиф бо муҳаббати хос рӯзгор, орзую омол, бурду бохти ҳамзамонони моро ба риштаи таҳқиқи бадеӣ кашидааст ва хаёл мекунӣ, ки қаҳрамони ҳикояҳо ва персонажҳои қисса дар тантанаи адолат, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва расидани ҳақ ба ҳақдор ҳамовозу ҳамқадаманд. Алҳол мехоҳам, дар доираи зарфияти ин мақола андешаҳои хешро дар бораи чанд ҳикояи ин маҷмуа, ки дархӯри замонанду қисме дар мавзуъҳои мубрами рӯз эҷод шудаанд, кутоҳ баён дорам. Ҳикояи “Мерос” аз рӯзгори кампири Муҳаррам ва набераи ӯ Парисимост, ки волидайнаш дар шаҳр мезиянду ӯ дар русто ҳамроҳи бибии танҳояш ба қавле “бо гардани баста” зиндагӣ мекунад. Дар ин ҳикоя сухан аз ҳифзи урфу таомули миллӣ меравад, ки дар замони таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги миллӣ бисёр муҳим аст. Бибӣ мехоҳад ба ҳар роҳе бошад, ҳунари худ, аз қабили гӯяндагию кадбонугиашро ба наберааш, ки мудом дар сар ҳавои шаҳрравӣ дорад, мерос гузорад, аммо набера гардан намефурорад, мехоҳад аз русто фирор кунад. Қаҳрамони ҳикояи “Миннату иллат” пирмарди ҳафтодсолаи басо иззатталабу мунофиқест, ки худро тақводору худотарс намоиш медиҳад, дар пирӣ зани ҷавон гирифтааст ва ба ӯву ду фарзанди думраваш ҷабр мекунад. Дар ин ҳикоя, ҳамчунин, аз ҷавонзани гумроҳ, ки ҳуқуқҳои хешро намедонаду аз он дифоъ намекунад ва муаллима, ҳамсояи ӯ, зани равшанфикру тундгуфторе меравад, ки замоне шоҳиди амалҳои номақбули пирмард буд. Маҳз муаллима чашми ҷавонзанро мекушояд, мехоҳад ӯро аз чанголи пирмарди ҷоҳил бираҳонад. -“Худо ба мо, хоҳарон, ҳусн доду бахт надод, муаллимаҷон,-гуфт ҷавонзан, овозаш ларзида. - Шӯри пешониам хушкад, дар як машмашаи бемаънӣ шавҳарамро корд зада куштанд, бо ду писари хурдсол бе сояи сар мондам, рӯзам нагузашт. Азбаски ҳамроҳи хусуру хушдоман дар як ҳавлӣ мезистем, баъд аз сари шавҳарам додаронаш, ки зангир шуда буданд, маҷбур карданд, ки хонаи онҳоро тарк кунам. Фарзанди дуюмамро дар хонаи бародарам таваллуд кардам. Касбе надоштам, ки қути лоямути худу фарзандонамро биёбам... Рӯзҳои аввал ягона бародарам кам-кам ёрӣ медод, аммо занаш ҳамеша ба сари акаи бечораам ғурбат мекард, ки рӯзи худамон базӯр мегузараду ними нонро ба хоҳарат медиҳӣ... Дигар тоқат карда натавонистаму ба ин издивоҷ розӣ шудам”. Магар имрӯз чунин занони бекасбу ҳунар ва аз ҳуқуқҳои хеш бехабару дар чорсӯйи ҳаёт сарсону саргардон ва муҳтоҷ ба роҳнамоӣ дар ҷомеаи мо каманд? Ҷанг бадбахтист ва ба сари инсон фоҷеаҳои зиёд меорад. Хусусан рӯзи кӯдакону наврасон сиёҳ мешавад. Онҳо аз ҳама зиёд осеб мебинанд, хору зор мешаванд. Ҳикояи “Лахти ҷигар дар бағал” ва “Носеҳ”аз ҳамин боб қисса мекунанд. Банда бар ин ақидаам, ки ҳар бозёфти нави эҷодии шоиру нависандагон бояд баҳои арзанда гирад, аз назарҳо дур намонад, эътироф шавад, зеро он муаллифро ба навиштани асарҳои наву хонданӣ руҳбаланд ва масъулияташро зиёд мегардонад. Пас аз мутолиаи қиссаю ҳикояҳои маҷмуаи “Кафшергар”-и Равшан Махсумзод ба чунин хулоса омадам, ки ин маҷмуа низ ба мисли китобҳои пешинаш хонданию пурмуҳтавост ва ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор аст. Абдуғаффори АБДУҶАББОР, Нависандаи халқии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.