Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИМА ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак мекунад

ИМА ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак мекунад

10-02-2017, 10:26
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
ИМА ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак мекунадСафорати ИМА дар Душанбе гуфт, Вашингтон дар рафъи оқибатҳои офати табии ахири Тоҷикистон, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодӣ дар пай дошт, кумак хоҳад кард.
Ин мавзӯъ дар дидори Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе бо генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи (КҲФ) Тоҷикистон матраҳ гашт.
Умеда Юсуфова, сухангӯи КҲФ гуфт, ҳоло аз ҳисоби кормандони кумита ва намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе гурӯҳи корӣ таъсис дод шуд.
“Ҳоло ин гурӯҳ ҳаҷми хисороти ворида ва ниёзҳоро ба навъҳои кумак мушаххас карда, ба сафорати Амрико мефиристанд. Бар пояи ин дархост, ҷониби Амрико ба минтақаҳои аз ҳодисаи табиӣ осебдида ва ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон кумак хохад кард”, - афзуд Юсуфова.
Хонуми Миллард иброз дошт, ки кумакҳои Вашингтон ба Тоҷикистон дар робита ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва тақвияти тавоноии КҲФ идома хоҳад ёфт.
Ҳафтаи гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз сохторҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ хост, то дар рафъи оқибати ҳодисаҳои табии ахир ба Душанбе кумак кунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: