Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАНТАНАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ХАТЛОН

ТАНТАНАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ХАТЛОН

6-04-2023, 12:00
Хабарро хонданд: 583 нафар
Назарҳо: 1
ТАНТАНАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ХАТЛОН
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ барпо гардид. Садҳо нафар ҷавонони матину шуҷоъ аз ҳамаи 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо руҳияи баланду ифтихори ватандорӣ саф ороста, ба маҳалли баргузории чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» ҳозир шуданд.
Қабл аз ҳамоиш дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими “нонгазон” сурат гирифта, модарон ба фарзандони наваскари худ дуои нек доданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси Ватан барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар–Ватан баҳам омаданд ва баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат бастаанд.
Раиси вилоят аз масъулиятшиносӣ ва ташаббуси ватанпарастона, ҳувияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии онҳо ситоиш карда, ба волидайнашон миннатдории хешро баён намуд.
Қайд гардид, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон дар симои сарбозони ҷасури Ватан ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар барои рушду ободии он дар ҷабҳаҳои гуногун софдилона меҳнат карда истодаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон иброз доштанд: “Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд”.
- Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоянд, ки “зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст”, - таъкид намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Ишора шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимеро ба анҷом мерасонад. Раиси вилоят зикр намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо зиёда 1000 нафар даъватшавандагон ҳар сол ба курсҳои ронандагӣ ва ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегардиданд. Тайи ду соли охир бошад, шумораи ҷавонони синни даъватӣ, ки ба курсҳои ронандагӣ ҷалб мешаванд, ба 1500 нафар расидааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини ноҳияҳое, ки нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзҳои аввал ба анҷом расонидаанд, изҳори сипос намуд.
Дар баробари ин, бо истинод ба таҳлилҳои анҷомёфта қайд кард, ки дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз беэътиноии волидайн, ба таври зарурӣ корбарӣ накардани масъулини соҳа, мувофиқи матлаб баргузор накардани чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон иҷрои нақшаи маъракаи даъват кашол ёфта буд. Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки корҳои оммафаҳмонӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва варзиширо дар байни аҳолӣ бо ҷалби масъулини соҳаҳои дахлдор ҷоннок намуда, сари вақт иҷрои нақшаи пешбинишударо таъмин намоянд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид изҳори итминон намуд, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси вилояти Хатлон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми Меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
Дар идомаи ҳамоиш сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимияти хоса нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми шароит баҳри хизмати ҳамаҷонибаи сарбозон ва афсарон дар қисмҳои низомӣ фароҳам оварда шудааст ва бояд ҳар ҷавони ватандӯст баҳри иҷрои саривақтии қарзи шаҳрвандии хеш бечунучаро ба Артиш ҳозир гардад.
Дар интиҳо ба ҳазор нафар даъватшавандаҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдрас мешавем, ки дар даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақши муассир доранд.
Масъулини кумиҷроияҳои ҲХДТ вобаста ба ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайваста миёни ҷавонони синни даъватӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотиро ба роҳ монда, дар арафаи иду ҷашнҳо бо дастовезҳои идона аз қисмҳои низомӣ дидан намуда, бо шароити буду боши хизматчиён аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Buck 29 февраля 2024 09:28
atlauta dymista manufacturer coupon 2018 onskelig azelastine hcl (ophthalmic) drops 0.05 - azelastine hydrochloride nasal spray side effects how long does
it take for azelastine to start working
jacobsenog is dymista
an antihisimine
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: