Бори қаламро бардоштан кори саҳле нест. Ҳамон қаламе, ки шоҳи ҷаҳон асту қаламкашони ҳушманду боистеъдодро ба мақсад мерасонад. Қаламе, ки пастиву баландӣ, хубиву зиштӣ, вафову бевафоӣ, муҳаббату номеҳрубониро бо як ранг ба тасвир мекашад. Ҳамоне ки ранги зиндагист, ранги ҳолу ҳавои умри мост.
Алӣ Ҷӯра низ ҳамнафасу ҳамрози қалам аст. Бештар аз 30 сол аст, ки аз пешаи рӯзноманигорӣ нон мехӯрад. Зиндагӣ фатонати мушоҳидон аст, мегӯянд. Ӯ ҳам рӯзноманигори мушоҳидакор аст. Ҳар чизе, ки мебинаду мушоҳида мекунад, менависад. Дар шакли мақолае, эссее, сафарномае рӯи сафҳа меорад.
Китоби тозанашри Алӣ Ҷӯра «Тулуи беғуруб» натиҷаи заҳмати чандинсолаи ӯст, ки сафарномаҳо, эссе ва ҳикояҳояшро дар он гирд овардпааст. Ба ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо пешгуфтор навишта, аз ҷумла чунин таъкид мекунад: «Аз мутолиаи китоби «Тулуи беғуруб»-и Алӣ Ҷӯра бармеояд, ки ҳамаи нигоштаҳои ӯ эссе, хотира ва ҳикояҳо бадеият ёфтаанд, моли адабиёт, хонданианд, бо обу ранг, бо забони фасеҳи фаҳмо нигошта шудаанд. Ҳар касеро дар дил орзуе. Алӣ Ҷӯраро орзуҳо ба нависандагӣ оварда…».
Осори публитсистие, ки муаллиф дар китоби «Тулуи беғуруб» гирд овардааст, дар солҳои гуногун эҷод шудаанд. Алӣ Ҷӯра рӯзгори одамони маъруфу машҳуреро аз қабили Ҳоҷӣ Назаралӣ Сафаров, Абдулло Муродов, Усмон Солеҳ, Гулсара Абдуллоева, Ҷовид Муқим…-ро на танҳо ба риштаи тасвир мекашад, балки чеҳраи онҳо, дунёи дили мисли дарё хурӯшонашонро ба хонанда нишон медиҳад.
Аз худ гузаштанҳо, қаҳрамониҳо, бунёдкориҳо мафҳумҳое ҳастанд, ки мазмуну муҳтавои ҳар навиштаи китобро пур мекунанд. Масалан, дар эссеи «Нури чашм» Алӣ Ҷӯра симо ва кору пайкори раиси номвар, деҳқони асил Назаралӣ Сафаровро хеле ҷолибу хотирмон меофарад. Бо хондани ин эссе пеши назар симои инсонеро мебинем, ки ҳамнафасу ҳамрози халқ аст, зиндагиашро бе онҳо тасаввур карда наметавонад. Н.Сафаров ҳамчунин марди хирадмандест, ки дар сахттарин лаҳзаҳои зиндагии одамон дар паҳлуяшон меистад, маслиҳатҳои судманд медиҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Эссеи «Рустоӣ», ки аз рӯзгори Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ Абдулло Муродов ҳикоят мекунад, хеле ҷолиб навишта шудааст. Бибӣ ба наберааш, ки Абдулло ном дораду ҳамноми бобояш аст, дар бораи падарбузургаш қисса мекунад. Муаллиф хеле моҳирона тавонистааст тавассути диолог симои Абдулло Муродовро бозгӯ кунад ва хонандаро бо варзишгари машҳуру соҳибдил ошно созад. Қиссаи бибӣ (ҳамсари Абдулло Муродов) барои наберааш ширину ҷолиб аст: «…дар зуволадони нази бино пораи нонеро медид, сахт хашмгин мешуд. Рӯзе тамоми бошандагонро ҷамъ карда, гуфт, ки мо набояд нисбат ба нон беҳурматӣ кунем. Аз ҳаёти пурмашаққати мардуми Африқо ҳикоят кард… Бобоят кӯдаконро бисёр дӯст медошт. Бо онҳо нишаста дуру дароз суҳбат меорост… Аз ҳисоби маошаш ба донишҷӯёни дангдаст кӯмакпулӣ медод…». Ҳамин тавр, Алӣ Ҷӯра аз зиндагии ибратбахши қаҳрамони накӯноми худ уқдакушоӣ мекунад ва шахсияти ӯро бисёр хуб тасвир менамояд.
Дар нигоштаи «Дар лобалои ишқу армон» тавассути қувваи хиёл ва диолог нависанда тавонистааст дунёи ботинии ҳунарпешаи машҳури театру кино Гулсара Абдулоеваро нишон диҳад. Дар эссеи «Муқими ошёни меҳр» хонанда бо фаъолияти пурсамар ва чеҳраи муҳаққиқи машҳур, профессор Ҷовид Муқим ошно мегардад. Раққоса Ҷамила Абдулоева низ як аз қаҳрамонҳои китоб аст.
Алӣ Ҷӯра ҳамеша дар талоши он будааст, ки дар нигоштаҳояш рӯзгори ибратбахши шахсиятҳои алоҳида ва дар маҷмуъ, одамони касбу кори гуногунро ба риштаи тасвир кашад. Аз рӯзгори онҳо қиссаҳои ҷолибу хотирмон нависад.
Як бахши муҳими китоб «Раҳовард» ном дорад. Дар ин бахш нависанда сафарномаҳои худро ҷо додааст. Вай ба ҳар гӯшаи диёр ё хориҷ аз мамлакат сафаре кардааст, ҳатман онро рӯи сафҳа овардааст. Сафарномаҳои «Муҳаббати дӯст», «Дарвозаи ҷануб», «Водии меҳр», «Баҳор дар Туданӣ», «Хонаи офтоб», «Одаму олам» аз ин қабиланд. Масалан, дар сафарномаи «Дарвозаи ҷануб» муаллиф дар бораи сафараш ба шаҳри Лоҳури Покистон қисса мекунад ва хонандаро на танҳо бо муносибати хуби Тоҷикистону Покистон ошно месозад, балки ба сайри маконҳои таърихиву гардишгарии Лоҳур мебарад. Ҳамин тавр, нависанда сафарҳояшро ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ – Бадахшон, Хатлону Суғду Раштонзамин бо обуранг менависад ва ногуфтаҳоеро баён месозад, ки хонандаро ба шигифт меорад.
Дар бахши охири китоби «Тулуи беғуруб» ҳунари нависандагии Алӣ Ҷӯра намоён мегардад. Дар ин бахш ҳафт ҳикояи муаллиф ба нашр расидааст, ки «Дутор», «Камони қомат», «Зоғи сиёҳ», «Бозгашти полвон» аз ин шуморанд.
Аз мутолиаи ҳикояҳои Алӣ Ҷӯра бармеояд, ки вай ба кори нависандагӣ ба таври ҷиддӣ машғул аст. Зиндагии мардумро пайваста меомӯзад ва мавзуҳои ҷолибу рангинро аз ҳаёти одамон барои навиштан интихоб мекунад. Забони ҳикояҳои нависанда содаву равон ва дилнишинанд. Қаҳрамонҳои ҳикояҳои Алӣ Ҷӯра одамони воқеӣ буда, нависанда кӯшидааст, ҳақиқати зиндагии онҳоро тасвир кунад. Муҳимтар аз ҳама ӯ ҳангоми навиштан ба суннатҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад ва онҳоро дар ҳикояҳои худ ҳунармандона корбаст менамояд. Масалан, ҳикояи «Хати тақдир» порае аз сарнавишти гӯштингири машҳур, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Худойназар Боқиев аст. Нависанда кӯшидааст дар як ҳикоя рӯзгори талху ширини ин шахсияти машҳурро бо либоси бадеӣ ороста созад. Вай паҳлавонро ба деҳаи Хонақоҳи шаҳри Ҳисор мебарад, ки зодгоҳи ӯст ва дар миёни мардум ба гиреҳкушоии хати тақдири Худойназар мепардозад. Дар ин ҳикоя ҳолати рӯҳиву равонии паҳлавон ва изтироби хонақоҳиён хеле барҷаставу зебо нишон дода мешавад.
Китоби «Тулуи беғуруб»- и журналист ва нависанда Алӣ Ҷӯра дорои қиммати баланди эстетикиву адабӣ аст. Хонанда бо мутолиаи он ҷаҳони маънавии худро ғанӣ месозад ва бо ҳодисаву воқеаҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ӯро ба шигифт меорад.
ВОРИС