Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон барои расонидани ёрии фаврии башардӯстона аз ҷониби КБСС ба мардуми Афғонистон ва Панҷшер даъват намуд

Тоҷикистон барои расонидани ёрии фаврии башардӯстона аз ҷониби КБСС ба мардуми Афғонистон ва Панҷшер даъват намуд

22-09-2021, 11:17
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон барои расонидани ёрии фаврии башардӯстона аз ҷониби КБСС ба мардуми Афғонистон ва Панҷшер даъват намуд

Сентябрь 22, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда ва мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон, инчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.

Дар аснои мулоқот С. Муҳриддин зарурати ҳарчӣ зудтар расонидани ёрии фаврии башардӯстонаро аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба мардуми Афғонистон, бахусус сокинони водии Панҷшер таъкид намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: