Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рақс маломати касб, камбудии фарҳанг ё таҳқири зан.

Рақс маломати касб, камбудии фарҳанг ё таҳқири зан.

20-12-2017, 16:35
Хабарро хонданд: 329 нафар
Назарҳо: 0
Рақс маломати касб, камбудии фарҳанг ё  таҳқири зан.

Рақс яке аз бахшҳои ҳунарҳои намоишӣ ба шумор меравад, ки аз маҷмӯи ҳадафманди ҳаракати инсон дар садо кардани оҳангҳои гуногуни мусикӣ ташкил меёбад. Ин ҳаракатҳо арзиш ва маънои рамзиву зебоишиносӣ доранд, ки ба василаи ҳунармандон ва намоишкорон ба унвони падидае ба номи «рақс» дар як фарҳанги хос шинохта шудааст. Калимаи рақсро ҳамчунин барои нишон додани ҷунбишҳои мавзуниҷондорон ва ашёҳо ба монанди рақси баргҳо, рақси ҷонварон, рақси бод ва ғайра низ истифода мекунанд.

Аммо рақс худ вожаи арабӣбуда, реша дар забони тоҷикӣ- форсӣ дорад. «Васт» ё «фарҳа» вожаи форсӣ-тоҷикии он аст. Дар забони паҳлавӣ ба он «пои вожик» ва дар тоҷикӣ «пои бозӣ» ном мондаанд. Рақс бар хилофи баъзе аз фаъолиятҳои инсонӣ аз оғози пайдоиш, ба монанди сохтани афзолҳои сангӣ, шикор, наққошӣ дар ғорҳо ва ғайраҳо, ҳеҷнавъи ҷисми физикӣ аз худ боқӣ намегузорад, бинобар ин дар бораи замони вуруди рақс ба фарҳанги башарият ва пайдоиши дақиқи он дастрас кардани маълумот хеле душвор аст. Бо вуҷуди ин рақс ҳамчун яке азбахшҳои муҳими маросимҳо, ҷашнҳо, саргармиҳо ва умдатарин фарҳанг башар будааст. Бостоншиносон нишонаи мавҷудияти рақсро дар давраҳои 1000- солаи пеш аз милод, аз ҷумла дар нақшҳои мақбараҳои мисрӣ ва нақшҳои маъбадхонаҳои ҳиндӣ нишон медиҳанд. Яке аз муҳимтарин корбурдҳои созмонёфтаи рақс дар бозгӯии намоиши достонҳои асотирӣ будааст. Дар воқеъ қабл аз муаррифии забонҳои навишторӣ, рақс яке аз равишҳои аслии интиқоли ин достонҳо аз насл ба насли дигар буд. Рақс як намуди обутоби ҷисми инсон вабарқароркунандаи саломатии ӯ низ маҳсуб мешавад.

Зоҳиран мардум ҳама гуна суруду мусиқӣ ва базмро дӯст медоранду кӯшиш мекунанд дар ҷашнҳои маҳалливу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунанд.

Рақс низ ба як ҷузъе аз фарҳанги ғайрмоддии тоҷикон дохил шуда, пажӯҳишгарони анвоъи гуногуни онро аз тамоми гӯшаву канори кишвар омӯхта ва номнавис низ кардаанд. Дар аввал рақсу бозие, ки дар тӯйю маъракаҳо иҷро мегардид, хусусияти хоси худро дошт ва дар шароити гуногуни мутобиқ ба мавқеъ ва муносиб ба баргузории ҳар як маросим иҷро карда мешуд. Масалан, рақсҳои мардумии тоҷик бо номҳои мухталифе чун «Аспакбозӣ», «Бобопирак» «Бозии калон» , «Зангбозӣ», «Мавригӣ», «Муноҷот», «Пойамал» ва ғайраҳо ба таври фаъол ва ним фаъол дар саросари ҷумҳурӣ паҳн шудаанд, ки аз тарафи як гурӯҳ ё нафар зан ё мард иҷро карда мешаванд. Ин намуди рақсҳо дар байнихуди халқ ба вуҷуд омадаанд. Дидани чунин саҳнаҳои рақсӣ шахсро ба ваҷд меоварду боиси рӯҳбаландӣ ва табъи болидаи иштирокчиёни маъракаҳо гардида, инчунин характери тарбиявӣ низ доранд. Ва ё баръакс иҷрои иддае аз чунин рақсҳо ишора ба мусибати як хонавода мекард ва дар баробари он мардумро ба ғамшарикии онҳо ташвиқ менамуд. Аз ин бар меояд, ки рақс низ мавқеи хосеро дар таҷассум намудани паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти мардум дорад, ки мутаассифона имрӯз аз ин унсури зебои фарҳанги мо як назири тамасхур ва ҳатто даҳшатангезе низ тартиб додаанд. Ба хусус, иҷрокунандаи он, яъне раққоса гӯё ҳунари аз ҳама пасттаринро бар дӯш дошта бошад, ки ҳама ба онҳо бо чашми носазо нигоҳ мекунанд.

Раққосаҳои тӯй ё чеҳрасозии хашин аз рақс


Бояд гуфт, ки имрӯз ҳақиқатан ҳам аз раққоса ва рақс як чеҳраи зишт сохтаанд, ҳол онки бархе аз раққосаҳо ҳатто одитарин ҳаракати рақсро иҷро карда наметавонанд. Ин боиси он гашта истодааст, ки асоси нозуки рақси хоси тоҷикӣ коста гашта, раққосаҳо дар тӯйю маъракаҳо боҳаракатҳои нофаҳмо ва тақлидкоронаашон рахна ба фарҳанги рақс ва инчунин шаъну шарафи раққосаҳои касбӣ ворид созанд. Гузашта аз ин худи раққосаҳои тӯй, чун як чеҳраи фаҳш муаррифӣ шудаанд.

Ҳақиқати ҳол ин аст, чанд боре, ки ба тӯйи дӯстонам даъват шуда мерафтам, инманзара ва ё саҳнаи фаҷеъ маро муассир мекард. Ростӣ, барои банда аҷоиб буд, ки чаро нисбат ба раққосаҳо аз тарафи иштироккунандагони тӯй, махсусан мардҳо чунин рафтори ношоиста содир карда мешавад? Магар раққоса ба хотири болида гаштани табъи мардум дар он ҷо ҳунарнамоӣ накарда истодааст? Оё рақс кардан маънои иҷрои ягон амали ношоистаро дорад? Магар аз раққоса то қаҳба фарқ аз замин то осмон нест? Бо дидани ин лаҳзаҳо саволҳо ва андешаҳои фавқ бо гузашти рӯзҳои зиёд аз иштирок дар маърака низ майнаи маро банд мекард.
Решаи чунин рафтори зишт нисбати раққосаҳо дар бештаре аз манотиқи кишвар аз кадом бовар ва ё фарҳанг об мехӯрад ноаён аст. Шояд иддае онро ба эътиқоди динӣ марбут донанд, ки гӯё рақсу суруд дар он ҷоиз нест. Масъалан баъзе аз мусалмонманишҳо рақсу мусиқиро дар Ислом куфр мехонанду шоистаи қабул барои мусалмонон намеҳисобанд. Бехабар аз он, ки худи Қуръони карим бо санъати саҷъ (сухани оҳангдор ва қофиядор, дар наср овардани калимаҳои ҳамвазну ҳамқофия, ки ба гӯши шунаванда хушоҳанг аст ва онро ба ибораи дигар санъати оҳангдор низ мегӯянд) навишта шудааст, ки ривоят нест…

Ба чанд нафар аз иштирокчиёни тӯй бо суоли «Чаро раққосаро ҳар касе, ки хоҳад, мисли як латтаи дасттозакунӣ ба сӯи худаш мекашад?» муроҷиат карда будам, ки чунин посухрошунидам :- «Охир ӯ раққоса аст ку…». Тавба магар раққоса инсон нест!?
Ҳангоме ки раққоса ба давра ба рақсидан даромад, тӯдаи бачаҳои наврас, ҷавон ва ҳатто мардҳои калонсол низ ба ӯ дарафтоданд ва ранги як лӯхтаке, ки аслан соҳибаш маълум нест, ҳар кадамаш ӯро ба тарафи худ мекашид. Яке ӯро болои китф мебарораду дигаре бардошта дар замин мезанад. Сеюмӣ аз гарданаш кашол мешаваду чорумӣ аз миёнаш меқапад ва панҷуми бе иҷозат аз рухсораҳояш бӯса мекунаду ягон бадгавҳари дигар дар даруни либосҳояш даст андохта гӯё пул мемонд. Ин «пейзаж» галлаи гургонеро ба хотир меорад, ки ба гӯсфанди фарбеҳи сергӯшт ҳуҷум мекунанд, аммо фарқияташ танҳо дар он аст, ки инҳо инсон ҳастанду ҷони «сайдашонро» ба ӯ мебахшиданд. Баъзан одам дар ҳайрат меафтад, ки чаро чунин рафтор нисбат ба як раққоса, он ҳам як ҷинси латиф содир мешавад. Мардони мо дар ҳама ҷо лоф аз он мезананд, ки онҳо нисбати Зан-Модар эҳтироми хос доранду дар ин ҷода пайрави гуфтаҳои Пайғамбари Ислом ҳастанд. Аммо, гоҳе рафторҳое аз тарафи онҳо сар мезанад, ки бовар карданаш ғайриимкон мебошад. Шояд иддае ба ақидаи он, ки «як раққоса будаст» ба раққосазан таарруз кунанд, аммо бояд пеш аз ин амалашон андеша кунанд, ки агар ин нафар хоҳарашон, модарашон ва ё занашон мебуд, чӣ мешуд? Магар раққосае, ки ба хотири қути лоямут ва рӯзгузарониаш давраи маъракаҳоро гарм мекунад, фарзанд, хоҳар, модар ва ё шояд зани каси дигар нест? Албатта, ки ҳаст! Фикр намекунам як нафар зан ба хотири худнамоишдиҳӣ ва аз сари булҳавасӣ биёяду дар байни чунин даврае, ки ҳама ба ӯ ба чашми таҳқир нигоҳ дорандуноадолатона ғуруру номусаш зери по мешавад, рақс кунад.

Бояд гуфт, ки чунин рафтор нисбат ба рақкосаҳо танҳо таҳқири ӯ нест, балки аз фарҳанг орӣ будани чунин нафаронро бозгӯ аст. Дар баробари ин раққосаҳо низ дар чунин мавридҳо комилан беайб нестанд, зеро рақсе, ки онҳо дар тӯйю маъракаҳо ба анҷом мерасонанд, аслан ба фарҳанги рақси тоҷикӣ наздикӣ надораду боиси он мегардад, ки нисбаташон дигарон бо чашми носазо назар андозанд. Чун хоҳем нахоҳем ҳанӯз ҷомеаи мо суннатӣ ҳасту вақти зиёде даркор аст, ки аз ин чаҳорчӯбаи карахтшуда бароянд.

Рақс касбият мехоҳад

Вале ин маънои онро надорад, ки рақс амали ношоиста аст. Рақси суннатӣ ва миллии мо волотарин рақс дар ҷаҳон аст, ки ҳаракатҳои махсус иҷро карда мешаваду фалсафа ва маъонии хосеро дорост. Ва раққоса касе ҳаст, кибо ҳаракатҳояш тавонад бинандаро ба дунёи ҷолиб ва зебои рақс фурӯ кашонад.

Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки мардуми мо ҳанӯз аз чӣ будани рақс ва қудрати он ба пуррагӣ хабар надоранд. Рақс танҳо дар беҳуда пойкӯбӣ ва сарафшонӣ дар навои тӯйю маъракаҳо, ки иҷрои онро як нафар раққосае, ки шояд ҳатто маълумотиумумро низ дар бораи ин касби зебо надошта бошад, ба уҳда дорад, нест. Бадбахтона, он воқеияту ҳақиқати инъикоси ормон ва боварҳои таърихие, ки дар рақси аслии мардум нуҳуфта шудаву ниёз ба таҳқиқ ва баррасӣ дорад, аз байн рафта истодааст. Бинобар ин мушкил дар он аст, ки чунин саҳнаҳои дарднок, ки дар гӯшаву канори кишвар дида мешавад, бояд каму беш аз тарафи кормандон ва маъсулони фарҳанг назорат карда шавад. Наход,дар як маъракаи калон хоҳ тӯй бошад хоҳ ягон ҷамъомади базму сурур, ки одамони зиёде иштирок мекунанд, давраи рақсу бозиро ба бузкашӣ табдил диҳанду раққосаро таҳқир ва беобрӯ. Дар баргузории тӯйю маъракаҳо бояд раққосае бурда шавад, ки аз нозукиҳои рақси миллӣ ва анвоъи рақси мардумӣ бархӯрдор бошад. Ҳунари рақсро бояд бофарҳангона ва тавре ба ҳамагон пешкаш кард, ки он давраро водор ба чӣ будани мафҳуми ҳаракатҳои рақси водор созад. Насли имрӯза бояд ба суннатҳои рақси миллӣ ва мардумӣ арҷ гузоранд, на ба чашми таҳқиру залили тарафи раққоса нигоҳ кунанд.

Гулҳаёи Мадимар




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: