Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рақс маломати касб, камбуди фарҳанг ё таҳқири зан

Рақс маломати касб, камбуди фарҳанг ё таҳқири зан

8-01-2024, 15:16
Хабарро хонданд: 1751 нафар
Назарҳо: 0
Рақс маломати касб, камбуди фарҳанг ё  таҳқири зан
Рақс яке аз бахшҳои ҳунарҳои намоишӣ ба шумор меравад, ки аз маҷмуи ҳадафманди ҳаракати инсон дар садо кардани оҳангҳои гуногуни мусиқӣ ташкил меёбад. Ин ҳаракатҳо арзиш ва маънои рамзиву зебоишиносӣ доранд, ки ба василаи ҳунармандон ва намоишкорон ба унвони падидае ба номи “рақс” дар як фарҳанги хос шинохта шудааст. Калимаи “рақс”-ро ҳамчунин барои нишон додани ҷунбишҳои мавзуни ҷондорон ва ашёҳо, ба монанди рақси баргҳо, рақси ҷонварон, рақси бод ва ғайра низ истифода мекунанд.
Рақс вожаи арабӣ буда, реша дар забони тоҷикӣ-форсӣ дорад. “Васт” ё “фарҳа” вожаи форсӣ-тоҷикии он аст. Дар забони паҳлавӣ ба он “пои вожик” ва дар тоҷикӣ “пои бозӣ” ном мондаанд. Рақс, бар хилофи баъзе аз фаъолиятҳои инсонӣ, аз оғози пайдоиш ба монанди сохтани афзолҳои сангӣ, шикор, наққошӣ дар ғорҳо ва дигар маконҳо ҳеҷ навъи ҷисми физикӣ азхуд боқӣ намегузорад, бинобар ин, дар бораи замони вуруди рақс ба фарҳанги башарият ва пайдоиши дақиқи он дастрас кардани маълумот хеле душвор аст. Бо вуҷуди ин, рақс ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими маросиму ҷашнҳо, саргармиҳо ва умдатарин фарҳанги башар будааст. Бостоншиносон нишонаи мавҷудияти рақсро дар давраҳои ҳазорсолаи пеш аз мелод, аз ҷумла дар нақшҳои мақбараҳои мисрӣ ва нақшҳои маъбадхонаҳои ҳиндӣ нишон медиҳанд. Яке аз муҳимтарин корбурдҳои созмонёфтаи рақс дар бозгӯии намоиши достонҳои асотирӣ будааст. Дарвоқеъ, қабл аз муаррифии забонҳои навишторӣ рақс яке аз равишҳои аслии интиқоли ин достонҳо аз насл ба насли дигар буд. Рақс як намуди обутоби ҷисми инсон ва барқароркунандаи саломатии ӯ низ маҳсуб меёбад. Зоҳиран мардум ҳама гуна суруду мусиқӣ ва базмро дӯст медоранду кӯшиш мекунанд дар ҷашнҳои маҳалливу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд.
Рақс низ ба як ҷузъе аз фарҳанги ғайрмоддии тоҷикон дохил шуда, пажӯҳишгарон намудҳои гуногуни онро аз тамоми гӯшаву канори мамлакат омӯхта ва номнавис низ кардаанд. Дар аввал рақсу бозие, ки дар тӯю маъракаҳо иҷро мегардид, хусусияти хоси худро дошт ва дар шароити гуногуни мутобиқ ба мавқеъ ва муносиб ба баргузории ҳар як маросим иҷро карда мешуд. Масалан, рақсҳои мардумии тоҷик бо номҳои мухталиф, чун “Аспакбозӣ”, “Бобопирак” “Бозии калон”, “Рақс бо остин”, “Зангбозӣ”, “Мавригӣ”, “Муноҷот”, “Пойамал” ва ғайра ба таври фаъол ва нимфаъол дар саросари ҷумҳурӣ паҳн шудаанд, ки аз тарафи як гурӯҳ ё як нафар зан ё мард иҷро карда мешаванд. Ин намуди рақсҳо дар байни худи халқ ба вуҷуд омадаанд. Дидани чунин саҳнаҳои рақсӣ шахсро ба ваҷд меоварду боиси руҳбаландӣ ва табъи болидаи иштирокчиёни маъракаҳо гардида, инчунин хусусияти тарбиявӣ низ доранд ва ё баръакс, иҷрои иддае аз чунин рақсҳо ишора ба мусибати як хонавода мекард ва дар баробари он мардумро ба ғамшарикии онҳо ташвиқ менамуд. Аз ин бармеояд, ки рақс низ мавқеи хосеро дар таҷассум намудани паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардум дорад, ки мутаассифона, имрӯз аз ин унсури зебои фарҳанги мо як назири тамасхур ва ҳатто даҳшатангезе низ тартиб додаанд. Бахусус, иҷрокунандаи он, яъне раққоса гӯё “ҳунари аз ҳама пасттарин”-ро соҳиб бошад, ки ҳама ба ӯ бо чашми носазо менигаранд.
Тарғиби либоси миллӣ ё баръакси он

Албатта, рақс кардан ва раққоса будан ҳам ҳунари зебост, ҳатто боиси даромади молии соҳибистеъдодҳо мегардад. Зиёда аз ин, он як рукни ҷудонашавандаи фарҳанги ин ё он миллат мебошад. Тавассути ин ҳунар дигар ҷузъҳои фарҳанги миллӣ низ муаррифӣ мешаванд, хосатан либоси миллӣ. Раққосаҳои касбӣ бо пӯшидани тоқиву куртаҳое, ба монанди чакан, атлас, алоча, қаламӣ ва ғайра дар дохил ва хориҷ аз кишвар онҳоро ба намоиш мегузоранд ва бо ҳаракатҳои гуногун (ба монанди “рақси остин”) муҳимияти онҳоро дар фарҳанги мардуми тоҷик нишон медиҳанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ раққосаҳои тӯю маъракаҳои мардум рақсро на танҳо бо ҳаракатҳои номаълум дар сатҳи паст нишон медиҳанд, балки бо бар кардани либоси миллӣ, ки дар шакли ғайрианъанавӣ ва дур аз арзишҳои фарҳангии кишвар дӯхта шудаанд, низ олудаи таҳқир кардаанд. Имкон дорад, ки чунин раққосаҳо ба ҷойи матоъҳое, ки ҳеҷ гуна аломатҳои хоси миллӣ, бо истифода аз чакану атлас либос омода кунанд. Бо дидани раққосае, ки чакани танг ва баъзан нимурён дар бар тӯю маъракаҳо бо ҳаракатҳои нодуруст ва дур аз ахлоқ дар байни мардум худро ба ҳар тараф мезанад, ифтизоҳ аст. Ҳол он ки чакани тоҷикӣ чанде пеш бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва заҳмату талоши пажӯҳишгарон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардида буд. Пас, чаро то ҳанӯз дар дохили кишвар масъулин ба ин арзиши бостонии фарҳангӣ арҷ нагузошта, нисбат ба таҳқир шудани он бетафовут ҳастанд?

Раққосаҳои тӯй ё чеҳрасозии хашин аз рақс

Бояд гуфт, ки имрӯз воқеан ҳам, аз раққоса як чеҳраи зишт сохтаанд. Ҳақиқати ҳол он аст, ки бархе аз раққосаҳо ҳатто одитарин ҳаракати рақсро иҷро карда наметавонанд. Ин падида боиси он гашта истодааст, ки нозукиҳои рақси тоҷикӣ коста гардида, раққосаҳо дар тӯю маъракаҳо бо ҳаракатҳои ноҷо ва тақлидкоронаашон рахна ба санъати рақс зада, шаъну эътибори раққосаҳои касбиро паст мезананд. Гузашта аз ин, худи раққосаҳои тӯй чун як чеҳраи фаҳш муаррифӣ мешаванд.
Воқеият ин аст, ки ҳар боре ки ба маъракаҳои хурсандии дӯстонам даъват мешавам, дидани ин манзара маро нороҳату ғамгин мекунад. Ростӣ, барои банда ҳайратангез он аст, ки чаро нисбат ба раққосаҳо аз ҷониби ширкаткунандагони тӯй, махсусан мардҳо рафтори ношоиста зоҳир карда мешавад? Магар раққоса ба хотири хурсандӣ ва болида гаштани табъи мардум дар маърака ҳунарнамоӣ намекунад? Оё иҷрои рақс маънои даст задан ба амали ношоистаро дорад?
Решаи чунин рафтори зишт нисбат ба шахсияту ҳунари раққосаҳо дар бештаре аз манотиқи кишвар аз кадом бовар ва ё фарҳанг об мехӯрад, ноаён аст.
Ба чанд нафар аз ширкаткунандагони маъракаи тӯй бо суоли “Чаро раққосаро ҳар касе хоҳад, мисли сачоқи дастпоккунӣ ба сӯйи худаш мекашад?» муроҷиат карда будам, ки чунин посухро шунидам :- “Охир ӯ раққоса аст ку…”.
Ҳангоме ки раққоса дар давра ба рақсидан даромад, тӯдаи наврасону ҷавонон ва ҳатто мардҳои калонсол низ ба ӯ дарафтоданд ва мисли як лӯхтаке, ки аслан соҳибаш маълум нест, ҳар кадомаш ӯро ҷониби худ мекашид. Яке ӯро болои китф мебарораду дигаре бардошта дар замин мезанад. Сеюмӣ аз гарданаш кашол мешаваду чорумӣ аз миёнаш медорад ва дигарӣ бе иҷозат аз рухсораҳояш бӯса мекунаду.... Ин манзара галаи гургонеро ба хотир меорад, ки ба гӯсфанди фарбеҳи сергӯшт ҳуҷум мекунанд, аммо фарқияташ танҳо дар он аст, ки инҳо инсон ҳастанду ҷони «сайдашонро» ба ӯ мебахшиданд. Баъзан одам дар ҳайрат меафтад, ки чаро чунин рафтор нисбат ба як раққоса, он ҳам як ҷинси латиф содир мешавад? Мардони мо дар ҳама ҷо лоф аз он мезананд, ки онҳо нисбат ба Зан-Модар эҳтироми хос доранду дар ин ҷода пайрави гуфтаҳои Пайғамбари Ислом ҳастанд. Аммо, гоҳе рафторҳое аз тарафи онҳо сар мезанад, ки бовар карданаш ғайриимкон мебошад. Шояд иддае ба ақидаи он, ки «як раққоса будааст», ба раққоса таарруз кунанд, аммо бояд пеш аз ин амалашон андеша кунанд, ки агар ин нафар хоҳарашон, модарашон ва ё занашон мебуд, чӣ мешуд? Магар раққосае, ки ба хотири қути лоямут ва рӯзгузарониаш давраи маъракаҳоро гарм мекунад, фарзанд, хоҳар, модар ва ё шояд зани каси дигар нест? Албатта, ки ҳаст! Фикр намекунам як нафар зан ба хотири худнамоишдиҳӣ ва аз сари булҳавасӣ биёяду дар байни чунин даврае, ки ҳама ба ӯ ба чашми таҳқир нигоҳ доранду ноадолатона ғуруру номусаш зери по мешавад, рақс кунад.
Бояд гуфт, ки чунин рафтор нисбат ба рақкосаҳо танҳо таҳқири ӯ нест, балки аз фарҳанг орӣ будани чунин нафаронро бозгӯ аст. Дар баробари ин, раққосаҳо низ дар чунин мавридҳо комилан беайб нестанд, зеро рақсе, ки онҳо дар тӯйю маъракаҳо ба анҷом мерасонанд, аслан ба фарҳанги рақси тоҷикӣ наздикӣ надораду боиси он мегардад, ки нисбаташон дигарон бо чашми носазо назар андозанд. Чун, хоҳем- нахоҳем, ҳанӯз ҷомеаи мо суннатӣ ҳасту вақти зиёде даркор аст, ки аз ин чаҳорчӯбаи карахтшуда барояд.
Рақс касбият мехоҳад

Вале ин маънои онро надорад, ки рақс амали ношоиста аст. Рақси суннатӣ ва миллии мо волотарин рақс дар ҷаҳон аст, ки ҳаракатҳои махсус иҷро карда мешаваду фалсафа ва маъонии хосеро дорост. Ва раққоса касе ҳаст, ки бо ҳаракатҳояш тавонад бинандаро ба дунёи ҷолиб ва зебои рақс фурӯ кашонад.
Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки мардуми мо ҳанӯз аз чӣ будани рақс ва қудрати он ба пуррагӣ хабар надоранд. Рақс танҳо дар беҳуда пойкӯбӣ ва сарафшонӣ дар навои тӯйю маъракаҳо, ки иҷрои онро як нафар раққосае, ки шояд ҳатто маълумоти умумро низ дар бораи ин касби зебо надошта бошад, ба уҳда дорад, нест. Бадбахтона, он воқеияту ҳақиқати инъикоси ормон ва боварҳои таърихие, ки дар рақси аслии мардум нуҳуфта шудаву ниёз ба таҳқиқ ва баррасӣ дорад, аз байн рафта истодааст. Бинобар ин, мушкил дар он аст, ки чунин саҳнаҳои дарднок, ки дар гӯшаву канори кишвар дида мешавад, бояд каму беш аз тарафи кормандон ва масъулони фарҳанг назорат карда шавад. Наход,дар як маъракаи калон, хоҳ тӯй бошад, хоҳ ягон ҷамъомади базму сурур, ки одамони зиёде иштирок мекунанд, давраи рақсу бозиро ба бузкашӣ табдил диҳанду раққосаро таҳқир ва беобрӯ кунанд? Дар баргузории тӯю маъракаҳо бояд раққосае бурда шавад, ки аз нозукиҳои рақси миллӣ ва анвои рақси мардумӣ бархӯрдор бошад. Ҳунари рақсро бояд бофарҳангона ва тавре ба ҳамагон пешкаш кард, ки он давраро водор ба чӣ будани мафҳуми ҳаракатҳои рақсӣ созад. Насли имрӯза бояд ба суннатҳои рақси миллӣ ва мардумӣ арҷ гузоранд, на ба чашми таҳқиру залилӣ ҷониби раққоса нигоҳ кунанд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: