Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав нашр мешавад

Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав нашр мешавад

12-10-2023, 10:57
Хабарро хонданд: 127 нафар
Назарҳо: 0
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав нашр мешавад
Ба нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд, ворид мешаванд. Баъзе намудҳои набототу ҳайвонот вобаста ба вазъи кунуниашон аз Китоби сурхи Тоҷикистон хориҷ мегарданд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳия ва нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидааст.
Тибки иттилоъ дар ҳамоиш беш аз 40 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва аз Русияю Қазоқистон иштирок намуданд.
Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов доир ба Китоби сурх ва моҳияти он барои ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти набототу ҳайвонот ва дар маҷмуъ захираҳои табиии мамлакат сухан гуфт.
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулқодир Мавлодод изҳор дошт, ки “Китоби сурх ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини ҳифзу нигоҳдорӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳифзу афзоиш ва истифодаи оқилонаи набототу ҳайвонот ва гуногунии биологӣ нигаронида шудааст. Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ҷамъбасти тамоми маълумоти мавҷуда доир ба ҳаёт, паҳншавӣ, вазъи гурӯҳ, тағйири миқдори ҳайвонот ва набототи нодиру камшумор, муайян намудани вазифаҳои амиқи минбаъдаи тадқиқу дарёфти роҳҳои асосии муҳофизат ва таҷдиди онҳо ҷамъ оварда мешавад”.
Дар ҳамоиш гурӯҳҳои корӣ доир ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва экспедитсионии дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида, ки ба омӯзиш ва муайянкунии ҳолати кунунии набототу ҳайвонот нигаронида шудаанд, маълумот пешкаш намуданд.

Саида ХОҶАЕВА

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: