Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАҚШИ ТАҲАММУЛГАРОӢ ДАР ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ

НАҚШИ ТАҲАММУЛГАРОӢ ДАР ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ

6-02-2020, 11:40
Хабарро хонданд: 543 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ТАҲАММУЛГАРОӢ ДАР ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ
Дар шаҳри Душанбе зимни давраҳои омӯзишӣӣ масъалаҳои зарфияти омӯзгорон дар пешгирии экстремизм миёни ҷавонон, усулҳо ва воситаҳои пешгирии экстремизм дар ҷҷомеа ва нақши таҳаммулгароӣ ва плюрализм дар пешгирии экстремизм мавриди баҳси омӯзгорон аз минтақаҳои гуногуни кишвар гардид.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ, ки аз семинар ва тренингҳо иборат буд, 60 нафар омӯзгорон ва фаъолони ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Рашт, Исфара, ва Варзоб ширкат намуда, дар бораи зарфият ва имконоти омӯзгорон барои пешгирии экстремизм дар миёни ҷавонон, усулҳо ва воситаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар байни наврасон, аҳамияти тарбияи наврасон дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ ва дарки плюрализм барои пешгирии ифротгароӣ маълумот гирифтанд.
Дар тренингу семинарҳо иштирокчиён мавзӯъҳои “Зарурати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ”, “Хатари экстремизм ва терроризм дар ҳаёти ҷавонон”, “Фаҳмиши асосӣ дар бораи экстремизм”, “Чаро ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҳамроҳ мешаванд?”, “Нақш ва имконоти омӯзгорон дар пешгирии экстремизм миёни ҷавонон”, “Усулҳо ва воситаҳои пешгирии экстремизм дар ҷомеа”, “Нақши таҳаммулгароӣ ва плюрализм барои пешгирии экстремизм”-ро фаро гирифтанд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар давраҳои омӯзишӣ зикр шуд, ки ҳодисахои террористии солҳои охир дар кишвар рӯйдода, нишон медиҳанд, ки сатҳи ифротгароӣ дар мамлакат хеле боло рафтааст. Бино ба таҳқиқоти анҷомёфта, яке аз аз сабабҳои болоравии экстремизм дар солҳои охир коҳиши сатҳи таҳаммулгароӣ дар кишвар мебошад. Хусусан, фарҳанги таҳамулгароӣ дар байни ҷавонон коҳиш ёфта, ҷои онро ифротгароӣ аз худ кардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта мардуми кишвари аслан таҳаммулгаро ё таҳаммулпазир буданд ва ба ақидаю андешаи дигарон аслан кор надоштанд. Дар замони пеш, мардуми мо дар канори ҳам бо мардуми дину ақидаашон гуногун зиндагӣ мекарданд. Ҳатто дар асрҳои миёна дар Бухоро намояндагони динҳои яҳуду насоро бо намояндагони дини ислом дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва касе ба касе барои ақидаю дину мазҳабаш кор надошт. Мардум он замон андешаи ҳар касро чун андешаи шахсии ӯ қабул мекарданд ва агар ба онҳо писанд набошад ҳам, онро таҳаммул менамуданд. Вале, мутаассифона, дар замони истиқлолият гурӯҳҳои ифротие пайдо шуданд, ки андешаи дигаронро умуман инкор карда, мехоҳанд дигарон низ чун онҳо андешанд ва дар ҳолати баръакс, ҳатто нобуд намудани одамони дорои андешаи ба фикри онҳо дигарро зарур меҳисобанд.
Бинобар ин, дар семинар коршиносон барои пешгирии экстремизм дар баробари иттилоъ додан дар бораи хавфҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ тарбия намудани наврасону ҷавононро барои ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон зарур шумориданд.
Айни замон, аҳли ҷомеаи дунё экстремизм ё ифротгароиро, ки маънои тундравӣ, аз андоза гузаштани андешаҳо ва амалҳои тундравонаро дорад, маҳкум мекунанд ва бо он мубориза мебаранд. Зеро хавфҳои афзоиши экстремизм ва хатарҳои терроризм қариб тамоми сокинони сайёраро нигарон сохтааст. Ҳоло аксари давлатҳои дунё барои пешгирии экстремизм мубориза мебаранд. Дар Тоҷикистон низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, иқдомҳои зиёде барои пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлуб анҷом дода мешаванд. Дар Тоҷикистон барои эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ таваҷҷуҳ сурат мегирад.
Ҳоло зарур аст, ки тамоми аҳли ҷомеа маълумот дошта бошад, ки ифротгаро шахсест, ки андешаҳои дигаронро нодуруст ва андешаи худро дуруст ҳисобида, андеша, шахсият, дин, нажод ва ё ҳатто миллати дигаронро паст шуморида, мақсади бо роҳи зӯроварӣ нобуд кардани онҳоро дорад. Бинобар ин, экстремизм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум карда мешавад ва онҳое, ки даст ба амалҳои экстремистӣ мезананд, чун ҷинояткорони хавфнок пазируфта мешаванд. Фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мувофиқи қарори Суди Олӣ мамнӯъ шудааст ва ба ин далел, онҳо бо роҳҳои гуногуни имоконпазир кӯшиш мекунанд, ки ба таври ноаён аксаран ҷавонони ноогоҳро маѓзшӯӣ намуда, ба сафҳои худ ҷалб кунанд ва дар оянда онҳоро барои мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Ҷавонони ноогоҳ дар чунин ҳолатҳо ноаён ба ҷинояткор табдил ёфта, ҳаёти худро месӯзонанд.
Дар аксари давлатҳои дунё таҳаммулгароиро ҳамчун яке аз воситаҳои асосии пешгирии экстремизм пазируфтаанд. Дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ тарбия кардани насли ҷавон, маънои бо фаҳмиши дурусти дунёи муосир калон кардани наврасон ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна низоъҳо, аз экстремисту террорист шудани ҷавононро дорад. НАҚШИ ТАҲАММУЛГАРОӢ ДАР ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМЧун агар ҷавонон ҳамдигарро фаҳманд, андешаи дигаронро тибқи қоидаҳои плюрализм бо таҳаммул ҳамчун ҳуқуқи ҳамон кас барои ҳамон гуна андешидан дарк кунанд ва ё қабул кунанд, ба экстремисту террорист табдил нахоҳанд ёфт.
Бинобар ин, дар давраҳои омӯзишӣ зарфияти таҳаммулгароӣ ва плюрализм барои пешгирии экстремизм дар ҷомеа бузург арзёбӣ шуда, ба зарурати ташаккул ва омӯзиши фарҳанги таҳаммулгароӣ ва плюрализм дар муассисаҳои таълимӣ таъкид шуд.
Ба далели он, ки омӯзгорон бевосита бо ҷавонон кор мекунанд, имкониятҳо ва зарфияти омӯзгорон дар пешгирии экстремизм бузург арзёбӣ шуд ва таъкид шуд, ки омӯзгорон барои пешгирии экстремизм нақши муҳим дошта метавонанд.
Дар давраҳои омӯзишӣ иштирокчиён, аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, зикр намуданд, ки дар мактабҳои худ барои пешгирии ифротгароӣ ва барои дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ тарбия намудани хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом хоҳанд дод.
А. Ҷӯраев





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: