Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ

ҲАЁТИ ҲИЗБ

3-04-2024, 14:44
Хабарро хонданд: 487 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЁТИ ҲИЗБ
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДОИР ШУД

Дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2024, №791 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣдоир гардид.
Ба ин муносибат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Амфитеатри Аҳорун” чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор шуд.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби ХалқииДемократииТоҷикистондар шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи кор бо ҷавонон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ва падарону модарони даъватшудагон иштирок карданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣСобирзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода суханронӣкарданд.
Дар ин маросим,ҳамчунин, ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ намоиш дода шуд ва чун анъана маросими «нонгазон» доир гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд мегардад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад.
Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе омадааст, комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, мувофиқиқарори мазкур раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидаанд, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.
Таъкид гардид, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намяонд.

ТАНТАНАИ ГУСЕЛИ ДАЪВАТШАВАНДАГОН ДАР БАДАХШОН
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Рӯзи 1-уми апрел наваскарони далеру шуҷои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо як руҳияи баланди ҷавонмардӣ ба хотири адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан-Модар дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ҷамъ омаданд.
Маросими тантанавии гусели наваскарон бо иштироки фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, роҳбарият ва масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону наваскарон, волидон, собиқадорони меҳнат, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳо баргузор гардид.
Ҷавонмардони бонангу номусаз шаҳри Хоруғ ва тамоми ноҳияҳо дар маркази вилоят ҷамъ шуда, бо як самимият ва бо чеҳраҳои шукуфон ба мактаби мардонагӣ, яъне хизмати Модар- Ватан гусел карда шуданд.
Ҳамасола Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сарбаландона иҷро менамояд.
Нахуст аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то Боғи фарҳангии шаҳри Хоруғ - “Чорбоғ” роҳпаймоии оммавӣ бо ҷалби табақаҳои гуногуни ҷомеа доир шуд.
Дар ҳамоишраиси вилоят Алишер Мирзонабот суханронӣкарда, таъкид дошт, ки тайи шаш соли охир ҷавонони шарафманди Бадахшон бо дарки амиқи рисолати хизмат ба халқу Ватан, ҳифзи якпорчагию ягонагии давлат, ба ҷо овардани қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва ҳимояи арзишҳои волои миллиамон нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар рӯзи аввали маъракаи даъват сарбаландона иҷро менамоянд.
Чунин муносибати масъулиятнок ва бузургу ватандӯстии ҷавонони вилоят чандин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои сатҳи баланд садо дода, он ҳамчун нишонаи садоқат ба Тоҷикистони азиз ва намунаи ибрат барои дигарон маънидод карда шуд.
Раис вилоят инчунин қайд кард, ки дар масири рушди мамлакат бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбаридавлат сол то сол заминаҳои моддию таҷҳизотии Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам гардида, баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ низ чораҳои мушаххас роҳандозӣшуданд.
Дар маъракаи даъвати баҳории соли ҷорӣ низ бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, қисми зиёди даъватшудагон, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Олмон, Руминия ва дигар давлатҳо қарор доштанд, бо гирифтани даъватнома ба Ватан баргашта, имрӯз бо сари баланд ба хизмати Модар-Ватан раҳсипор мегарданд.
Ҷавонони баору номус ва соҳибиродаву ғаюри вилоят дар ин давра бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ масъулияти худро дар назди Ватан ваҷомеа дарк намуда, омодагии худро барои ҳимояи марзу буми Ватан ва сулҳу суботи ҷомеа изҳор доштанд.
Аҳли ҳунари вилоят бо барномаи фарҳангии худ наваскаронро ба хизмати Модар-Ватан бо умеду орзуи баргашти сиҳатмандона гусел намуданд.

АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода якҷо бо намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва модарону наздикони сарбозон ба аёдати афсарону сарбозони қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ рафта, аз шароити хизматчиёни ҳарбӣ дидан намуд.
Зимни боздид ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар дохили қисми низомии мазкур як қатор иншооти аҳаммияти ҳарбидошта мавҷуд мебошад. Аз ҷумла хобгоҳ барои сарбозону афсарон, ошхонаи барҳаво, китобхона бо теъдоди зиёди адабиёти гуногун, майдончаи варзишӣ, ҳаммоми сарбозӣ, анбори нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои махсус барои шустани сару либос ва дигар нуқтаҳои маишиву фароғатӣ барои фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозон фароҳам оварда шудааст.
Ҷамшед Саидзода зимни суханронӣазҷумлатаъкид кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, пайваста таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ шароити хуби муосир ва ба талаботи давру замон ҷавобгӯ муҳайё карда мешавад.
Фарзандони бонангу номусро зарур аст, киҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар қарзи имониву виҷдонии хешро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намуда, дар рушду тараққиёти ин сарзамини аҷдодӣ саҳмгузор бошанд.
Аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор, инчунин, аз ҷониби модарони сарбозон ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан дастурхони идона ороста шуда, ба як қатор сарбозону афсарон барои хизмати софдилона баҳри ҳифзи хоки муқаддаси Ватан - Тоҷикистони биҳиштосо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ тақдим карда шуданд.

МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАЙДОН

Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқотбо фаъолон, намояндагони аҳлиҷомеа ва ходимони дин дода шуд, инчунин иҷроидастурҳоазПаёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣвохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ашт №17 Баҳриддин Зиёӣбо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, муовини раиси ноҳия Бурҳониддин Муҳиддинзода ва фаъолону сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон доир гардид.
Дар ҷараёнивохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагон Баҳриддин Зиёӣоид ба масоили ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, зарурияти ҳифзи Ватан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати волидон қарор гирифтани наврасону ҷавонон, моҳияти дин, сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористиву экстремистӣ, бегонапарастӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи илмомӯзӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону оилаҳои камбизоат, таъмини волоияти қонун, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» изҳориандеша кард.Ҳамзамон, масъулин вобаста ба вусъат ёфтани корҳои созандагиву бунёдкорӣибрози назар намуда, зикр доштанд, ки баҳри расидан ба зиндагии шоиста моро месазад, ки насли наврасу ҷавонро дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, сарфаю сариштакорӣ, илмомӯзию забондонӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намуда, ба камол расонем.

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Дар доираи тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва идеологӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста аз ҷониби Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби ХалқииДемократииТоҷикистондар Федератсияи Россия тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ, расонидани тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҷойҳои корӣ ва марказҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла дар маҷмааи тиҷоратии “Садовод”, “Люблино”, “Южные ворота” ва иншоотҳои сохтмонии ноҳияҳои Раменский ва Красково бо муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқотҳоисудманд гузаронида шудааст.
Дар доираи вохӯриҳо роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятӣ Саидбек Мирзомуддинов зимни суханронӣ ба ҳозирин вобаста ба вазъи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ, инчунин, пешгирӣкардани гароиши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав ибрози назар кард.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки Федератсияи Россия кишвари сермиллат буда, садҳо ҳамватанони мо бо меҳнати ҳалол ва софдилона дар ин мамлакат фаъолият мекунанд. Вале имрӯз созмону гурӯҳҳои террористӣ дар байни халқиятҳои гуногуни ин кишвар тухми нифоқ мекоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз имкониятҳои технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳоихуд аз минбари Созмони Милали Муттаҳидва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣчандин маротиба таъкид карданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замонзидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошанд.
Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ мақомоти қудратии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ қатъӣмуборизаро идома медиҳад.
Дар ин радиф, Ҳизби ХалқииДемократииТоҷикистонбаҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризму экстремизм, ва ҷаҳолату хурофот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, тадбирҳои заруриро мунтазам роҳандозӣ менамояд.
Дар ин замина, пешбурди дипломатияи пешгирикунанда ҳамчун омили муҳимми устуворгардонии мубориза бо ҷараёнҳои террористӣ ва экстремистӣ саривақтӣ дониста мешавад.
Дар охири мулоқот аз ҷониби муҳоҷирон ба гурӯҳи корӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухи мушаххас дода шуд.

“ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?”

Субҳи 1-уми апрел дар рӯзиоғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз дусад нафар даъватшавандагони бонангу номус ва далеру шуҷои шаҳри Ваҳдат ихтиёрӣ аз шаҳру ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамроҳи намояндагони масъули ҷамоатҳо ва волидону пайвандони худ ба қисми низомии 16772 ҳозир шуда, ба хизмати Ватан-Модар омода будани худро нишон доданд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода дар маросими тантанаи гусели ихтиёриён ба Артиши миллӣизҳори қаноатмандӣ кард, ки сол то сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ меафзояд, ки ин нишонаи олии ватандӯстӣ, ҷоннисори роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ва нишонаи ҳувияту ҷавонмардии ҷавонони шаҳр мебошад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода, ки хешовандашро ҳамроҳ оварда, ба сафи муҳофизони ояндаи Ватан шомил кард, ба онҳо ҳушёрию зиракии сиёсӣ, далерию нотарсӣ ва хизмати содиқонаю софдилонаро таманно карда, аз номи Кумитаи иҷроияи шаҳрииҳизбҷавононро барои сазовор шудан бо номи пуршарафи аскари Ватан табрик кард.
Ҳамин тариқ, волидайну пайвандони чанд тан аз даъватшавандагон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, барои бо сари баланд адо кардани хизмати ҳарбӣ ба наваскарон маслиҳати муфид дода, дар ин масъулияти пурифтихор барояшон сарбаландиҳо орзу намуданд.
Сокини Ҷамоати деҳоти Баҳор Нурмаҳмад Файзуллоев, ки дар қатори дигар ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуда буд, аз номи ҳамсафонаш назди ҳозирин бо сари баланд изҳор дошт, ки хизмати Ватан-Модарро ихтиёр карда, қарзи фарзандиро содиқонаю софдилона ба ҷо овардан ва хоку марзу буми онро бо дилу ҷон муҳофизат карданро ба худ шараф медонад ва дигар ҳамсолонашонро низ ба далерию ҷасурӣ даъват карда, байти зерро қироат кард:
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
- Ҷон ба раҳи Ватан нисор, ман накунам кӣ мекунад?
Дар идома ба чанд нафар наваскароне, ки курси таълимии Ташкилоти мададгори мудофиаро хатм кардаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии қисми низомӣ тарзу усулҳои муҳорибаҳои тан ба тан, бо яроқу корд ва дигар машқутамринҳоиҳарбиву варзишӣ намоиш дода шуд.
Ба хотири хизмати Ватан-Модарро сарбаландона адо кардану сиҳату саломат ба хона баргаштан бо иштироки модарон ва аскарон маросими “нонгазон” доир гардид.
Барномаи ҳунарии санъаткорони Қасри фарҳанги шаҳр идомабахши чорабинии тантанаи гусели наваскарон буд.

Таҳияи Ибодулло ТОҲИРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: