Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон пӯшидани либоси миллӣ ҳатмӣ шуд

Дар Тоҷикистон пӯшидани либоси миллӣ ҳатмӣ шуд

24-08-2017, 10:49
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии худ рӯзи 23 август ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шудааст.
Боби 4, прим. 1, моддаи 14-и ин қонун, ки «Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи МН оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи иҷтимоӣ дар шарҳи танзими либоси шаҳрвандон дар қонун гуфт, ки дар ин қонун ҷазо барои нақзи ин ӯҳдадорӣ пешниҳод нашудааст. Дар ояндаи наздик, ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ҳукумати Тоҷикистон «як низомнома таҳия ва меъёрҳои мушаххасро муайян кунад». Ҳилолбӣ Қурбонзода ворид кардани меъёри либоси миллӣ дар қонуни танзимро як амри зарурӣ хонд ва гуфт, ки бояд ҳама аъзои ҷомеаи Тоҷикистон зидди пӯшидани либоси барои фарҳанги миллӣ бегона иқдом кунанд.
Дар овоздиҳии ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, ки бо пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар шарту шароити баргузории бархе маросимҳои суннатӣ ва буҷаи ин маъракаҳо таҳрир ворид шуд. Аз ҷумла, вакилон розӣ шуданд, ки забҳи чорвои калон ва додани таъом дар маъракаи азодории "ҳафту чилу сол" манъ манъ шавад ва маросимҳои хатнасури кӯдакон бе овозхонҳову ҳунармандон баргузор шавад. Маъракаи «ҳоҷизиёрат», ки баъди аз маконҳои муқаддас баргаштани зоирон барпо мешуд, ҳамчунин манъ мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: