Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нашриёти «Адиб» дар шаҳри Бохтар намоиш-фурӯши китоб доир кард

Нашриёти «Адиб» дар шаҳри Бохтар намоиш-фурӯши китоб доир кард

2-07-2021, 11:34
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Нашриёти «Адиб» дар шаҳри Бохтар намоиш-фурӯши китоб доир кардИмрӯз Муассисаи нашриявии «Адиб» дар майдони «70- солагии Водии Вахш»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон намоиш- фурӯши китоб доир намуд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ зиёда аз 5 ҳазор нусха китоб иборат аз 140 номгӯйи асарҳо аз адабиёти классику муосири тоҷик ва ҷаҳон, инчунин адабиёти бачагонаро пешкаши алоқамандони мутолиа гардонида шуд.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш-фурӯши китоб намояндагони соҳаҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷамъ омада, асарҳои писандидаи хешро дарёфт намуда шоиру нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос шуда, дар китобҳои харидаашон соядаст мегиранд.

Ин бори дуюм аст, ки дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Нашриёти «Адиб» чунин намоиш-фурӯши китоб баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 12 декабри соли гузашта дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид. Мояи ифтихор ва хушҳолист, ки давоми ду соати баргузории ин намоиш-фурӯш 5000 нусха китобҳои пешниҳоднамудаи муассисаи мазкур пурра ба савдо рафтанд, ки ин бори дигар аз муҳаббати беандозаи ҳамватанони мо ба китоб ва арҷгузорӣ ба он дарак медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: