Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТАВСИЯ БА ВОЛИДАЙН ТАЪТИЛ НАЗДИК АСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?

ТАВСИЯ БА ВОЛИДАЙН ТАЪТИЛ НАЗДИК АСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?

5-05-2022, 07:19
Хабарро хонданд: 1127 нафар
Назарҳо: 0
ТАВСИЯ БА ВОЛИДАЙН ТАЪТИЛ НАЗДИК АСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?
Таътилро давоми соли хониш бачаҳо бесаброна мунтазир мешаванд. Ҳар волидайн бояд дар ин давра чи кор карданро андеша кунад, то фарзандаш тамоми се моҳро пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ нагузаронанд. Бешубҳа, дар ин сину сол бачаҳо бояд “истироҳати муфид” кунанд. Кӯдакон ҳама дӯст медоранд, ки чизҳои наву шавқоварро донанд. Волидайн бояд ин нуктаро мадди назар дошта бошад.
1. Ба курс ва маҳфилҳои таълимӣ бурдани хонандагонро дар давраи таълим равоншиносон тавсия намедиҳанд, магар дар он ҳолат, ки ин маҳфилҳо ғайриоддӣ ва шавқовар бошанд.
2. Дар давраи таътил низ кӯдак бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошад. Чун тамоми сол ӯ ба реҷаи қатъии рӯз одат кардааст. Агар дар давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад.
3. Шарт ва зарур аст, ки бачаҳо як муддат аз волидайн дур бошанд. Метавон онҳоро ба хонаи хешу ақрабои наздик фиристод. Кӯдакон мустақил буданро меомӯзанд.
4. Аз ҳама қисми муҳимми рӯз вақте мебошад, ки волидайн дар кор ҳастанд. Чун танҳо хонандагон таътил шудаанд, на падару модари онҳо. Вақте падару модар дар кор ҳастанд, кӯдак бояд ҳатман банд бошад. Метавон ба ӯ супориши муайян дод ва таъкид кард, ки ӯ ин корро бояд то омадани падару модараш анҷом диҳад. “Дар давраи таътил ӯ бояд фақат истироҳат кунад” – андешаи ғалат аст.
5. Набояд куллан аз таълим ва омӯзиш дурӣ кард. Хондани китобҳои гуногун завқи бадеии наврасонро боло мебарад.
6. Дар ду маврид бояд наврас куллан соҳибихтиёр бошад: хӯрдан ва хобидан. Ҳангоми дарс бачаҳо рӯзҳои якранг доранд ва бояд муддати муайян (7-8 соат вобаста ба син) хоб раванд ва саривақт тановул кунанд. Аммо дар давраи таътил бояд ҳар қадар мехоҳад (шояд камтар аз меъёр ё зиёд аз он) хоб равад ва ҳар қадар, ки мехоҳад ғизо гирад. Чун баъзеҳо дар давраи таътил серҳаракат ва баъзеҳо камҳаракат мешаванд.
7. Чӣ қадар вақтро бояд бо фарзанд гузаронид? Ин аз син ва табиати фарзанд вобаста аст. Хонандагони синфҳои поёнӣ мехоҳанд бештар бо падару модар бошанд. Хонандагони синфҳои болоӣ бошанд, мехоҳанд вақти бештарро танҳо бо ҳамсолони худ гузаронанд. Ин нукта дар синни гузариш муҳим аст. Беҳтар он аст, ки дар синни гузариш фарзандон бо ҳамсолони худ бештар вақт гузаронанд, онҳо ҳамдигарро бештар мефаҳманд. Фаромӯш накунед: Сиру асрор ва розу ниёзе, ки фарзандон бо дӯстони худ доранд, бо падару модар дошта наметавонанд.
8. Барои фарзанд дӯст интихоб накунед (на танҳо дар давраи таътил). Шумо метавонед тавсия диҳед, ки ӯ бо фалон нафар дӯстӣ кунад, аммо водор кардан маъно надорад.
9. Кӯшиш кунед, ки кӯдаконро ба “истироҳати муфид (омӯзанда)” ва “истроҳати фаъол (серҳаракатӣ)” ҷалб намоед.
10. Ба бачаҳо дидани филм, бозиҳои компютерӣ, шабакаҳои иҷтимоиро манъ накунед, фақат лимит муайян кунед.
Таҳияи Нурулло Ғафуриён
Умедворем, ки дар зер тавсияҳои "аз волидайн ба волидайн", "аз омӯзгор ба волидайн"-ро мехонем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: