Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хотираҳо аз 29 соли фаъолияти ҲХДТ

Хотираҳо аз 29 соли фаъолияти ҲХДТ

27-12-2023, 14:22
Хабарро хонданд: 369 нафар
Назарҳо: 0
 Хотираҳо аз 29 соли фаъолияти ҲХДТ
Хотираҳо


Равандҳои таҳаввулотии охири асри ХХ, ки ба таври эволютсионӣ густариш ёфтанд, заминаи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро бо арзишҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба миён овард.
Дар ҷараёни хеле муташанниҷ ва пурпечутоб гаштани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ зарурияти ногузири таъсиси ҳизби сиёсие, кимасъулияти ифодагари ормону орзуҳои тамоми мардуми Тоҷикистон, инчунин, раҳнамоӣ кардан ба самти арзишҳои умумилливу умумибашарро ба худ мегирифт, тақозои замон буд.
Марҳилаи ҳалкунандаи таъсиси ҳизби сиёсии навтаъсис ин Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки таҳкурсии иттиҳоди миллату халқиятҳои кишварро ба таври қатъӣ муайян кард.Вале дар он замон таркиби андешаи таъсис ва мақсадҳои ҳизби сиёсии навро фаҳмонидан хеле мушкил буд.
Аъзои Кумитаи тадорукот, аҳли огоҳи ҷомеа аз уҳдаи ин кор баромаданд. Банда, ки он замон сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе будам, фаъолона дар байни аҳолии шаҳр, алалхусус кормандони тиб дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ корбарӣкарда будам. Ин масъулияти шаҳрвандии мо буд.
Ғояи таъсиси ҳизби нав ташаббуси бевоситаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва Раисии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ба уҳдаи он кас вогузор шуд.
Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Ҳизби Халқии Тоҷикистон то анҷумани III ҳизб) дар шароити фаъолияти яккаҳизбӣ (Ҳизби коммунистии Тоҷикистон) падидаи хеле муҳим барои ҷомеаи мо ва ишораи иродаи сиёсӣ барои ҷомеаи байналмилалӣ буд.
Аз рӯзҳои аввал ҳизби тозабунёд ҷиҳати ба ҳам овардани мардум, истиқрори сулҳ ва гузоштани пояи давлати навини тоҷиконнақши муассир бозид.
Дар доираи Созишномаи умумиибарқарории сулҳ ва созгории миллӣ, баъд аз тағийру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), соли 2000-ум интихобот ба Маҷлиси Олии дупалатагӣ эълон шуд.
Ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №18 -и Мастчоҳ бо тавсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) ва шаҳри Табошар (ҳоло Истиқлол) ман дар интихобот иштирок кардам.
Ин интихоботи аввалин ба парлумони касбӣ буд. Довталабон аз ҳавзаи мо 9 нафар ва ҳама шахсиятҳои маъруфу сазовор буданд.
Шиддати рақобат ниҳоят баланд буд. Омили ҳалкунандаи интихоб шудани ман ба ин мақом дастгирии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фаъолияти бисёрсолаи касбиам буд.
Тамоми аҳли ҷомеа дар ин интихобот фаъолона ва бо тарафдории номзади худ иштирок карданд.
Ҳарчанд ки банда боз ду маротиба вакили мардумӣ интихоб шудам, вале шиддати корбарӣ ва вохӯриҳои пур аз эҳсосоту муборизаҳои озоди интихоботи соли 2000 қиёснашаванда буд.
Сиёсати дуруст интихобкардаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имконияти бартарии номзадҳои ҳизбро дар интихобот таъмин кард. Заминаи қавии гуногунандешии сиёсӣ, бисёрҳизбӣ ва ошкорбаёнӣ дар ҷомеа аз рӯзҳои аввали фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузошта шуда, давра ба давра густариш ёфт ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро ба низоми сиёсӣ ва парлумони кишвар боло бурд.
Тибқи таҷрибаи андӯхтаи парлумонӣ, баъд аз оғози фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар палатаи поёнии парлумон Фраксияи ҳизбӣ таъсис дода шуд, ки аз 63 нафар вакил, 46 нафар аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд ва масъулияти раисии Фраксия ба уҳдаи яке аз фаъолони ҳизбӣ вакил ДавлаталӣДавлатов вогузор карда шуд.
Фраксия аз оғози кори парлумони касбӣ зери роҳбарии мавсуф кори пурсамарро ба роҳ монда, ҳамчун сохтори ҷамъиятии мақоми қонунгузор дар муҳлати кутоҳ мавқеи арзандаро соҳиб шуд. Пас аз ба вазифаи муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудани ДавлаталӣДавлатов як муддати кутоҳ роҳбари Фраксия вакил АбдуҷабборАзизӣ интихоб шуд. Аз моҳи феврали соли 2002 то моҳи январи соли 2011 роҳбарии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумон ба уҳдаи банда вогузор шуд.
Тибқи тартиби муқарраршуда, номзадии раиси Фраксияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирифт.
Барои ман, шахсе, ки таҷрибаи фаъолияти сиёсиву ҳизбӣ надоштам, то имрӯз муаммост, ки чаро Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин мақоми ҳизбии баланд номзадии маро пешниҳод карданд, ки боиси ифтихор ва масъулияти баланд буд. Аз рӯзҳои аввал ман корҳоеро, ки ДавлаталӣДавлатов ва Абдуҷаббор Азизӣ поя гузошта буданд, идома додам. Қобили зикр аст, ки рӯзҳои аввали роҳбарии Фраксия ва минбаъд мо дастгирии бевоситаи муовинони аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев, Амиршо Миралиев ва Сафар Сафаровро ҳаматарафа эҳсос мекардем.
Бо назардошти он, ки аксари вакилони мардумӣ аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буданд (48-51 нафар), мо масъулияти пешбурди сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк мекардем.
Самти фаъолияти Фраксия бисёрҷабҳа буд:
1.Фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими ғояҳои давлатдорӣ
Аз як тараф, аъзои Фраксиядар парлумон ташаббуси бештар гирифта, дар асоси таҳлили қонунҳои ҷорӣ, масъалаҳои муҳими ҷомеа ва пешниҳодҳои фардиву сохторӣ, таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои нав ва такмили муқаррароти қонунҳои амалкунандаро самаранок ба роҳ монданд. Инчунин, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо ҳатман дар марҳилаи пеш аз ба Шуро пешниҳод кардан дар ҷаласаи Фраксия сурат мегирифт, ки боиси муайян кардани мавқеи Фраксия дар ин ё он масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа мегашт.
Бояд таъкид кард, ки ҷараёни муҳокимаи лоиҳаҳо дар Фраксия ва кумитаҳо хеле пуршиддат, бо баҳсу андешаҳои асоснок мегузашт ва натиҷаи он ба меъёрҳои мутобиқ ба талаби рушди ҷомеа ва байналмилалӣ мерасид.
2.Густариши фаъолияти ҳизбӣ
Тибқи нақша давра ба давра ҷаласаҳои Фраксия доир карда мешуданд, ки дар онҳо самтҳои фаъолияти ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, ба ҳар як узви Фраксия пешрафти фаъолият ва камбудиҳои фардӣ таъкид мешуд.
Гурӯҳи фаъоли вакилон, аъзои Фраксия дар давраҳои гуногун (Ш.Салимов, М.Раҳимов, М.Хидирова, С.Шарипов) дар вохӯриҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ҳизбҳои сисӣ, форумҳои сиёсии ватаниву байналмилалӣҷиҳати ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, арзишҳои демократӣ бо таҳлилу далелҳои муътамад иштирок ва баҳсу баромад мекарданд. Алалхусус, ин масъала, яъне баҳсҳо бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишвар, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ғайра дар давраи фаъолияти солҳои 2000-2005 хеле ҳассос буд.
Маҳз мавқеи конструктивии вакилон дар ин гуна баҳсҳои сиёсӣ яке аз омилҳои боло бурдани эътибори парлумони мамлакат гашта, ба таҳкими гуногунандешии сиёсӣ мусоидат мекард.
3.Фаъолияти намояндагӣ
Тибқи дастур ва тартиби маъмулӣ, аъзои Фраксияҳам аз ҳавзаҳои якмандата ва ҳам аз рӯйхати ҳизбӣ мунтазам бо интихобкунандагон дар ҷойҳо вохӯриҳо мегузарониданд.
Аз як тараф, сиёсати иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бо баҳогузории раванди рушд муҳокима шавад, ҷониби дигар, таклифу пешниҳодҳои мардум аз тарафи вакилон ба назар гирифта мешуданд ва ҷиҳати баррасии онҳо, натиҷаи вохӯриҳо ва масъалаҳои ҳалталаб ба мақомоти дахлдор пешниҳод мешуданд.
Ҳамзамон, дар дафтарҳои корӣ вакилон муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии мардумро баррасӣ ва ҷиҳати ҳалли онҳо кӯшиш мекарданд. Дар ин ҷода мушкилоти асосии вакилон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои аз тарафи интихобшудагон пешниҳодшуда, ин мавҷуд набудани салоҳияти назоратии парлумон мебошад, ки ҳалли худро дар оянда эҳтимол пайдо хоҳад кард.
4.Робитаҳои байналмилалӣ
Барои муаррифии дастовардҳои Истиқлолият, ваҳдати миллӣ, таҷрибаи беназири сулҳи тоҷикон ва шарҳи қонунгузории мамлакат гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, сафарҳои кории вакилони мардумӣ ва вохӯриҳо бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ нақши басо пурсамар бозида, ҳамкориҳои мутақобилаиҶумҳурии Тоҷикистон боҷаҳони имрӯзаро дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат хеле пурсамар карданд.
Дар ин самтҳамкориҳои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Фраксияву гурӯҳҳои ҳизбии парлумонҳои Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Чин, Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хуб ба роҳ монда шуда буд.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати баррасии масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия, ҳамкориҳои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Фраксияи “Единая Россия” дар Думаи давлатии Федератсияи Россия натиҷаҳои муассир медод.
Якчанд тамоюле, ки дар марҳилаҳои аввали фаъолияти парлумони кишвар, ки бо таъсиргузории аъзоиҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Фраксияи он замина пайдо карданд, оянда тақвият ёфта, асоси фаъолияти ҳизбӣ гардиданд. Аз ҷумла, нақши боризи занон дар мақоми қонунгузорӣ, кимаҳсули мавқеъгирии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷараёни интихобот буд, барои ҷомеа падидаи ибратомӯз ва сафарбаркунанда шуд. Ин тамоюл, чун анъанаи сиёсат, имрӯз низ ба назар мерасад ва 20-25%-и вакилон аз ҳисоби занон пурсамар дар парлумон корбарӣ мекунанд.
Муҳокимаҳои парлумонӣ, ки бештар бо ташаббуси роҳбарияти маҷлис ва Фраксияи ҳизбӣ сурат мегирифтанд, низ дар фаъолияти созандаи парлумон ва ҳокимияти иҷроия мавқеи муҳим пайдо карда, ҷиҳати иҷрои салоҳияти намояндагии вакилон тавассути ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия мусоидат менамуд.
Дар мавриди муносибатҳои байниҳизбӣ дар парлумон низ ташаббусҳои тарафҳо низ қобили қайд мебошад.
Вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо намояндагони дигар гурӯҳҳои ҳизбӣ муҳокима анҷом медод. Фазои гуфтугуву баҳсҳо хеле ҳассос ва натиҷааш ҳама вақт ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа ва давлат буд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳлили роҳи тайкардаи фаъолияти ҳизбӣ, хусусан вобаста ба талошҳои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумонбо қаноатмандӣ метавон изҳор кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рисолати сиёсиву ҷомеавии худро ҳамчун ҳизби пешбари ҷомеа бо масъулияти баланд дар фазои гуногунандешии сиёсӣ иҷро кардааст ва имрӯз бо як неруи созанда обрӯву эътибори сиёсии низоми давлатдории моро муаррифӣ мекунад.
Ҳизби сиёсӣ дар сохтори давлати демокративу ҳуқуқбунёд рисолати амалигардонии талаботу ормонҳои миллиро ба уҳда дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати кутоҳи таърихӣ тавонист ба неруи пешбаранда, муттаҳидкунанда ва созандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон мубаддал гашта, намояндагии қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва неруи зеҳнии онро ба уҳда гирад.
Ҷумъабой САНГИНОВ,
собиқадори ҲХДТ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
доктори илмҳои тиб, профессор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: