Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Зиндагие, ки аз муҳаббат холист, беранг аст..

Зиндагие, ки аз муҳаббат холист, беранг аст..

14-03-2016, 08:45
Хабарро хонданд: 532 нафар
Назарҳо: 0
Зиндагие, ки аз муҳаббат холист, беранг аст..
Аслан таҳти мафҳуми калимаи муҳаббат мо тамоми хислатҳои неки инсонро дар назар дошта метавонем. Баъзан одамон муҳаббатро байни ду шахс ё зиёда аз он ташреҳ медиҳанд, вале муҳаббат нисбат ба тамоми ашёи рӯи олам буда метавонад. Дар мавриди меҳр ва муҳаббат гуфтаҳо бисёранд. Шоирон дар борааш шеър эъҷод кардаанду нависандагон сухан суфтанд ва онро ба тасвир кашидаанд. Вале бо ҳамаи ин тавсифу таърифи калимаи муҳаббат, муҳтвои он рӯз то рӯз заиф мешавад. Мисли растание, ки дар об мегузоранду нахуст нумӯъ мекунад ва баъди чанд муддати дар он ҷо мондан,заиф шуда билохира хазон мешавад Меҳр ва муҳаббат низ ҳамин гуна аст. Дар ҷомеаи имрӯз муҳаббат нисбат ба ҳамдигар кам шудааст. Дар ин марид суоле ба миён меояд, ки чаро меҳру муҳаббат заиф мегардад?

Олимон муайян карданд, ки имрӯз инсонҳо ба муҳаббат сахт мӯҳтоҷанд, зеро бемориҳое мавҷуданд, ки аз нарасидани меҳру муҳаббат бештар авҷ мегиранд. Ба монанди бемориҳои дил, асаб, ҷоғар, қанд, фишорбаландӣ ва ғайра, ки дар ҳоли ҳозир нафарони зиёде мубталои онҳоянд. Мувофиқи таҳқиқоти олимони равоншинос шахсони аз эҳсоси муҳаббат дурмонда одатан дағал ва бераҳм мешаванд. Масалан, кӯдаконе, ки муҳаббати падару модарро надидаанд, зудранҷ ва инкишофи қалбашон заиф аст. Заноне, ки аз муҳаббати шавҳар баҳраманд нестанд, асабҳояшон хаста буда, ҷанҷолӣ мешаванд ва мардҳое, ки муҳаббати зан намерасад, хотирпарешон варӯҳан ҷисман заиф мегарданд. Албатта ин нишонаҳое буданд, ки зуд ба назар намоён мешаванд, вале бисёр норасоиҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки аз кофӣ набудани муҳаббат сар мезананд. Ҳамин тавр, бо чанд нафар шахсон доир ба сабаби заиф шудани муҳаббат суол кардем. Баъзеашон мушкилоти зиёди зиндагӣ ва ташвиши рӯзгорро сабаб меоварданд, баъзеи дигар замони имрӯзро гунаҳкор мекарданду бархеашон пешрафти босуръати технология ва информатсияро боис медонистанд. Шояд ҳар яки ин фикрҳо дар навбати худашон дуруст бошанд, вале фикр намекунам, ки ин омилҳо боиси аз байн бурдани эҳсоси инсоният гарданд. Муҳаббат ва самимият метавонад, ҳамаи инҳоро аз байн барад, вале дар акси ҳол он аз ҳақиқат дуртар аст. Пас мушкил дар куҷост? Мушкил дар худи одамон аст. На замон гунаҳкор на мушкилоти зиндагӣ ва на пешрафти бо суръати технология. Зеро ҳамаи инҳо дар дасти инсон ҳастанд, на инсон дар дасти онҳо. Чунон ки Мавлоно мефармояд: «Аз худ биталаб, ҳар он чӣ хоҳӣ, ки туӣ». Ҳамин тавр муҳаббатро низ бояд одамон дар худашон биҷӯянд.

Норасоии самимияту муҳаббат дар давлатҳои ғарб боиси ташвиш ва баҳсу мунозираи бисёриҳо гардидааст. Ин омилро яке аз бемориҳои хатарнок низ гӯем, иштибоҳ намекунем. Зеро он аллакай мардуми зиёдеро ба коми хеш фурӯ бурдаву мамлакатҳои гуногуни дунёро тасхир кардааст. Одамон аз бемеҳриву бераҳмӣ оворову саргардонанд.

Ҳанӯз аз давраҳои пеш шоирониу мутафаккирони гузаштаи тоҷику форс аз байн рафтани меҳру садоқатро пешгӯӣ карда буданд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ онро боиси ҳастии дунё мешуморад ва мегӯяд, ки «Ишқ асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ». Яъне тамоми мавҷудоти зинда муҳтоҷи муҳаббатанд. Баъдан Ҳофиз хабари заъф гаштани онро дар ғазали машҳураш: « Ин чӣ шӯрест …» ба тасреҳ оварда буд. Ҳамин тавр устод Мирзо Турсунзода аллакай аз ҷустуҷӯ кардани дӯстиву муҳаббат ҳарф зада, аз камбуди он дар шеъри: «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо …» дарак дод. Албатта, нуктаҳое, ки дар ин шеърҳо зикр гардидаанд, имрӯз ба таври куллӣ ҳувайдо гашта истодаанд. Гарчанде ки дар давлатҳои Ғарб аллакай ҷорӣ гардидаанд, вале Шарқ каму беш онро зоҳиран ҳам бошад, пешгирӣ дорад.

Мардуми тоҷиказ давраҳои пеш бо меҳрусадоқат буданд. Нишонаҳои муҳаббату самимияти онҳо ҳанӯз дар байни сокинони кӯҳистон ва умуман деҳот ба хубӣ айён аст. Самимияту муҳаббати онҳо хориҷиёнро, ки меҳмони хонадонашон мегарданд, ба тааҷҷуб меорад. Муносибати меҳромези байни оила, ҳамсоя, хешу табор дар байни тоҷикон боис мешавад, ки меҳмонони хориҷӣ орзуи зиндагӣ кардан дар ин муҳитро дошта бошанд. Арҷ гузоштани писар ба падар, эҳтироми духтар нисбат ба модар ва дӯстдории оила аз якдигар онҳоро ба ваҷд меорад. Зеро чунин садоқату самимиятро онҳо солҳои зиёде аст, ки аз даст додаанд. Иттифоқан, як этнографи хориҷӣ ин одатҳои тоҷиконро «Гавҳари камёб» гуфта буд. Ва илова кард, ки сулҳдӯстдор будани тоҷикон аз самимият ва муҳаббат доштани онҳонисбат ба ҳамдигар сарчашма мегирад,вале… Имрӯзҳо коста гардидан ва набудани муҳаббату самимият дар ҷомеаи мо низ ба назар мерасад. Нафарони зиёдеро во- хӯрдан мумкин аст, ки шикоят аз бемеҳрӣ доранд. Махсусан, дар байни ҷавондухтарон ин шикоят ба авҷи аъло расидааст. Онҳо гила аз он доранд, ки ҷавонписарони имрӯза зудранҷанду бо як иштибоҳи ночизе « Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре»- гуфта дасти онҳоро сар медиҳанд. Ёд дорам, ҳар боре, ки ба аёдати модаркалонам мерафтам, баъд аз раду бадал шудани чанд нуктаи ҳолпурсӣ, сухан аз муҳаббату садоқат шурӯъ мегардид. Он кас даврони «тиллоӣ» будани замони худашонро гаштаву баргашта таъкид мекарданду ҳамзамон рӯзгори имрӯзаро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд. Қиссаҳои давраи ҷавонияш поён надоштанд. Чунон бо шавқу ҳавас ҳарф мезавд, ки банда прототипи ӯ буданамро орзу мекардам. Вале прототипе, ки шояд лаҳзае ҳам образ офарида натавонад. Ҳатто муҳити гирду атроф ҳам намемонад, ки дар хаёл ва ҳавои муҳаббату садоқат бошам ва дақиқае ҳам бошад, дар дунё ва образи онҳо хешро тасаввур кунем. Лаҳзаи авҷи воқеаи модаркалонам дар мавриди муҳабати нисбати ӯ доштаи бобоям буд. Ӯ ин лаҳзаро бо ҳаячон қисса мекард
.
- Бобоят сахт ошиқам буд. Роҳе, ки бояд мактаб мерафтам аз пеши хонаи ӯ мегузашт. Ӯ ҳар саҳар роҳи маро поида меистод, то маро бубинад. Мо бо ҳам ягон ҳарфе намезадем, фақат аз нигоҳҳояш пай мебурдам, ки ӯ маро дӯст медорад. Гарчанде ки хостгорҳояш чанд маротиба ҷавоби рад гирифта бошанд ҳам, вале ӯ ҳамоно умедашро аз ман намеканд. Ва дар охир бо самимӣ буданаш тавонист дили волидайни маро ба даст ораду бо ман хонадор шавад. Вале имрӯз чӣ? Духтарҳо ҷойи бачаҳо ва бачаҳо ҷои духтарон гузаштагӣ барин- мегуфт модаркалонам…

Албатта, ин намуна танҳо аз муҳаббати ошиқу маъшуқ гуфта шуд. Вале муҳаббат паҳлӯҳои зиёди ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Пас агар дар байни насли наврас ва ҷавонон камбуду норасоии меҳру шафқат дида шавад,рӯзе мерасад, ки мо низ онро аз даст медиҳем ва ягон дилбастагие байни мардум боқӣ нахоҳад монд. Бинобар ин, ҳар як оилае, ки бунёд мешавад, бояд дар пояи ишқу муҳаббат ва самимият бошад. Падару модар вазифадоранд, ки ба фарзандонашон бо муҳаббат рафтор кунанд, то решаи он мустаҳкам гардад. Ҳар як падару модар бояд самимӣ будан, меҳру муҳаббат доштан, на фақат байни ҳам, балки ба ҷомеаи гирду атрофро ба фарзандони хеш биёмӯзанд. Зеро инсонҳо новобаста аз оне, ки дар кадом вазъият қарор доранд ҳамеша ба муҳаббатдоштани дигарон нисбати худашон муҳтоҷанд. Мувофиқи гуфтаҳои равоншиносон ҳар як шахс бояд дар як рӯз на кам аз 10 ҷумлаи самимона ва меҳромез шунавад ва ин боис мегардад, ки шахс тамоми рӯз болидахотир ва рӯҳбаланд бошад. Вале ин ҳама дар ҳолест, ки ҷомеаи имрӯз 10 то сухани муҳаббатомез як сӯ истад, бештарашон фақат ба таҳқиру кинояи ҳамдигар ба сар мебаранд. Кам ҳастанд нафароне, ки меҳрашонро нисбати дигарон изҳор карда тавонанд. Бинобар ин, бояд кӯшиш кард, то решаи муҳаббат мустаҳкам шавад ва ҷомеа тавонанд дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунанд. Ва ин ҳама ба нафъи ваҳдату ҳамдилӣ хоҳад буд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: