Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ АҲОЛӢ БА ГУРӮҲҲОПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ АҲОЛӢ БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ И ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ АҲОЛӢ БА ГУРӮҲҲОПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ АҲОЛӢ БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ И ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

2-10-2023, 14:47
Хабарро хонданд: 125 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ АҲОЛӢ БА ГУРӮҲҲОПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ АҲОЛӢ БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ  И ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ
“Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ кишвари мо бо падидаи густурдаи зӯровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияҳои бегона ба сари мардум, ки аз ғояҳои ифротгароиву террористӣ маншаъ мегирифтанд, рӯ ба рӯ шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон


Яке аз масъалаҳои ҳалталаби замони муосир, ки дар минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддиро ба миён овардааст, ин суръатёбии раванди даҳшатафканӣ -терроризм, экстремизм ва тундгароӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти баамаломада бозгӯи он аст, ки терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамоянд. Имрӯзҳо ҷинояткорон дар кирдорҳои худ шаклҳои гуногуни силоҳро интихоб намуда, ба давлатҳои мустақил муқобилияти шадид нишон медиҳанд, ки аз хатари аслии терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ ба ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба мубориза бар зидди терроризм дар шаҳри Теҳрони Эрон санаи 25-уми июни соли 2011 қайд карда буданд, ки “...Ташаккули фазои ягонаи иттилоотии олам ба хатари нест кардани пойгоҳу бошишгоҳҳои таълимии террористон муҳим аст. Идораҳои махсуси кишварҳои пешбари олам бояд дар бораи бунёди маҳзани ягонаи маълумот дар ин соҳаи мубориза ҳарчи зудтар ба мувофиқат оянд. Таҳияву тасдиқи усулҳои муассири амалиёти зиддитеррористӣ, ҷорӣ намудани низоми умумиву мукаммали инъикоси ҳолатҳои марбут ба иқдомҳои террористӣ низ ба манфиати кори умум мебуд”.
Дар як қатор кишварҳо терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба ташвиқу таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ зиёд шуда истодааст. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро саъю талош доранд, ки бо истифода аз дини мубини ислом бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро тавассути роҳи фиреб ба сиёҳкорӣ ҷалб карда, баҳри амалишавии мақсадҳои нопоки хеш истифода намоянд. Ин амали онҳо танҳо доғдор кардани номи дини ислом асту бас. Ҳоло он ки дини ислом поку беолоиш буда, фитнаву фиреб ва мардумозориро намепазирад.
Аз ин лиҳоз, ба ҳар як шаҳрванди баору номуси ҷомеа, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷангҳои фитнаангез дар хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ дода, нисбат ба ин масъалаи ниҳоятдараҷа муҳим бетарафӣ зоҳир накунанд.
Имрӯзҳо, ба имомхатибони масҷидҳо зарур аст, ки ҳангоми баргузории ибодатҳои динӣ, талаботи китоби муқаддаси Қуръон, талаботи мазҳаби ҳанафиро ба ҷавонон тавсиф намоянд, ки ин амал яке аз роҳҳои пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад. Зеро, аксар ҷавонони гумроҳшуда бинобар сабаби надонистани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии гурӯҳҳои ифротгаро ва ба таври зарурӣ дарк накардани талаботи дини мубини ислом кӯр-кӯрона назар карда, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротӣ шуда, ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ифротӣ шомил мешаванд ва билохира, ба ҳаёти худ ва ба амнияти ҷомеа хисорти махсусан калон мерасонанд.
Ҳар як шаҳрванд бояд роҳи дуруст ва қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда, барои бунёди ҳаёти осоиштаву шоиста ба меҳнати ҳалолу фоидаовар ба нафъи ҷамъият машғул гардида, барои бартараф кардани муаммоҳои умумиҷамъиятӣ саҳмгузор бошад.
Мутаассифона, бархе аз одамон бинобар сабаби номукаммалии маърифату фарҳангашон ба хотири мақсадҳои ғаразноку нопокашон ба корҳои ношоиста ва амалҳои ҷинояткорона даст мезананд.
Бархе аз ҷавононе, ки ба риояи аҳкоми шариати ислом бештар майл доранд, бинобар сабаби ноогоҳии сиёсӣ, паст будани сатҳи донишҳои динӣ ва талаботи мазҳабӣ, ки онро тамоми ниёгону бузургони мо пайравӣ кардаанд ва дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқӣ ба равияҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил шуда, ба пайдоиши низову ихтилофҳои динию мазҳабӣ мусоидат мекунанд, ки он пайомадҳои нек надошта, чунин амалҳо бояд дар ҷомеа ба таври қатъӣ маҳкум карда шаванд.
Мо зарур мешуморем, ки пеш аз ҳама, дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ коркард ва гузаронидани барномаҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни волидайн, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст. Ин гуна барномаҳо бояд тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатии худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма, мақомоти худидоракунӣ, мактабҳо ва ташкилотҳои диниро дарбар гиранд.
Дар байни омилҳои равоние, ки боиси фароҳам гаштани шароит барои паҳн шудани терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ, инчунин, дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир мегардад, вайрон шудани фаъолияти оилавӣ ва ноосудагӣ дар он ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, пешгирии терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ инчунин дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир, усулҳо ва воситаҳои гуногунро дарбар мегирад, яъне аз варақаи иттилоотӣ сар карда, то омода намудани ихтиёриён (волонтёрҳо) аз ҳисоби ҷавонон, то ки муошират бо ҷавонон дар сатҳи баробар сурат гирад. Ба ғайр аз ин, ба мутахассисоне, ки бо ҷавонон кор мекунанд, омӯзонидани маълумоти бештар оид ба пешгирии терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир. Дар ин маврид мо метавонем, ки давлату миллатамонро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби замони муосир ҳифз намоем.
Инчунин, оид ба самти мазкур Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират кору фаъолият намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷикро тақвият мебахшад ва зимни баргузории вохӯриҳо бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва дигар масоили муҳимро ҳамарӯза баррасӣ мекунанд.
Ҳамзамон ёдрас мешавем, ки аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва воҳидҳои сохтории он дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста роҳандозӣ гардида, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.
Дар ин росто, масъулин баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста амалӣ менамоянд.
Баргузор кардани чунин вохӯриҳо ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад.


Орифҷон Олимзода,
раиси ташкилоти ибтидоии «Шуғл
ва муҳоҷират»-и ҲХДТ
дар ноҳияи Варзоб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: