Дастури амал3-03-2016, 16:10
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Дар Маркази миллии ташхис ва табобату таълим, бо иштироки кормандони Маркази бемориҳои СПИД ва Маркази бемориҳои тропикӣ, МСШ №12 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Холиқзода баргузор гардид. Мақсад аз ин вохӯрӣ шарҳу таҳлили нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сайдалӣ Асоев-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ширкат дошт.
Сараввал дар назди ҳозирин Хушвақт Шарипов- директори маркази номбурда, дар мавриди Паёми Сарвари давлат, ки ба соҳаи тандурустӣ бахшида шуда буд, ҳарф зад. Мавсуф таъкид намуд, ки ба зиммаи кормандони соҳаи тандурустӣ масъулияту боварии азим вогузор шудааст, ки бояд бо меҳнати ҳалолу сатҳу сифати баланди хизматрасонии тиббӣ шоистаи ин боварӣ бошем. Таваҷҷуҳ ба ин соҳа ба хотири хизматрасонии беҳтар сол ба сол зиёд гашта, шароити корӣ хуб ва моҳонаи кормандон афзун мешавад. Сипас, Абдураҳим Ҳолиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳимро шарҳу эзоҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки Паёми Сарвари давлат дастоварду мушкилот ва ҳалли онҳоро дар доираи қонун дар бар гирифта, ба масъулони соҳа ва тамоми шаҳрвандон як дастури амал маҳсуб меёбад. Паёми имсола хусусияти иқтисодӣ дошта, мақсад аз он таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвадон аст. А. Холиқзода, бахусус аз мавзӯи коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то 31 дарсад ва коҳиш ёфтани нишондодҳои фавти модару кӯдак, ки ба 1,6 (фавти модарон) ва 2,5 (кӯдакон) баробар аст, то дидани чораҳои зиддибуҳронӣ ва мубориза алайҳи омилҳои номатлуби экстримизму терроризм, дар маҷмӯъ ба тамоми масоили зикршуда рӯшанӣ андохт. Дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки қисмати аввали тағйироту иловаҳо хусусияти забонӣ, имлоию баёнӣ дошта, қисмати дуюм тағйиру иловаҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад. А. Холиқзода таъкид намуд, ки ҳамаи ин иқдому пешниҳод ва вазифагузориҳо баҳри зиндагии беҳтару хубтар ва рушду суботи мамлакат аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.