Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Зан – модар олиҳаи дунё»

«Зан – модар олиҳаи дунё»

12-03-2016, 08:55
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
«Зан – модар олиҳаи дунё»
Дар ташкилоти ибтидоии «Забоншинос»-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода зери мавзӯи «Замину осмонӣ ман туи Модар» чорабинии васеи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки устодон, модарони мушфиқ ва занони фаъоли ҲХДТ доир гардид. Чорабинӣ бо қироати шеъру тарона ва суханронии табрикотӣ дар васфи занону модарон ифтитоҳ ёфт. Қайд карда шуд, ки воқеан зан- модар муқаддастарин шахс дар олам аст, аз чашмони модар, нур меборад ва ин нур роҳи ояндаи фарзандонро равшан месозад.

Дар ташкилоти ибтидоии «80-солагии Душанбе»-и Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон зери мавзӯи «Ҷилваи ҳусн» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон озмун доир гардид, ки зимни он бо иштироки ҷавондухтарон санъати либоси миллӣ ва дигар урфу одатҳои миллии миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ташкилоти ибтидоии «Табибони ҷавон» низ зери мавзӯи «Кадбонуи беҳтарин» байни донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе чорабинӣ баргузор гардид.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино 50 нафар фаъолзанони ҳизбии ноҳия, ки барои саҳми арзанда дар корҳои ташкилию сиёсӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ, таҳким бахшида ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва иҷроиши дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ, баҳри баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа нақши муҳим доранд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо сарфароз карда шуд.
Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: