Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САРГУЗАШТИ ЯК ЭҶОДГАР

САРГУЗАШТИ ЯК ЭҶОДГАР

13-06-2023, 12:30
Хабарро хонданд: 480 нафар
Назарҳо: 0
САРГУЗАШТИ ЯК ЭҶОДГАР

Дебоча
«Ман Ато Ҳамдам, дар оила як фарзанд будам. Атои Худовандӣ барои волидайнам ва ҳамдами ягонаи онҳо. Ва ҳамчунин бояд ҳамдаму ҳамнафаси зиндагӣ мешудам… Ин, албатта, осон набуд».

Навогарӣ ва суханварӣ


Ато Ҳамдам шуъбаи навогарии омӯзишгоҳи касбиро хатм намуд.
Баробари ин дарёфта буд, сухан ҳам навост ва суханварӣ бошад, навогариро бимонад.
Балки бо сухан он чизҳоеро ифода кардан мумкин, ки бо ягон чизи дигар имкон надорад.
Аз ин боис риштаи суханшиносӣ ва суханофарии Донишгоҳи олиро низ хатм намуд. Суханвар шуд, ки андар сухан низ ҳиссу наво омезиш хӯрдааст.
Ва баъд аз суханвар шуданаш чӣ рӯй дода буд?
Дар китоби мусоҳибаҳои «Гули ишқ ва зодаи ишқ» аз забони Ато Ҳамдам чунин омадааст:
«Баъд чун 28 сол доштам, ки сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») таъин карданд. Рӯзи аввал ҳамаро ба дафтари кориам даъват намуда, гуфтам: «Бо ҳукми тақдир аз имрӯз иборат ҳамроҳ кор карданамон лозим мешавад. Бароям андешаи он, ки «ман роҳбар ҳастам» бегона. Яъне, баробари Шумо ҳастам ва барои он омадам, ки аз Шумо биомӯзам ва Шумо низ гар зарур бидонед, чизе аз ман бигиред…» Баъдан донишҷӯён ва журналистони боистеъдоди ҷавонро низ ба идораи рӯзнома ба кор даъват намудам, ба мисли Қиронбек Шарифзода, Сайидалӣ Сиддиқов, Мардони Муҳаммад, Ато Мирхоҷа, Салими Аюбзод, сипас Низоми Қосим, Абдуфаттоҳ Воҳидовро…
Обуначиёни мо то 150 ҳазор расиданд ва рӯзнома барои фурӯш ҳам мебаромад, яъне ададаш қариб 200 ҳазор буд, ки чунин теъдодро ягон бор ягон рӯзномаи ҷумҳур надошта…
Сипас, маро ба Кумитаи Марказӣ даъват намуда, рӯйирост изҳор намуданд:
«Медонем имрӯз шумо ҷасурона фаъолият доред, лек обунаи рӯзномаатон зиёд шуда истодааст. Обунаи рӯзномаи Шумо аз ҳамон андозае, ки Кумитаи Марказии мо муайян кардааст, бояд нагузарад». Хуллас, гар лаҷоми моро намекашиданд, теъдоди чопи рӯзнома, бе ягон шаку шубҳа, ба 300 ҳазор мерасид…
Баробари ин бояд таъкид кард: мо медонистем, ки дигар бо тарзи даҳ-понздаҳ соли пеш фаъолият кардан мумкин нест ва тарзи нави корбариро азбар намуданамон лозим меояд… Ва ҳамин тавр низ кардем ва ман ҳамчун сармуҳаррир ин масъулиятро ба дӯш гирифтам, дар натиҷа рӯзномаи мо дар ҷумҳур асосӣ мегардид…
Фақат сармуҳаррири суханвар бо журналистони дақиқназари суханофар рӯзномаро ба ин поя ва ба ин дараҷа бароварда метавонистанд…
Албатта, дар соҳаи суханварӣ ва суханофарӣ роҳбарӣ кардан осон нест ва мушкила ва гиреҳҳои зиёду пурпечи худашро дорад.
Вале дами роҳбари нашриёти «Адиб» таъин гаштани Ато Ҳамдам коре шуд, ки то ҳанӯз ба чашм нарасида буд. Яъне, соле то як миллион сӯм барои чопи китобҳо ҷудо мешуд, аз ҷониби давлату Ҳукумат.
Ато Ҳамдам, ки ҳашт сол дар бару паҳлӯи Сарвари давлат, дар идораи иҷроияи Раиси кишвар кору фаъолият карда буд ва мушовири калон маҳсуб мешуд, доир ба афзудани чопи китобҳо бо худи Сарвари кишвар дар машварату маслиҳат мешуд ва таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлатро ба осори эҷодкорон эҳсос менамуд ва такя ба ин амалҳое анҷом медод ва нақшаҳое ба пеш мегузошт.
Акнун нашриёти «Адиб», ки вай сарвараш буда, соле то сад китоб ба нашр мерасонд ва ин давраи аз ҳама шукуфои чопи китобҳо ва давраи нумуи чашмрасу дигари адабиёти тоҷик буд.
Ато Ҳамдам ҳамчун сарвари нашриёт ба коллективе, ки амсоли ҳайати эҷодии «Комсомоли Тоҷикистон» сохта шуд, такя менамуд ва хосатан ба муовини худ доир ба чопи китобҳо Фарҳоди Карим, ки ҷавонмарди талошгар, чораҷӯй, мушкилкушо, пешрав ва роҳкушо буд…
Бояд акнун тазаккур дод: баъд аз сарварии нашриёти «Адиб» ба кори дигар гузаштани Ато Ҳамдам ва муовини ӯ Фарҳоди Карим чопи китобҳо камаш даҳ баробар кам гардиданд, ки ин боиси таассуфи зиёд аст…

Чеҳраҷӯйӣ


Ато Ҳамдам на танҳо эҷодгарӣ мекард, балки чеҳраҷӯйӣ низ дошт.
Ин ба чӣ маънӣ буд?
Барои ба асли ин расидан, аввал як далели таърихиро ёдовар мешавем.
Вақте ки муҳаққиқу тасвиргару чеҳрасоз ва антрополог-ҳайкалтарош ва Санкт-Петербург, яъне Герасимов Михаил Михайлович аз рӯйи устухон ва косахонаи баъд аз 1100 сол ёфташудае симои як азизи миллати тоҷикро сохтан ва барқарор кардан мехост, ҳама дар ҳайрат буданду мунтазирӣ мекашиданд.
Аз хираду дарку илму истеъдоди Герасимов чеҳраи аслии Одам-уш-шуаро, яъне Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - сардафтари адабиёти оламгири тоҷикуфорсэҳё гардида буд.
Ин ҳангома ва хушҳолии беҳаде шуд барои миллат.

Яъне, бузургвори мо чӣ чеҳраи асл дошт, ки тавонем дид. Ва он бошад чеҳраи бузурги миллат, чеҳраи қадими вай ба шумор мерафт.
Баробари ин ёдовар мешавем, ки то ин замон аз бузургони таърихи чандҳазорсолаи мо сурате, тасвире, ё андому чеҳрае то замони мо нарасида, ғайри чеҳраю андоми чанд нафари башумору каме.
Аммо чӣ қадар мехостем чеҳраи бузургони давлатдор, уламои ҷаҳоншинохта, қахрамонони батадбиру ройи миллатро бештар бубинем, то аз ҳашаматашон ҳашаме ёфта бошем ва хотирамон нурбора ва ҷасорату неруямон афзуда бигардад. Хоса, чеҳраи ҷасоратмардони миллӣ чӣ қадар зарур буданд барои эминии мо, барои ҳисси дифогарӣ ва эҳсоси ҳуҷумгарии моро барафзудан… Яъне, мисли чеҳраҳои аслии Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик…
Масалан, ҳамон Спитамени диловару номвар… Спитамен, ки вайро Искандари Мақдун дар ҷасорату ҳунару айёрии (тактикаю стратегияи) ҳарбӣ баробари худ медониста ва таъкид менамуда: “баъзан аз ин ҷиҳатҳо пешвои суғдон аз ман ҳам мегузарад, фақат шумори лашкараш аз лашкари ман басо кам аст, вале дар ин ҳолат низ зуд-зуд зарба мезанад ба артиши ман”.
Искандар ҳамеша чеҳраи ҷасур ва фаттоҳу зираки ин пешвои суғдонро аз наздик дидан мехост…
Баъд замоне расид, ки чанд ҳамқавму ҳаммиллати ҷинояткору хиёнаткор сари варо бурида, барои рақибон оварданд.
Искандари Мақдун ба он нигариста, фармон дода буд: «Аз рӯйи чеҳраи Спитамен чеҳраи асли ӯро рӯбадор бикунед (яъне, қолаб бигиред). Якто неву чанд қолаб бигиред».
Искандар ақида дошт - чеҳраи чунин инсон ба оянда бояд расад, хосатан ояндаҳои дуртаре.
Яке аз чунин қолабчеҳраи Спитаменро ба ватанаш - Мақдуние низ фиристода буд, то “бубинед, чӣ каси пурдилу ҷасуроратманд маро аз басе пешравиҳои маро борҳо монеъ шуда”.
Чунин буд дар таърих.
Баъдан, аз асари тӯфону гидбоду бозиҳои пурпечи таърихи чандҳазорсола дар Мовароуннаҳр, яъне Осиёи Марказӣқолаб-чеҳраҳои Спитамен нопадиду гум шуданд.
Пас, наход дидани чеҳраи асли он ҷасурмарди миллат, яъне Спитамени диловар дигар насиби тоҷикон нашавад?
Ҳамин афсӯсу дареғ ҳамеша вуҷуди моро чангол мезад.
Ато Ҳамдамро низ беқарор медошт, хосатан даме, ки бо нависанда Леонид Чигрин дойири Спитамен асари бадеӣ-таърихӣ ба миён оварданӣ мешуданд.
Ин андеша дар ниҳоят Ато Ҳамдамро то Македонияи Қадим бурд, яъне то зодгоҳи Искандари Мақдунӣ.
Дар басо мавзеъҳои таърихӣ ва осорхонаҳои ин ҷо даробаро карда.
Ҳанӯз касе намедонист, дарёфти чеҳраи қаҳрамони номвари миллат маҳз ба ҳамин Ато Ҳамдами тоҷик муяссар мешавад.
Яъне, яке аз ҳамон қолабчеҳраҳо дарёфта шуд, ки бо фармудаи худи Искандари Мақдунӣ амалӣ гардида, баъдан аз Суғдзамин ба он ҷо фиристода шуда.
Ин аз беҳтарин ва саратарин бозёфтҳои хотирмон гардида. Балки бозёфти муқаддасе буд.
Ва ин бозёфт дар кишвари мо бояд ба сархати ҳама хабарҳо ва сарнамоиши ҳама намоишҳо қарор мегирифт.
Вале ҳоло низ ин бозёфтро ба пуррагӣ халқи мо фарогир нагашта ва то ҳадди даркорӣ ташвиқ накарда ва пайкарасозон ва тасвиргаронаш ҳанӯз онро таҷассум насохта, аз рӯяш расмҳо ва пайкараҳо насохта.
Ин ҳамаро, албатта, ба виҷдону фаҳму дарки ҳаммиллатон мегузорем, вале баробари ин ба таърихҷӯйе, тарихёбе, таърихнависе ва чеҳраҷӯйе ва чеҳраофаре мисли Ато Ҳамдам ҳамду сано мегӯем.
Охир, ин чеҳраи Спитамен чеҳраи худи Ато Ҳамдам низ маҳсуб мешуд. Чеҳраи ҷӯяндагӣ, чеҳраи ёбандагӣ, чеҳраи ватанхоҳӣ ва миллатсозӣ. Чунон ки чеҳраи Спитамен чеҳраи ҳар як тоҷики дигар ҳам шуморида мешавад.
Ато Ҳамдам баъд дойири Спитамен намоишнома низ ба миён оварда тавонист. Аз эҷодкардаҳои ӯ - «Мазҳакаи халқии Сафар Махсум» дар озмуни ҷуҳуриявии «Парасту-93» ба гирифтани шоҳҷоиза ва дар озмуни байналмилалии «Наврӯз-93» (дар Ашқобод) ба дарёфти ҷоизаи аввал сазовор гардида, намоишномаи «Спитамен» низ номвар шуда. Зеро Ато Ҳамдам яке аз драматургони пештози кишвар маҳсуб меёбад ва дар асоси намоишномаи театрии вай дар хориҷа филми бадеӣ низ рӯйи навор омад ва муваффақ гардида ва он дар кинофестивали байналхалқии «Дидор» низ дар намоиш буд…
Ҳамкорӣ


Доири ҳамдиливу ҳамкорӣ зиёди зиёд мегӯем, мехоҳем ҳамкориҳо афзунтар бошанд. Хоса ҳамкориҳои эҷодӣ.
Аммо на ҳама вақт ин муяссар мегардад.
Ато Ҳамдам як гӯшаи ин ҳамкории эҷодиро ба миён оварда буд ва ин ҳамдилии эҷодиро сохта тавониста буд.
Яъне, Ато Ҳамдами тоҷик бо Леонид Чигрини белорус чунин карда.
Онҳо ҳамдигарро боз аз он ҷиҳат мефаҳмиданд, ки ҳарду то ҳадде ҳамзабон низ буда. Яъне, Ато Ҳамдам тоҷики Ҳисору Леонид Чигрин тоҷикзабони Конибодом. Зеро Леонид дар он шаҳр аз волидайни белорусӣ ба дунё омада, миёни тоҷикон зиста чунон тоҷикӣ ҳарф мезад, ки ҳама гумон мекарданд тоҷики асл бошад. Доири падару модараш низ гумон мекарданд аз қавми тоҷиканд.
Аз миёни тарҷумонҳои ғайритоҷики мулки мо, ки ба русӣ мегардонданд, ягонтояшон мисли Леонид Чигрин намедониста тоҷикиро, хосатан бо ҳама нозукиҳо ва шеваҳояш. Ва ҳеҷ тарҷумони ғайритоҷик мисли Леонид Чигрин ин ҳад ифтихори тоҷикӣ надошт ва онро бо кору амали чандинсолааш пайваста исбот мекард.
Леонид Чигрин ҳамчунин синамогари беҳамто буд.

Чун доири мулки тоҷик навиштаҳои зиёди дигар ба миён овардан мехост, хампаҳлӯяш як таконбахши дигар, қувватдеҳи дигар, ҳамфикре ва ҳамилҳоме зарур буд ва хосатан касе, ки барои чоп шудану зинда мондан ва ба оянда расидани ин навиштаҳо илоҷгарӣ ва саҳмгузорӣ карда тавонад.
Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин чунин идеалро дар шахси якдигар дарёфта буданд.
Ҳарду ботаҳаммул, ботамкин, босабру пурбардор, боандешаву дурбин шуморида мешуданд. Натиҷаи ин ҳамкорӣ, ҳамдилӣ ва эҷодгарӣ асарҳои зиёди хотирмон, андешапарвар, таконбахш ва миллатсоз ба миён оварда буд. Яъне, дукаса силсилароманҳои таърихии «Асрори куҳан»-ро дар даҳ китоб рӯйи варақ кашиданд. Аз ин силсила романҳои «Зиндагиномаи Чжан Тсян, ё Шоҳроҳи Абрешим», «Садди Суғдӣ», «Венетсиягии дӯстдори Помир оид ба саргузашти Марко Поло дар мулки Помир», «Озар аз Истаравшан, ё шамшери Спартак» ва дигар китобҳо буданд.
Китоби «Роҳи Абрешим»-и онҳо чунон маълуму машҳур гардид, ки то ба дасти шахси аввали давлати азими Чин расид ва ӯ онро дар тарҷума бо забони чинӣ мутолиа карда, чун боре донист, дар ҳайати ҳукуматии аз Тоҷикистон ба Пекин омада яке аз муаллифони ин китоб низ ҳузур дорад, ба ӯ зеҳн монда, самимона афзуда буд: «Пас Шумоед Ато Ҳамдам, он чеҳраи дидании тоҷикон?»

Хоксори зиндагӣ


Бо ҳама ҳашами эҷодӣ ва корҳои роҳбарӣ Ато Ҳамдам хоксори зиндагӣ будаву чунин монда ва гӯянд, ки дигар нашавад.
Зиндагие, ки сода аст, вале асли ҳама чиз аз ин зиндагии содаю одӣ сар занад.
Ато Ҳамдам мисли зиндагӣ содаю одист ва мисли зиндагӣ самимиву пок.
Пас ин шахси заминӣ, журналисти номвар, тарҷумон ва драматурги шинохта, сарвари таҷрибаандӯхта ва ҳоло мудири бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳамраисии Анҷумани ноширон ва тарҷумонҳои ИттиҳодиДавлатҳоиМустақил ва Балтик, узви Иттиҳоди адибони Белорус, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам бигзор ҳамеша зинда бимонад ва кору фаъолияти пурмаҳсули худашро рӯйи ин Замини гардон мудом идома бахшида тавонад…
Шераки ОРИЁН

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: