БОЗДИДИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТҲО ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲО, ФАЪОЛОНУ ҶОНИБДОРОН ВА НАМОЯНДАГОНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” АЗ АКАДЕМИЯ14-02-2023, 19:30
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
![]() Субҳи имрӯз, 14 феврали соли 2023, дар доираи курси бозомӯзии мазкур раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолону ҷонибдорон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз шароит ва имкониятҳои Академия дидан намуданд. Ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ меҳмононро ба Академия хушомадед гуфта, иброз дошт, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 №1463 Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд. Низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Меҳмонон бо роҳбаладии роҳбарияти Академия аз толорҳо, синфхонаҳо, толори варзишӣ, меҳмонхона, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академия дидан намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.