Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таконбахши эҳсоси ватандорӣ

Таконбахши эҳсоси ватандорӣ

30-05-2019, 10:41
Хабарро хонданд: 1255 нафар
Назарҳо: 0
 Таконбахши эҳсоси ватандорӣБа назари мо навиштани асари бадеӣ-таърихӣ дар муқоиса ба сирф бадеӣ, корест хеле мушкил ва заҳматталаб. Зеро муаллиф ҳангоми эҷоди асари бадеӣ дар тарҳрезии сохтор, банду баст ва воқеасозӣ озод буда, аз имкониятҳои вофир бархӯрдор аст. Ӯ бо салоҳдиди хеш оғозу анҷоми асарро мушаххас мекунад, бо корбурди фаровон аз олами тахайюли хеш ҳар қадар метавонад барои қаҳрамонаш чеҳрасозӣ менамояд, ӯро бо ҳаводиси мухталиф рӯ ба рӯ мегардонад, масири амалкардашро тарҳрезӣ мекунад, дар интихоби шумори образҳо, ки ба ин ё он васила ба сарнавишти қаҳрамон рабт доранд, озод аст. Аммо эҷоди асари бадеӣ-таърихӣ талаботи хоси худро дорад. Хоса, агар қаҳрамон фардест дорои шуҳрати оламшумул ва роҷеъ ба ӯ аллакай садҳо китоб навиштаю мунташир шудааст. Дар ин ҳолат кори муаллиф даҳҳо маротиба мушкилтар мегардад ва вазифаи аввали ӯ аз ин иборат аст, ки такрор нагӯяд, саъй намояд, ки ба хонандаи худ маълумоти тоза ироа бисозад ва ё агар такрор мегӯяд, беҳтару хубтар ва рангинтару муассиртар аз муаллифони собиқ бигӯяд.
Мусаллам аст, ки эҷоди ҳар асари бадеӣ-таърихӣ аз сӯйи муаллифон дар заминаи рӯйдодҳо ва ҳаводиси таърихӣ, ба мисол ҷанги миёни давлатҳову салтанатҳо сурат мегирад. Муаллифони чунин асарҳоро метавон бар ду гурӯҳ қисмат кард: якумиҳо ба ин ҳаводис аз зовияи мухталифи таърихӣ рабт доранд. Миёни гурӯҳи дуюми муаллифону мавзӯи пайгиришуда алоқаи таърихӣ дида намешавад. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки дуюмиҳо ҳама рӯйдодро холисонаю воқеъбинона ба риштаи тасвир кашидаву ҳаводори тарафе набудаанд. Ҷойи пинҳон нест, ки гурӯҳи аввали муаллифон бо назардошти манфиатҳо ва ғаризаҳо асар нигошта, дар он саъй мекунанд, ки бартарияти тараферо, ки мутааллиқ ва ё ҳаводораш ҳастанд, дар қиёс ба тарафи муқобил ба риштаи тасвир бикашанд. Гоҳо дар ин росто барои мавқеъгирии муаллифон миллат, минтақа, дин, мазҳаб низ нақш мебозад ва аз ҳамин зовия мавзӯъро баррасӣ намуда, даст ба нигориш мезананд.
Искандари мақдунии ҷаҳонхоҳ аз симоҳои таърихиест, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо сарнавишт ва лашкаркашиаш то ҳанӯз ҳам таваҷҷуҳи дӯстдорону ҳаводорони таърих ва пайгирони ҳаводису рӯйдодро ба худ ҷалб мекунад. То кунун вобаста ба ӯ садҳо китоби мухталиф дар заминаи илм, таърих ва бадеӣ-таърихӣ навишта шудаву оянда хоҳанд навишт. Дар адабиёти тоҷик ҳам чи дар гузашта ва чӣ имрӯз ба мавзӯи Искандари мақдунӣ мароқ зоҳир кардаву асарҳои мухталиф рӯйи чоп омадаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ китоби “Достони писраи Худо”-и Сорбон (соли 2005), Китоби “Спитамен”-и Ато Ҳамдам дар ҳаммуаллифӣ бо Леонид Чигрин (соли 2018) ва китоби илмӣ-пажӯҳишии “Ҳуҷуми Искандар ба Паритакен”-и Муҳтарам Ҳотам (соли 2018) аз ин шуморанд.
Манзури мо аз ин навишта романи “Спитамен”-и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин аст. Китоби мавриди назар чаҳор қисматро дар бар гирифта, “Мушовири Искандари мақдунӣ”, “Спитамен”, “Хиёнат” ва “Корномаҳои нави Спитамен” номгузорӣ шудаанд. Дар як навиштаи хурд баррасии ҳусну қубҳи ин асари бузург аз имкон берун аст. Аммо саъй мекунем, то ҷойи имконпазир назари худро баён дорем. Бо мутолиаи асар аввалин бардоштам ин буд, ки муаллифон саъй намудаанд, бо овардани далоили зиёд ақидаи бартариҷӯйи Ғарб бар Шарқро ботил созанд. Зеро ағлаби нависандагони ғарбӣ саъй бар он кардаанд, ки ҳуҷуми Искандари ҷаҳонталаб ба Шарқро бар дурӯғ ҷомаи ба истилоҳи худашон “маданияткунонии мардуми Шарқ” пӯшонанд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки ҳадафи писари Филипп танҳо аз кишваркушоӣ, ғасби заминҳо, ғорати мардум, бераҳмона саркӯб намудани душманони саркаш, тобеи юнониҳо сохтани аҳолии минтақаҳои ғасбгашта ва барои рушду густариши кишвараш фиристодани боигарии батороҷбурдааш иборат будаю халос.
Ҳанӯз аз қисмати якуми асар, ки аз бозгӯсозии шахсияти Лин Чжии дунёгард, дар ибтидо мушовири Доро, дар васат мушовири қавми Фироқ ва дар охир мушовири Искандари мақдунӣ ҳусни оғоз меёбад, эҳсос мешавад, ки асар аз неруи ҷаззобият бархӯрдор аст ва аз ҳамин ибтидо таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб намуда, ба идомаи мутолиа водораш месозад. Искандар, Спитамен, Антипатр, Оксиарт, Рухшона ва Будакени пешвои скфиҳо аз образҳои барҷасати қисмати якуми китоб ба шумор мераванд. Дар ин қисмат муаллифон Спитаменро ду маротиба ба маърази тасвир ҷалб намуда шахсияти ӯро барои хонанда муаррифӣ мекунанд: яке ба ҳангоми набарди танбатан бо Искандар ва дигар ба вақти фирор аз зиндону мулоқот бо пешвои скифҳо. Ҳамчунин бо овардани ҷузъиёти хурди дигар хислатҳои ҳамидааш бозгӯ мегардад.
Образи ҳакими чинӣ аз ибтидо то замони Искандарро хайрбод гуфтанаш хеле барҷаста ва ҷолиб ба қалам дода шуда, хонанда ба донишманд, дурбин, дорои фаросати баланд ва ба ҳаким буданаш эътимод ҳосил менамояд. Дар шахсияти ҳаким барои хонанда он нохушоям аст, ки бисёр саҳлу осон ва бо кӯрнамакӣ ба намакдони суғдҳо аз лаҳзаи аввалин мулоқоташ бо лашкаркаши мақдунӣ дар хидмати ӯ қарор мегирад. Ҳамин фикрро метавон дар нисбати Рухшонаву падараш Оксиарт баён намуд. Дуруст, ки ишқ омаданашро хабар намекунад, он ногаҳонӣ меояд ва ақлро тира мегардонаду худро бартар аз он дар зеҳни фард қарор медиҳад. Ишқ аст, ки дӯстонро аз ҳам ҷудову душманонро ба ҳам меорад. Рухшона, суғдидухтари ҷасур ба ҳамин ҳолат меафтад. Хонанда ӯро дарк мекунад, аммо падари ӯ, ки пешво ва роҳбари қавм аст, чунон зуд таслим мешавад, ки нафратро нисбат ба худ беихтиёр дар ниҳоди хонанда бедор месозад. Қонуни табиат аст, фарзанд барои ҳама азиз аст, вале чун тақдири фарзанд ва марзу бум ҳамзамон ба миён меояд, бояд масъалаи табор канор афтад. Ин ҳолат дар таърих бори аввал нест ва мо медонем, ки фарзандони содиқи ватан ба хотири ҳифзи мулки аҷдодӣ аз ҳама неъмат, ҳатто аз фарзандон рӯгардон шудаанд. Дур намеравем, дар ҳамин қисмати асар чунин ҳолат ҳаст ва бо маҳорати баланди нависандагӣ тасвир ёфтааст: он ҷо, ки писари пешвои скфиҳо ба дасти мақдуниҳо асир меафтад ва ба ваъдаҳои онҳо фирефта шуда, таслиму ҳаммаромашон мегардад. Ин амали фарзанд барои Будакени пешво чунон нанговар аст, ки барои чунин хиёнаташ дигар рӯйи фарзандашро дидан намехоҳад ва амр ба қатлаш намуда, қалби ӯро ба дасти худ гирифта, пеши сагҳо ҳаво медиҳад. Нафраташ нисбат ба фарзанди хоинаш то ҳаддест, ки қабл аз он ки ба қатлаш амр намояд, ба нукаронаш мефармояд “...пойлуч дар биёбони сӯзон бидавонедаш, пеш аз қаҳри падар бояд хоки аҷдодӣ ҷазояш бидиҳад”.
Искандари истилогар дар Мароқанди Суғд ҳанӯз аз лаҳзаи аввали бо суғдиҳо рӯ ба рӯ шудану дар майдони ҷанг дар ҳузури ҳазорҳо нафар сарбоз бо Спитамени диловар ба муқовимат пардохтанаш, эҳсос менамояд, ки дар Осиё, дар рӯбарӯяш мардуми ваҳшӣ, тарсу ва бефарҳанг қарор надорад. Ӯ худаш баъдан инро иқрор мекунад ва дар як нома ба модараш, Олимпиада андешаашро нисбат ба осиёиҳо чунин иброз медорад: “На хокест маскун бо қавмҳои нимваҳшӣ, балки сарзаминест иборат аз кишварҳои зиёди бодонишу фарҳанг ва бояд аз он бисёр чизҳоро биёмӯзем”. Ҷойи дигар чун аз фирори Спитамен ва аз пушти Сиёвуш будани ӯ иттилоъ меёбад, бо забони ҳол бузургии гузаштагони ӯ ва ҷасораташро эътироф карда, мегӯяд: “Пас, наслаш (Спитамен дар назар аст) сазовори аҷдод баромад. Ҳамчун сарбоз ва ҳамчун инсон, ки деворҳои сангин роҳашро баста наметавонанд”.
Бо чунин услуби нигориш дар асари мавриди назар агар аз як тараф раванди ҳодисаву рӯйдодҳо тасвири худро ёбад, аз тарафи дигар муаллифон мехоҳанд аз забони душмани аҷдоди худ асолат, озодагӣ ва фарҳангӣ будани гузаштагони худро эълом доранд.
Маҳорати хуби нависандагии муаллифон на танҳо дар устухонбандии рӯйдодҳо, тасвири ҳодисаҳо ва муназзамии баёни андеша, балки дар услуби баён, забони шево, тасвироти зебо, корбурди маҳсули офаридаи зеҳни мардум ва эҷоди ибораҳои зебои пандомӯз баръало таҷассум меёбад:
“Аз он ҷо кӯли сеҳрнок басо дилрабо менамуд. Бинанда гумон мекард, ки порае аз осмони нилгун дар кафи кӯҳсори муҳташам сар ниҳодааст”;
“Асби сӯхта пеш аз дигаронаш аз по меафтад”;
“Барои фаромадани тарма ағбаро ларзондан шарт нест, баъзан сангрезае ҳам кофист”;
“Шафқат зеби ҳар шоҳ аст”;
“Вақте ки дег меҷӯшад, бояд бӯяш барояд, вагарна ё дег мекафад ва ё ғизо рехта, оташро хомӯш мекунад”;
“Муҳаббат тармаи кӯҳро мемонад”;
“Магар Офтобро пурсида мешавад, ки гулу гиёҳро дӯст медорад?” ва монанд ба ин даҳҳо ибораҳои зебо метавон мисол овард, ки ба асар ҳусну таровати тоза бахшидаанд...
Тавре дар фавқ ишора шуд, ки дар як навишта наметавон тамоми паҳлуҳо ва ҳусну қубҳи як романи бузургро ба риштаи тасвир кашид. Ҳарчанд саъй намоӣ ҳам, ин номуяссар аст. Аз ин ки гуфтанӣ бисёр, аммо имконият маҳдуд аст, андешаи худро дар мавриди романи “Спитамен” бо як ҷумла хулоса мекунем: баръало равшан аст, ки роман дар натиҷаи омӯзиши дақиқи саргузашти Искандари мақдунӣ, таърихи ниёгон нигошта шуда, ҳадафи умда аз ин таълиф рӯ овардан ба таърихи гузашта, муаррифӣ намудани қаҳрамонони миллат барои насли имрӯзу оянда ва бад-ин васила дар қалби хонанда бедор кардани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ иборат аст.
Бо итминон метавонам ақида бикунам, ки он дар тарбияи насли наврас метавонад нақши бориз бозад ва ганҷури адабиёти пурғановатамонро ба сифати як китоби хубу хонданӣ пурбортар гардонад.
Сироҷиддин Икромӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: