Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид7-09-2023, 11:19
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
5 сентябр байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар додаст академияи мазкур.
Созишномаро Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Ангелина Шопп имзо намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкории гуногунҷониба ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, такмил додани меъёрҳои қонунгузорӣ бо инобати манфиатҳои миллӣ, ташаккул додани донишҳои ҳуқуқии башардӯстона ва дастгирии иқдоми тарафайн иброз намуданд. Давоми солҳои охир ҳамкории гуногунҷабҳаи Академияи идоракунии давлатӣ бо шарикони хориҷӣ беҳтар гардида, дар доираи ин ҳамкорӣ сатҳу сифати таълиму тарбия ва иқтидори техникии Академия беҳтар гардидааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.