Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак расонида шуд

Ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак расонида шуд

30-06-2023, 09:50
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак расонида шудБа аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла орд, равғани растанӣ, биринҷ, шакар, макарон ва нахӯд кумак расонида шуд. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

29 июн ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Роҳбарияти вилоят иштирокчиёни ҷаласаро бо вазъияти офати табиӣ, ки аз 24 то 28 июн дар ҳудуди деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа рух дода, дар натиҷаи он хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагии ноҳия зарар диданд, шинос намуд.

Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти чонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷои ҳодиса комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолият дошта, корҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд ва зарар муайян карда мешавад. Гурӯҳи корӣ ба минтақаи офатзада сафар намуд.


Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июни соли равон Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти роҳбарии роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Агентии мелиоратсия ва обёрӣ, Агентии гидрометеорология ба минтақаи аз офати табиӣ зарардида сафарбар карда шуд. Ситоди ҷумҳуриявии таъсисдода оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба кор шурӯъ намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: