Тоҷикистон ҳамкориро бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) тақвият мебахшад15-02-2024, 15:22
Хабарро хонданд: 408 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи Конфронси 14-уми тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда дар шаҳри Тошканд мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) хонум Гретел Агилар баргузор гардид. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаст.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифз ва нигоҳдории набототу ҳайвоноти нодир, нигоҳдорӣ ва назорати мамнуъгоҳҳо, дастрасӣ ба захираҳои илмӣ ва ҷалби мутахассисони ин Иттиҳод ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд. Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, соли 1948 таъсис ёфтааст. Он мушкилоти ҳифзи гуногунии биологии сайёраро инъикос менамояд, маълумот дар бораи вазъи табиати давлатҳои гуногун, рӯйхати намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро барои ҳифз пешниҳод менамояд. Инчунин он дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми нозирӣ дошта, дар татбиқи якчанд конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати табиат ва гуногунии биологӣ мавқеи хосса дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.