Таҷлили ҷашн дар ТИ «Бойгонӣ»10-03-2016, 17:38
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гашт, ки дар он Сайдалӣ Асоев-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Сафар Нурмаҳмадов-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фирдавсӣ ширкат доштанд. Дилором Мирсаидова, сардори муассисаи номбурда оид ба марҳилаҳои рушду такомули Артиши миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфт, ки Артиши миллӣ тӯли даврони соҳибистиқлолӣ аз шароитҳои нокофӣ то ба як артиши пурқудрату неруманд мубаддал гаштааст. Дар давоми фаъолияти хеш роҳи пурпечутобу мураккабро тай намуда, ба дастовардҳои бузург комёбу мушарраф гаштааст. Низомиёни артиш дар фаъолияти хеш ҷавонмардиву ҷасорати азим нишон дода, барои марзу буми кишвар ҷоннисориҳо намудаанд, ки таърих корнамоиҳои онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Сайдалӣ Асоев ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Бойгонӣ» баҳои хуб дода, иштирок ва саҳми онҳоро дар маъракаҳои сиёсии кишвар тавсиф намуд. Маҳз тавассути кори хуби чунин ташкилотҳо ноҳия дар маъракаи интихоботи вакилон, дар иштирок ва овоздиҳии интихобкунандагон дар пойтахт ҷойи аввалро гирифт. Имрӯзҳо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хизмати бузургеро ҷиҳати ҳифзи арзишҳои таърихӣ анҷом медиҳад, ки барои насли навраси имрӯзу оянда хеле муҳим аст. Дар қисмати дуюми чорабинӣ шеъру саҳначаҳо қироат ва намоиш дода шуд, ки мазмуни ватандӯстиву ватанпарварӣ доштанд. Ҳамчунин наворҳои таърихӣ роҷеъ ба таъсисёбии Артиши миллӣ ва фаъолияти он намоиш дода шуд. Инчунин суратҳои қадимиву таърихии сарбозони тоҷик дар намоишҳои ҳарбӣ ва ҳангоми иҷрои хизмат аз солҳои 1939 то имрӯз ба маърази ҳозирин пешкаш гардида буд. С. Зуҳра |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.