Мо тариқи зиндагӣ аз оқилон омӯхтем20-11-2020, 11:53
Хабарро хонданд: 528 нафар
Назарҳо: 0
Мусоҳиба бо нахустсардабири ҳафтаномаи "Минбари Халқ" Бахтиёр Муртазо - Устод, нахустин мактабе, ки инсон дар он таҳсилро оғоз мекунад, мактаби волидайн аст, аз ин таҳсил чизе дар хотири шумо боқӣ мондааст? - Мардуми мо як сухан доранд, одатан вақте ҳарф ё суолатон хуш омад, мегӯянд: «Ҷони гапро гуфтед». Ин суоли Шумо хотироти бисёр амиқи 75-76 сол муқаддамро дар зеҳнам бедор кард. Ман тифли даврони ҷангам, яъне Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Соли 1940 таваллуд ёфтаам, ба шаҳодати падарам 23 май. Вале дар замони мо суннати шаҳодатномагирӣ тақрибан набуд. Танҳо вақте ки понзадаҳсола шудам, зарурати гирифтани шаҳодатномаи таваллуд пеш омад. Як нафар бонуи осетин, ки дар шӯъбаи шаҳодатномадиҳӣ фаъолият мекард, ҳатто моҳашро аз ман напурсида сариқалам бо як беэътиноӣ аз пеши худ 4 июл навишт. Дигар ҷои баҳсу талош намонд ва маро аз дар берун карданд… Ҷанг дар тасаввури мо тифлон деви бузургеро мемонд, ки нафаси шумаш то ба мо расида буд. Падарам директори мактаби ҳафтсолаи деҳаи ҳамсоя будаанд ва аз ҳамин вазифа ба аскарӣ рафтаанд. Дар хона яккафарзанд будам, ду тифли дигари волидайнам, ки аз ман пештар таваллуд шудаанд, ба чӣ иллате вафот кардаанд. Бо модар танҳо мондем. Ман ба қавли модарам «хоки даштро лесида» бузург шудам. Модар субҳи барвақт каландро мегирифтанду мани хоболудро, ки аз доманашон дошта кашол мешудам, ҳамроҳ ба кори колхоз мебурданд. Он вақт ба касе музди меҳнат ва ё ба ҷои он ҳатто як каф ғалла намедоданд. Танҳо дар як рӯз як навъ ғизо мепухтанд, ки онро «дами гарм» мегуфтанд. Шариф-Тӯқсабо ном як шахс бо шогирдаш аз анбори колхоз сари китфаш чизеро мисли мош, гандум ё ярма меоварду дар дег меандохт ва «дами гарм» омода мекард. Мардум ӯро бо лаҳни худ Тӯқсоба мегуфтанд. Ба назари ман баъд аз хурдани ҳамин дами гарм колхозчиён ҳол мегирифтанду дурусттар каланд мезаданд… Баъзан ҳамин ғизо ҳам насиб намекард ва аз саҳро сари хаму шиками гурусна бармегаштем. - Шумо низ, ки бо модар хамроҳ будед, аз ин ғизо истеъмол мекардед… Бале, мисли ҳама як косаи оҳании ба латта печонидаро ҳамроҳ мегирифтем. Вақти пешин барои хурок овардан ман сари дег мерафтам. Шариф-Тӯқсабо ҳаққи модарро ба коса мерехту сипас кафлезро як силтав медоду мегуфт: Ин ҳаққи ту! Хеле хурсанд мешудам ва пеши модар медавидам, ки ошпаз ҳаққи маро ҳам дод. Модар бо табассуми маҳзунона ғизоро бо ман қисмат мекард. Худ хеле кам тановул менамуд, то ба ман бештар монад. Ман бо ҳамин силтави кафлез калон шудам. Солҳо гузаштанд. Баъдан вақте ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекардам, барои хизмат ба ҳайси тарҷумон ба Афғонистон рафтам. Аз он ҷо барои ҳадя як миқдор пиёлаи кабуди ҷигдагул овардам, ки байни мӯйсафедон хеле маъруф буд. Агар дар хотир дошта бошед, Пӯлод Толис ҳамин гуна пиёла доштааст ва шодравон Гулназар Келдӣ бо ҳамсари адиб мусоҳибаи муассире навишта буд, бо номи «Пиёлаи ҷигдагули Толис». Хуллас, ҳар мӯйсафеде, ки ба хабаргирии ман меомад, ҳатман як пиёла ба унвони савғотӣ аз Афғонистон медодам. Мӯйсафедон пиёларо ба бағал мегузоштанду дуои нек медоданд ва хурсанд мерафтанд. Боре ҳам шунидам, ки ҳамон Шариф-Тӯқсабо бемор будааст. Як пиёларо ҳамроҳ гирифтаму ба аёдаташ рафтам. Рӯи ҳавлӣ таги чинори бузурге хоб буд, дигар ҳарф намезад. Гуфтам шумо дар даври ҷанг барои мо дами гарм мепухтед... Гиря кард. Пиёлаи ҷигдагулро додам, дастони бемадорашро дароз карда гирифту ба чашм молида паҳлуяш гузошт. Ин охирин «суҳбат»-и мо буд... Ба донишгоҳ чӣ гуна дохил шудед? Нахустин устоди роҳнамои Шумо кӣ буд? - Муҳаббати китоб хондану илм омӯхтанро нахуст дар замири ман падар бедор карда буданд. Баъд аз ҷанг он кас боз дар вазифаи директори мактабу мудири маориф фаъолияташонро идома доданд. Як одати аҷиб доштанд, ҳамеша аз шаҳр баргарданд, ба сифати раҳовард китоб савғо меоварданд. Ба шарофати падар тамоми асарҳои устод Айнӣ ва дигар адибони тоҷикро дар давраи мактабхонӣ қироат карда будам. Шукр мегӯям, ки бобои ман аз тарафи модарӣ маъруф ба Домулло Хоҷа хатмкардаи мадрасаҳои Бухоро буданд ва ба ҳайси муфтӣ дар Қубодиён фаъолият ҳам кардаанд. Аз Бухоро бо як қолину ду сандуқ китоб баргаштаанд. Дидори он кас ба ман мушарраф нашудааст. Соли 1937 нафаре аз болояшон менависад ва бо ҷурми «душмани халқ» эъдом мешаванд. Китобҳо ба тағоям, ки марди донишманд буд, мерос мемонад. Ҳуруфи арабиасоси форсиро он кас ба ман омӯхтаанд. Бобои падариам Саидмуртазо хатмкардаи мадрасаи Қубодиён буданд. Бародари он кас Саидҷафъар мударриси мадрасаи Тошқӯрғони кишвари Афғонистон будаанд ва аз он кас ду китоб ба мо ёдгор мондааст, Каломи Шариф ва «Бадоеъ-ул Вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ бо хатти қаламӣ, ки то ҳол яке аз пурарзиштарин китобҳо дар хонаводаи мо маҳсуб мешаванд. Хондани ҳамин китобҳои арзишманд дар дили ман завқро ба риштаи адабиёт бедор кард. Дар тақдири минбаъдаи банда ду устод нақши муҳим бозидаанд. Яке Устоди маъруфи риштаи шарқшиносӣ Алиқул Девонақулов ва дигаре Ҷалил Бобомуродов. Устод Девонақулов курси дусолаи Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба мо сабақ меомӯхтанд. Муаллим дарк намуданд, ки донишашон комил нест, боз рӯ ба донишгоҳ оварданд. Аҷиб ин буд, ки вақте эшон дар курси панҷуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекарданд, ман муҳассили курси аввали ҳамин донишгоҳ будам. Ҳанӯз, вақте ки дар синфи нуҳум таҳсил доштам, Ҷалил Бобомуродов маро ба наздашон даъват намуда, хоҳиш карданд, ки вазифаи котиби ташкилоти комсомоли мактабро ба зимма гирам. Баъдтар сабаби сардабири рӯзномаи девории мактаб шуданам низ ҳамин устод буданд, ки ба фаъолияти минбаъдаи ман дар самти комсомол ва рӯзноманигорӣ роҳ кушод. Бубинед, ки аз курси сеюм дар рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и таълимгоҳамон ба ҳайси хабарнигор ба кор даъват намуданд ва дар курси чор ним баст дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият мекардам. Дар он ҷо маводи АПН (Агентство печати «Новости»)-ро, ки аз бузургтарин оҷонсии иттилоотии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд ва дар тамоми ҷаҳон намояндагии худро дошт, тарҷума мекардам. Ҳафтод сӯм маош ва бисту ҳафт сӯм бурси донишҷӯӣ (стипендия) мегирифтам, ки барои зистан дар шаҳри Душанбе хеле кифоят мекард. - Нахустин мақолае, ки навиштед… -Ман шуморо хуб фаҳмидам. Маҳзабшо Муҳаббатшоев, ки ба ҳайси котиби масъул дар «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият мекард, боре маро даъват намуд. Супориш дод, ки дар бораи ронандаи оддие, ки номзадии худро ба вакилии Шӯрои Олӣ пешбарӣ карда буд, матлабе нависам. Хеле дасту по хӯрдам. Дар бораи як ронандаи оддӣ чӣ менависам? Муҳаббатшоев табассум кард: «Ба автобаза рав, он тарафаш рӯшан мешавад». Ронандаро ёфтам, ҳоло дар хотир надорам ба кадом ноҳияи дурдаст буд, вале ҳамроҳаш ба куҷое сафар кардам. Воқеъиятро дар шакли лавҳа бо унвони «Кӯш, то халқро ба кор оӣ» аз зиндагӣ ва фаъолияти ӯ рӯи коғаз овардам. Агар ҳамроҳаш сафар намекардам ва ҳаёту фаъолияташро бо ҷон эҳсос наменамудам, шояд як суҳбати хушк анҷом медодам ва матлаб то ин андоза зинда ва самимӣ намешуд. Ба идораи рӯзнома низ писанд омад. Нахустин мақолаи ман, ки дар рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр шуд, ҳамин буд. - Мехоҳам аз як матлаби хеле маъруфи Шумо «Наҳанги ҷумҳурӣ» ёдовар шавам, ки ҷомеаро сахт такон дода буд. Шумо баъд аз нашри он мавриди таҳдид ё таъқиб қарор нагирифтед? - Таҳдидҳо зиёд буданд. Ёд дорам, ҳамон вақт дар вазифаи мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият доштам. Зиндаёд Муродуллоҳ Шерализода ба хотири ин, ки дар рӯзноманигорӣ таҷриба доштам, маро аз маҷаллаи «Садои шарқ» даъват карда буд. Бо мавсуф рафиқи наздик будем ва ҳатто чанд нафар аз болои ӯ шикоят бурданд, ки дӯстонашро ба кор гирифтааст. Боиси ифтихор аст, ки ҳамон солҳо шодравон Акбари Сатторро худам шахсан бо ӯ суҳбат карда, ба кор даъват намуда будам. Пас аз ду-се сол маро муовини сардабир таъйин карданд ва ман ба вазифаи мудири шӯъба номзадии Акбарро тавсия додам, ки бо вуҷуди ҷавон буданаш хеле боистеъдод буд… - Бармегардем сари баҳси мақола… - Бале, ҳамон солҳо доир ба фаъолияти вазири ғалла як мактуби шикоятӣ омад. Вазорат нав аз «километри нӯҳум» ба бинои парлумон кӯчида буд. Ба назди вазири ғалла Абдумалик Абдуллоҷонов рафтам. Аслан байни мо ҳеҷ ғараз ва ё кина набуд. Гуфтам, раиси муҳтарам, ба идораи нашрия як матлаби танқидӣ ворид шудааст, мехоҳам ба баъзе суолҳо аз Шумо посух гирам. Ба «мақолаи танқидӣ» сарсарӣ назар афканду авзояш дигар шуд. Зуд кулоҳи лапардорашро пӯшиду портфелашро ба таги каш зад ва «Уко мана Қаҳҳор Махкамов ҷеғ задагӣ, вақт надорам» гуфту рафт. Дигар на посухи «ҳа» шунидему на «не»… Бо супориши сардабир ду маротибаи дигар рафтам, қабул накард. Ба котибааш рақами телефонамро гузоштам, ки агар андаке аз кор фориғ шуданд, маро даъват кунед. Касе занг назад, маҷбур худам тамос гирифтам, вале ҷавоб доданд, ки ҳоло фурсат надорад. Дигар ҷои баҳс набуд. Далелҳоро ҷамъ кардаму як мақолаи таҳлилию интиқодӣ навиштам. Бояд ёдрас шавам, ки аз «қаҳрамониҳои» мояи ҳайрати ин вазир он буд, ки ғаллаи барои ғизои ҳайвонот таҳияшударо аз Қазоқистон ба кишвар ворид карда, вале дар ҳуҷҷат онро ҳамчун ғаллаи навъи якум, ки гӯё аз Канада ворид шудааст, нишон медиҳад. Ҳамин минвол фарқияти маблағро ба ҷайб мезанад, ки тафсилоти ин ва дигар корнамоиҳояш дар мақола дарҷ гардида буданд. Назди сардабири рӯзнома Муродуллоҳ Шерализода бурдам. Хонд, хеле андеша карду гуфт: «Сахт навиштед, мо рӯзномаи парлумонӣ, ба ман ҳаргиз иҷоза намедиҳанд, ки дар ҳаққи як вазири Ҳукумат чунин матлабро нашр кунам, беҳтараш ба дигар рӯзнома баред». Назди Мазҳабшо Муҳаббатшоев, сардабири «Ҷумҳурият» бурдам, он кас низ гуфтанд, мо ҳам нашрияи ҳукумати ҳастем, илоҷи нашр кардан надорем. Дари чанд рӯзномаи дигарро кӯфтам, вале касе ҷуръат надошт, ки чоп кунад. Ниҳоят ба нашрияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзномаи «Сухан» рафтам. Сардабираш дар сафар будааст, назди муовини сардабир даромадам. Ҳамон вақт, яъне солҳои навадуми асри гузашта чанд нафар алайҳи Нур Табаров иғво ангехта, аз вазифаҳои масъул дур карда буданд ва эшон дар рӯзномаи «Сухан» вазифаи муовини сардабирро ба зимма доштанд. Хуб қабул карданд ва пас аз хондани матлаб ғайриинтизор зуд розӣ шуданд, ки он ба нашр расад. Шуморае, ки дар он мақолаи «Наҳанги ҷумҳурӣ» саҳифабандӣ шуд, дар матбааи «Хонаи матбуот» (Дом печати) аз чоп баромад. Вале… Бубинед, ман хабар надоштам, ки Абдумалик Абдуллоҷонов аз паси ман чанд гумоштаи худро гузошта будааст ва онҳо аз нахустин сӯҳбат бо вазир ҳар қадами маро назорат мекардаанд. Баъд аз нашри матлаб ғайр аз ду-се донае, ки дар даст доштем теъдоди дигари рӯзномаро ба якбор аз матбаа «рӯфтанд»… - Бо фармони Абдуллоҷонов? - Бале, ҳамон гумоштаҳое, ки аз паси ман назорат мебурданд, ин корро анҷом доданд. Рӯзи дигар, бо раҳнамоии чанде аз дӯстон нусхаи рӯзномаро гирифта ба матбааи ноҳияи Орҷоникидзобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) рафтем ва дубора нашр кардем. Баъд, нусхаҳои рӯзномаро ба бинои Почтаи марказӣ (Главпочта) оварда, лифофаҳои бузургҳаҷм харидем ва дар дохили онҳо гузошта, ба шаҳру навоҳии кишвар ирсол намудем. Ягона усули ба мардум дастрас намудани рӯзнома ҳамин буд, вагарна нашри дуюмро низ маҳв мекарданд. Бояд ҳамин нуктаро ёдрас шавам, ки ин усули паҳнкунии рӯзнома паёмадҳои аҷиб нишон дод. Нахуст, дар аксари шаҳру навоҳии кишвар гумон карданд, ки чун мақола дар лифофа омад, чизи супоришӣ аст ва онро дар ҷаласаҳои райкому горком ба таври васеъ муҳокима намуданд. Дуюм, рузе дар яке аз суҳбатҳо профессор Иброҳим Усмонов ишора карданд, ки дар шуъбаи журналистикаи ДМТ, ҳангоми омӯзиши жанри «тадқиқоти журналистӣ» мақолаи «Наҳанги ҷумҳурӣ» ба барномаи дарсӣ ворид шудааст. Дигар ин, ки мақолаи банда рӯзноманигорони маҳаллиро сахт таҳрик дод ва онҳо силсилаи матолиберо аз корномаҳои «наҳангҳои маҳаллӣ», мисли «Наҳанги Қумсангир», «Наҳанги Ёвон», «Наҳанг дар Панҷакент» навишта, ба унвони банда ирсол менамуданд, ки бахше аз онҳо баъд аз омӯзиш нашр шуданд. - Яъне Шумо ба яке аз «наҳанггирон»-и ҷумҳурӣ табдил ёфтед? - Бале, мардум хеле мехостанд, ки «наҳанг»-и онҳоро низ ба тӯр печонам. Бовар кунед, ҳамон вақт худро раиси артели наҳангдорони кишвар эҳсос мекардам… - Устод, агар дар хотир дошта бошед, ҳамроҳ дар ошхонаи «Шарқи Озод» наҳорӣ мехӯрдем ва яке аз рӯзноманигорони маъруф ба мизи мо нишасту дасти Шуморо фишурда гуфт, ки ман тарзи баёни худро дар тарҷумаи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, ки ба қалами Шумо тааллуқ дорад, такмил додаам. Ҳамон лаҳзаҳоро дар хотир доред? - Бале, ин лаҳза маро хеле муассир карда буд. Ин китоб барои ман хеле азиз аст, чун қиссаи навиштани он аҷиб аст. Баъд аз фориғутаҳсил шудан аз донишгоҳ ва чанд соли фаъолият дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба Афғонистон сафар намудам. Дар Афғонистон нашри русии ҳамин романи маъруфи Стендал «Сурх ва сиёҳ» ба дастам афтод. Ба хотири ин, ки рӯзноманигор будам ва намехостам, ки забони тоҷикиро фаромӯш кунам, ба тарҷумаи он пардохтам. Қароргоҳи мо дар назди масҷиди ҳазрати Алӣ ибни Абутолиби шаҳри Мазори Шариф қарор дошт. Ҳар субҳ соати чаҳор бо садои азони муаззини масҷид, ки аз тариқи баландгӯяк садо медод, бедор мешудам ва шуғли асосии ман то оғози кор тарҷума буд. Баъди баргаштан аз Афғонистон китоб бо сарварии сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб ва иштироки устодон Ҳабиб Аҳрорӣ, Шамсӣ Собир, Шариф Шараф, Нусур Холмуҳамад китоб мавриди муҳокима қарор гирифт. Аслан нахустин шахсе, ки ин китобро пурра қироат кард шодравон Гулназар Келдӣ буд, ки хеле хуш пазируфт. Гуфтанд, ки бо даровардани баъзе тасҳеҳҳо китоб барои нашр омодааст. Дар хотир дорам ҳамон айём як боби бузурги он дар маҷаллаи «Садои шарқ» низ нашр шуд. Аз Шамсӣ Собир низ хоҳиш кардам, кӣ тарҷумаро як маротиба пурра аз назар гузаронанд ва андешаҳояшонро гӯянд. Тасодуфи аҷибе иттифоқ меафтад. Он кас нусхаи тарҷумаро ҳангоми дар истироҳатгоҳе қарор дощтан мутолиа мекарданд, ки устод Сотим Улуғзода ба наздашон медароянд. Мепурсанд, ки бо чӣ кор машғулӣ? Шамсӣ Собир посух медиҳанд: «Тарҷумаи як ҷавонро таҳрир карда истодаам». Устод Улуғзода ба курсӣ мешинанд ва мегӯянд: «Ку, чанд саҳифа бихон, бубинем чӣ ҳунар доштааст…». Шамсӣ Собир баъдтар нақл карданд, ки одатан як ё ду варақ хондан кифоя буд, ки устод хулоса бароранд. Вале ман беш аз ҳашт саҳифа хондам, устод хомӯш буданд. Ногузир хомӯш шудам. Устод сар бардоштанду кӯтоҳ гуфтанд:-Хеле ҷолиб ва хонданӣ, нашр шавад, ҳатман варақ мегардонам… Шамсӣ Собир як тавсияи хуб менависанд ва китоб бо теъдоди даҳ ҳазор адад ниҳоят дар нашриёти «Ирфон ба табъ мерасад»… Устод, Шумо нахустин сардабирони ҳафтаномаи «Минбари халқ» мебошед. Ба ин вазифаи масъул Шуморо кӣ ҳидоят кард? - Баъд аз як соли террор шудани шодравон Муродуллоҳ Шерализода дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ба вазифаи сардабири рӯзномаи «Садои Мардум» Мирзомаҳмуд Мирбобоевро тасдиқ намуданд. Баъд аз чанд муддат Иброҳим Усмонов маро даъват карданд, ки роҳбарияти Шӯрои Олӣ мехоҳад ба вазифаи сардабири рӯзномаи парлумон номзадии шуморо пешбарӣ кунад. Хоҳишашонро рад кардам, ки бо Мирзомаҳмуд аз давраи донишҷӯӣ дӯст будем. Гуфтам, агар кор ба ин минвол сурат гирад ман худро намебахшам ва Мирзомаҳмуд низ то растохез аз ман домангир хоҳад буд. Иброҳим Кенҷаевич табассум карду гуфт:- Аслан шуморо ба ду вазифа пешниҳод карданд, дувумаш сардабири нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ», ногузир бояд якеро интихоб кунед. Оҳи сабук кашидам ва бо вуҷуди ин, ки ҳанӯз рӯзномаи «Минбари халқ» таъсис наёфта буду корро бояд аз сифр оғоз мекардам, ба пешниҳоди Раёсати ҳизб розӣ шудам. Соли 1994 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва номзадии Абдумалик Абдуллоҷонов низ бо мусоидати хоҷаҳои беруниаш пешбарӣ гардида буд. Ман, ки корномаву табиати ин шахсро хуб медонистам, силсилаи мақолаҳои интиқодӣ, аз ҷумла «Наҳанги ҷумҳурӣ 2»-ро навиштам. Шумо соли 1996 ба вазифаи Сардабири ҳафтаномаи «Минбари халқ» таъин шудед? Ҳафтанома аз кадом ҳисоб нашр мешуд? - Бале, соли 1996 ба ин вазифа таъин ва баъдтар дар Президиуми КИМ ҲХДТ (маҷлиси Раёсат) тасдиқ шудам. Бояд як нуктаро арз кунам, ки дар ибтидо «Минбари халқ» гоҳнома буд. Ҳанӯз аъзои ҳизб обуна намешуданд ва бо дастгирии шахсони хайрхоҳ нашр мекардем. Бовар кунед, бо вуҷуди он, ки ҳафтанома ба таври номунтазам нашр мешуд ва аз маош танҳо номаш вуҷуд дошт, касе корро тарк намекард. Касбамонро дӯст медоштем. Медонистем, ки вазифаи аслии рӯзнома муаррифии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст ва ин рисолатро сарбаландона иҷро менамудем. Бубинед, имрӯз ҳафтаномаи «Минбари халқ» ба яке аз сертиражтарин рӯзномаҳои кишвар табдил ёфтааст. - Устод, дар фарҷоми суҳбат мехоҳам ин нуктаро арз кунам, ки ифтихор менамоем, то ҳанӯз бо мо ҳастед ва ба сифати хабарнигори махсуси ҳафтанома дар Неругоҳи «Роғун» фаъолият доред ва хонандагони ҳафтанома ҳамеша мақолаҳои Шуморо дар бораи корномаҳои нурофарони ин Кохи нур интизоранд. Гузашта аз ин солҳои охир хеле пурмаҳсул будед ва чанд китобро низ ба хонандагон тақдим намудед… - Сеҳри қалам чизе будааст, ки чун ба даст гирифтед, ҳаргиз шуморо ором намегузорад. Ман то ҳанӯз дар банди ин муъҷиза қарор дорам. Пайваста мақола, очеркҳо менависам ва бо тарҷумаи асарҳои нависандагони маъруфи ҷаҳон ҳам машғулам. Охирин китобе, ки навиштам маҷмӯаи очеркҳо ва қиссаҳои мустанади «Хӯшаҳо аз киштаҳо» аст, ки ҷилди дувуми он низ ба чоп омодааст. - Китобҳои дигари Шуморо низ бесаброна интизорем. Ташаккур барои як суҳбати хеле ҷолиб. - Ба ҳайси сардабири ҳафтаномаи «Минбари халқ», ки идомадиҳандаи кори банда ҳастед ва ба аҳли қалами ин ҳафтаномаи бонуфуз пирӯзӣ ва комёбиҳо мехоҳам. Мусоҳиб Бахтиёр Ҳамдам |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.