Вокуниши ёвари президент ба изҳороти гузоришгари СММ14-03-2016, 15:54
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Ёвари президенти Тоҷикистон дар ҷавоб ба изҳороти Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён, гуфт, бояд Девид Кэй меандешид ки дар чӣ шароите чунин ҳарфҳоро ба забон меорад.
Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари президент дар масоили ҳуқуқ ва қонунгузорӣ гуфт, раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсия - ин "маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст ва бар асоси қонун ва раъйи мардум сурат мегирад". Вай гуфт, агар намояндаи СММ зарурати раъйпурсиро намедонад, ин фикри вай аст. Ватанзода афзуд, "моҳияти раъйпурсӣ аллакай ба мардум фаҳмонида шудааст, санаи ҳамапурсӣ дақиқ гардидааст ва худи мардум ин раъйпурсиро интихоб кардаанд". Девид Кэй, гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён дар нишастии хабарии худ дар Душанбе гуфт, ки беҳтар аст раъйпурсии моҳи май дар Тоҷикистон баргузор нашавад, зеро он бидуни муколамаи зарурӣ сурат мегирад. Дар нишасти хабарӣ Девид Кэй афзуд, дар чунин шароите, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо, инчунин ҳизбҳои мухолиф, ки қариб боқӣ намондаанд, зери фишор қарор доранд, шаффофияти баргузории референдум зери суол аст. Вай ҳамчунин аз басташавии сомонаҳои интернетӣ ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.