Имрӯзҳо дар аксарияти коргоҳҳо ҳатман кормандонеро вомехӯрем, ки фаъолияти онҳоро бе компютер тасаввур кардан имкон надорад. Агар фаъолияти шумо низ давоми рӯз бештар аз 2 соат бо компютер вобаста бошад, пас, шумо бояд бо қоидаҳои истифодабарии он ошно бошед. Таъсири нурҳои компютерро муҳим нашуморидан хатарҳои марговарро ба бор меоварад ки яке аз онҳо бемории саратон аст.Тасвирҳои экрании монитори компютер бо ёрии нурҳои электронӣ сохта мешавад. Аз ин рӯ, нурфишонии монитор амри зарурист. Гарчанде мониторҳои муосир бо васоити махсуси ҳифз ва нурфишониҳо муҷаҳҳаз бошанд ҳам, вале онҳо сатҳи безарарии нурфишониҳои электромагнитиро на ҳамеша таъмин карда метавонанд.
Агар реҷаи кории истифодаи компютерро дуруст мураттаб гардонем, он гоҳ раванди корро дар он натанҳо безарар, балки ҳаловатнок ташкил кардан мумкин аст.
Қоидаҳои асосии истифодаи компютер:
1. Ҳуҷрае, ки дар он компютер гузошта мешавад, бояд фарох ва равшан бошад.
2. Ҷойи корӣ бояд аз миз (барои гузоштани монитор, клавиатура ва муш), ҷевончаи ҳуҷҷатгузорӣ, курсии махсуси нишаст ва поймонак иборат бошад.
3. Андозаи мизи корӣ вобаста ба андозаи монитору клавиатура муайян карда мешавад. Агар дарозии миз тақрибан ба 160 см ва бараш ба 90 см баробар бошад, он гоҳ он барои кори мӯътадил басанда аст. Баландии миз бояд ба баландии қади корбар мувофиқат кунад. Барои овезон набудани пойҳо аз поймонакҳои мувофиқ истифода бурдан лозим аст.
4. Барои кори бофароғат аз роҳаткурсии мутаҳҳарик истифода бурдан лозим аст, ки дар он ҳама қисмҳояш танзимшаванда мебошад.
5. Дурии экрани монитор аз чашмон бояд 50-70 см бошад. Ба экран аз боло ба поён таҳти кунҷи 20-30° нигоҳ кардан лозим аст. Агар ин амал ғайриимкон бошад, он гоҳ мониторро ба мизи иловагии дуюм гузоштан лозим, ки баландии он аз баландии мизи асосӣ пасттар бошад.
6. Агар дар ҳуҷра корбарони дигар низ фаъолият дошта бошанд, он гоҳ бояд ҷойи нишасти онҳо ба паси монитори шумо мувофиқ наояд. Нурфишонии монитор ҳамеша дар муқобили экрани он зиёдтар аст.
Пас аз ташкили дурусти ҷойи кор реҷаи зерини коҳиш додани шиддатҳои зеҳнӣ ва ҷисмиро бояд риоя намуд:
◦ пас аз як соати корӣ 5-10 дақиқа, пас аз ду соати корӣ 15-20 дақиқа танаффус кардан;
◦ вақти танаффусро барои истироҳати фаъол ва варзиши чашмон истифода бурдан: аз курсӣ нахеста, пуштмонакро ба шакли амудӣ овардан, чашмонро калон кушодан, ба пеш нигоҳ кардан;
◦ аз ҷой хестан ва варзиши чашмонро давом додан: ба тарафҳои гуногун зуд-зуд нигоҳ кардан, чашмонро ҳаракати даврашакл додан, пӯшидан, чашмак задан, молиши сабук додан.
Агар ҳангоми иҷрои кор ҳис кунед, ки чашмонатон сахт дард мекунад ва дар оина бинед, ки онҳо сурх шудаанд, он гоҳ як қатра аз доруи чашм – “Visine” истифода баред. Барои хастагиро бартараф кардан, машқҳои муқаррарии ҷисмониро иҷро кунед. Хоҳед, ки ин қоидаҳо натиҷаи дилхоҳ диҳанд, дар вақти муайяншуда хӯрок истеъмол намоед. Организми шахси дар назди компютер доимо коркунанда ба витаминҳо ва микроэлементҳо бештар эҳтиёҷ дорад.
Витаминҳои А, B2 ва С барои корбари компютер хело муфид мебошанд. Витаминҳои мазкур дар тухм, шир, равғани маска, панир, сабзӣ зардолу, карам, чормағз, гӯшт, маҳсулоти ғалладонагиву лубиёӣ, мармиҷони сиёҳ, хуч, ҷаъфарӣ ва дигар меваву сабзиҷотҳо дида мешаванд. Истеъмоли маҳсулотҳои зикршуда хастагии чашмон ва инчунин хастагии корбарро бартараф хоҳанд кард.
Сарчашма: “Информатика ва ТИ”, Ф. С. Комилов.