Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гуногунрангии биологӣ, мушкилот ва нигоҳдорӣ

Гуногунрангии биологӣ, мушкилот ва нигоҳдорӣ

10-02-2020, 16:22
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
Гуногунрангии биологӣ,  мушкилот ва нигоҳдорӣ

Имрӯз яке аз проблемаҳои асосӣ, бад шудани ҳолати экологии сайёра ва харобшавии муҳити зист, фарсудашавии захираҳои табии мебошад, ки ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад.
Бо ҳамин мақсад дар толори «Суруш Медия» барои боз ҳам маълумоти бештар дарёфтани хабарнигорон оид ба муҳити зист, гуногунии биологӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҳайвоноти нодир ба монанди озодапаланг, морхӯр, марко поло ва ѓайра семинар таҳти унвони «Нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳамчун кафолати рушди устувори туризм дар заминаи ҷомеаи маҳаллӣ» дар доираи лоиҳаи «Ташакули маърифати ҷамъиятӣ дар бораи аҳмияти нигоҳ доштани бабри барфӣ ё худ озодапаланг ва мавқеи он дар сатҳи милли тавассути васоити ахбори омма» чорабинии иттилоотию оммавӣ баргузор гардид.
Дар бахши мавзӯи «Нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳамчун кафолати рушди устувори туризм дар заминаи ҷомеаи маҳаллӣ» Фоттеҳ Назиршоев маълумот дода, доир ба мафҳуми индустрияи туризм, соҳаи туризми Тоҷикистон, иқдтидори сайёҳии Тоҷикистон барои рушди туризми экологӣ, ҳамчун самаранокии истифодабарии табиат ва дигар мавзӯъҳои амсон ибрози назар кард. Дар ҳолати басо гуногуннамудии шароити табии Тоҷикистон дар раванди эволютсионӣ, миқдори фаровони гуногуннамудии наботот ва ҳайвонот, сарватҳои қимматноки гинетикӣ, намудҳои нодир ва камёфти олами наботоу ҳайвонот, кадоме, ки дар вақти ҳозира дар системаҳои экологии табиӣ ва қисмати онҳо дар агросистемаҳо ҳифз карда мешаванд, инкишоф ёфтааст.
Туризм шуѓлест, ки усулҳои ташкили истироҳатро тавассути солимгардонӣ, шиносоӣ, динӣ, тиҷоратӣ, варзииш ва дигар ҳадафҳои воситаи сайёҳат ва иқомати муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимиро дар бар мегирад. Дар давоми 60 соли охир саноати туризм рушд ва густариш ёфтааст, ки имрӯз сайёҳӣ яке аз бахшҳои зудафзояндаи иктисоди ҷаҳонӣ ва ҳамчун соҳаи сеюми даромаднокии он ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон низ дорои мероси ѓании таърихиву фарҳангӣ, сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво манзараҳои табиат, пиряхҳои азим, кулҳо чашмаҳо, ҳайвоноту наботот урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Мавзӯъи дигаре, ки барои огоҳии бештари хабарнигорон дар саминар мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт «Нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон» буд, ки аз тарафи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов муаррифӣ шуд. ӯ дар бораи чӣ тавр муҳити зисти худро ҳифз кардан сӯҳбат кард.
Муҳити зисти мо ин замине, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, ҳавое, ки нафас мекашем ва обе, ки барои ошомидан, обёри замини кишт ва парвариши моҳӣ аз он истифода мекунем. Саломатии мо ба муҳити зист вобастагии зич дорад ва ифлос шудани он метавонад боиси марги инсонҳо гардад.
Ҳамчунин муносибати хуб кардан бо олами набототу ҳайвоноти гирду атроф, низ дар мавзӯи баррасишуда боиси таваҷҷуҳи ҳамагон гардида буд. Аз ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон озодапаланг, паланги туронӣ, кафтор, сагобӣ, ҷайраи ҳиндӣ ва ѓайраҳо маҳсуб меёфтанд, ки доир ба ҳар яки онҳо маълумоти мухтасар оварда шуд. Дар байни олами зиндаи гирду атрофии мо, инчунин, наботот ҳам ҷой доранд, ки хунукназарӣ нисбати онҳо метавонад, боиси нестшавиашон дар кишвар гардад. Дар байни набототи нодири кишвар ҷавак, амонкора, лолаи гулобӣ, лолаи ҷангалӣ, мармак, сичбаҳор, чурѓотак ва ѓайра номбар шуданд, ки зарурат ба ҳифз ва нигоҳорӣ пайдо кардаанд.
Семинари мазкур бо суолу ҷавоби хабарнигорон ва баҳсу мубодилаи афкор ба анҷом расид. Минбаъд хабарнигоронро зарур меояд, ки ба ҷӯз дигар масъалаҳои рӯзмарраи кишвар ба масъалаи ҳифзи муҳити зист низ бетавофут набуда, онро ҳар чӣ бештар ба саҳми аҳолии кишвар расонанд.
Г. МАДИМАР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: