Мусоҳиба бо Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:-
Сараввал, хуш омадед ба идораи ҳафтаномаи мо. Мехостам оид ба як омили муҳими робитаҳои инфиродиву ҷомеавӣ - эътимод суҳбате дошта бошем. Ба назари Шумо, он дар рушди муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодии давлату ҷомеа чӣ нақш ва вазн дорад?- Суоли хуб ва то андозае ҳассосро матраҳ кардаед. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21-уми декабри соли 2021 чунин қайд карда буданд: «Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем. Таъкид месозам, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад». Бале, эътиқод бузургтарин муъҷизаест, ки мавҷи иҷтимоӣ ва неруи созандаи аъзои ҷомеаро бо камтарин масраф маротибаҳо афзун менамояд. Яъне, сифати иқтисодии боварӣ дар низоми иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа баръало ҳис карда мешавад. Имрӯз муҳаққиқон ва коршиносон дарк мекунанд, ки кори нокифояи институти боварӣ, яъне беэътимодӣ дар ҷомеа ба рушди иқтисодиёт ва фаъолияти сармоягузорӣ монеъ шуда, як қатор натиҷаҳои дигари манфии низоми иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро ба миён меорад. Мутаассифона, масъалаи омӯзиши институти боварӣ дар илми иқтисодӣ чандон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Нобаробарӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, сатҳи баланди тафовути даромади аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор, падидаҳои ғайримантиқона, ноодилона тақсим кардани захираҳо байни иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ, рушди муносибатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои мухталифи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки мушоҳида мешавад, боиси ба вуҷуд омадани буҳрони эътимодӣ, коҳиш ёфтани эътмоди мардум ба институтҳои ҷамъиятиву давлатӣ хоҳад гашт. Рушди чунин падидаҳо сабаби паҳн шудани нобоварӣ дар муносибатҳои байни иштирокчиён ё агентҳои муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ шуда, ба татбиқи самараноки барномаҳо, лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди устувори иқтисодиёт монеъ ҳам эҷод карда истодааст. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар айни ҳол ҳарчанд давраи гузаришро паси сар карда ба марҳалаи нави рушд ворид шуда истодааст, аммо фаъолияти ниҳоди эътимод дар кишвар ҳанӯз заиф аст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва дарёфти механизми баланд бардоштани сатҳи эътимод дар марҳилаи имрӯзи рушди ҷумхурӣ мароқи калони илмию амалӣ дорад, зеро он ба ҳалли як қатор вазифаҳое, ки пеш аз ҳама бо ташаккули муҳити институтсионалии давлат алоқаманд мебошанд, мусоидат мекунад. Имрӯз ҷустуҷӯи механизмҳои самарабахши иҷтимоию иқтисодӣ, ки мустаҳкам шудани институти боварии субъектҳои иқтисодиро ба давлат ва байни худ таъмин менамояд, талаб карда мешавад.
-Аз ин бармеояд, ки эътимод яке аз маҳакҳои асосии рушди ҳар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар сурати акс - заифияти эътимод, рақобатпазирии ҷомеаҳо, чӣ суннатӣ бошанд, чӣ мудерн (нав), дар замони ҷаҳонишавӣ зери суол бурда хоҳад шуд?-Оре, чунин аст. Тибқи муносибати тамаддунӣ ва ё иҷтимоиву фарҳангӣ, эътимод дар рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, фарҳанг ва тамаддуни инсонӣ нақши калидӣ дорад. Баҳснопазир он аст, ки дар майдони фаъолияти иқтисодӣ бештар муносибатҳои ҷамъиятӣ-алоқаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ зоҳир мешаванд ва дар муносибатҳои иқтисодӣ қариб ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ - меъёру қоидаҳои гуногун ва уҳдадориҳои ахлоқӣ, урфу одатҳо ва расму оин ҳазм мешаванд. Аз ин рӯ, мо метавонем ба андешаи Фрэнсис Фукуяма -файласуф, иқтисоддон ва сиёсатшиноси амрикоӣ шарик шавем, ки тибқи он, некуаҳволии мардуми кишвар, қобилияти рақобатпазирии он ба хусусияти фарогирандаи фарҳангӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи эътимод, ки ба ҷомеаи кишвар хос аст, вобаста аст. Дуглас Норт - иқтисоддон ва файласуфи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Нобел таъкид мекунад: “Дарк кардан лозим аст, ки «анъанаи миллию фарҳангӣ мисли қувваи гравитатсия (қувваи кашиш, ҳамдигартаъсиррасонӣ миёни ҷисмҳое, ки дорои ҳаҷму вазн аст) мебошад - то аз баландии 2 метр ҷаҳидан нахоҳед, онро ҳис намекунед» .
Эътимод падидаест, ки фазои бисёрҷанба дорад ва хоси шахсият, ҷомеа ва муҳити институтсионалӣ мебошад. Эътимод ва бовариро метавон ҳамчун интизорие, ки дар дохили ҷомеа, оид ба рафтори муқаррарӣ ва поквиҷдонона будани аъзои он, ки изҳори омодагии фардро ба кумаки мутақобила мутобиқи тамоми меъёрҳои эътирофшуда суръат мебахшад, муаяйн намуд. Шахсе эътимод ва боварӣ пайдо мекунад, ки агар аъзои дигари ҷомеа, шарику ҳамкорони ӯ манфиати худро аз ҳисоби осебпазирии ӯ ба даст наоранд. Масалан, шаҳрванд барои соҳиби манзили истиқоматӣ шудан бо ширкати сохтмонӣ шартнома мебандад ва нисфи маблағро дар ҳаҷми дусад ҳазор сомони пардохт менамояд. Тибқи шартнома, сохтмони бино бояд дар ду сол ба итмом расад, аммо бо сабабҳои гуногун сохтмон 4 сол идома меёбад. Ин ҷо шаҳрванд дар тӯли ду сол на 200 ҳазор, балки 296 ҳазор сомонӣ ҳарҷ намудааст: агар вай ин маблағро ба бонк ҳамчун амонат бо 18% мегузошт, пас 72000 сомонӣ даромад мегирифт, илова бар ин, вай дар ду сол ҳамчун иҷорапулӣ моҳона ба ҳисоби миёна дар сатҳи 1000 сомонӣ дар ҳаҷми 24000 сомонӣ масраф намудааст. Шаҳрванди манзилгир, бо дарназардошти чунин масрафҳо, интизор буд соҳиби манзил гардад. Вақте сохтмон, ки бояд тибқи шартнома дар ду сол анҷом мешуд, 4 сол идома ёфт, масрафи 200 ҳазор сомонии шаҳрванд ба 592 ҳазор сомонӣ мерасад. Бисёр ҳолатҳое вомехӯранд, ки мубодилот дар соҳаи сохтмон мавриди муносибати қаллобӣ қарор гирифта, шаҳрванди пулпардохтнамуда на маблағ ва на манзилашро гирифта наметавонад. Дар ин маврид вай ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои рӯёнидани маблағи худ муроҷиат мекунад, аммо ин кор ҳам солҳо тӯл мекашад. Чун барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо кардани ҷинояткор, масалан ришваситонӣ ба маблағи ҳазор сомонӣ нисбат ба рӯёнидани зарари молиявии ҳаҷман бузурги шаҳрванд осонтар ва шояд манфиатовар бошад. Чунин мисолҳоро дар тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо овардан мумкин аст. Пас, дар ин маврид дар бораи эътимод сухан гуфтан хеле душвор аст. Бинобар ин, калонсолони мо дар суҳбатҳо бештар қайд менамоянд, ки «дар қарни гузашта мо сарватманд набудем, аммо хушбахт будем, зеро эътимод ба худ, ба оянда ва тақдири фарзандони худ доштем, тартиботи қавӣ буд, ҳуқуқи мо фавран ҳифз мешуд». Воқеан ҳам, ба гуфтаи Огюст Конт, прогресс ин рушди тартибот аст.
Ҳамин тариқ, эътимод як навъ зуҳури виҷдон ва самимият нисбат ба дигар аъзои ҷомеа, шарикон мебошад. Зуҳури эътимодӣ аз амалҳои интизорӣ ё ҳанӯз номаълуми шарикон вобастагӣ доранд. Боварӣ муҳимтарин унсури асосии сармояи иҷтимоӣ аст ва ҳамчун нишондиҳандаи асосии он баромад мекунад. Агар сармояи ҷисмонӣ ба объектҳои моддӣ ва сармояи инсонӣ ба маҷмуи сифатҳову хислатҳои шахсият асос ёфта бошад, пас ташаккули сармояи иҷтимоӣ ба робитаҳо ва муносибатҳои байни одамон ва маҷмуи муносибатҳои иҷтимоӣ, ки дар пояи меъёри боварӣ ба вуҷуд меояд, ташаккулу рушд меёбад. Воқеан ҳам, ғояи бунёдии ҷомеа ва эътимод дар мавриде ба неруи пешбар табдил меёбад, агар он сифати ашёӣ гирад. Масалан, ҳадафи конститутсионии ҷомеа ин фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар як аъзои ҷомеа мебошад. Дарки воқеии ин ҳадаф, ҳис кардани он аз тарафи аксари аҳолӣ неруи ангезишбахши рушди тамоми самтҳои ҷомеа мебошад. Бинобар ин, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 расонидани 50 фоизи аҳолии кишвар ба сатҳи табақаи миёна яке аз ҳадафҳо ва механизмҳои амалигардонии зиндагии шоистаи мардум мебошад. Мисоли дигар. Насли ҷавон ба хотири дастрасӣ пайдо кардан ба зиндагии шоистаи минбаъдаи худ тахассуси мувофиқро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ интихоб мекунад ва бо орзуҳои калон дохил мешавад. Пас аз хатм, вақте ҷойи кори сазовор пайдо карда наметавонанд, пас эътимоди ҷавонон ва волидайнашон нисбат ба роҳи интихобкарда коҳиш меёбад. Бубинед, аксари довталабон танҳо ба хотири ба сафи Артиш даъват нашуданашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шомил мешуданд. Вақте ин имтиёз барҳам хӯрд, шумораи довталабон ва донишҷӯён дар донишгоҳу донишкадаҳо ба таври чашмрас кам шуд. Устодони бузургсол, ки имрӯз дар нафақа ҳастанду давлати пирӣ меронанд, дар суҳбатҳояшон мегӯянд, ки замони пештар ба хонандаи мактаб ё донишҷӯе, ки дониш надошту ба саволҳои муаллим ҷавоб дода наметавонист, тасаввуроти ҳамту баҳо мондан набуд, яъне, виҷдон роҳ намедод, ки дар ин ҳолат баҳогузорӣ кунанд. “Дар ин маврид ягон кас (аз тарафи роҳбарият) моро маҷбур ва хоҳиш намекард, ки ба шогирди бесавод баҳо гузорем”. Чунин таври рафтору муносибат арзиши воло ва ҳамчун сифати иҷтимоӣ характери умумӣ дошт, яъне, ба боварии умумии ҷомеа табдил ёфта буд. Воқеан ҳам, ба шогирде, ки дониши кофӣ надорад, баҳои қаноатбахш мондан ин хиёнат ба худ, ба шогирд ва волидайн, умуман, хиёнат ба ин ҷомеаву миллат мебошад. Ҳолати имрӯза дар аксари муассисаҳои таҳсилотӣ ногувор аст, ки мардум инро медонанд. Ин ҷо таъкиди як мутафаккире ба хотир меояд, ки гуфта буд: “Ман дониш андӯхтан мехоҳам, аммо устод халал мерасонад”. Мутаассифона, чунин ҳолатҳоро метавон мушоҳида намуд: донишҷӯи фаъол соли аввали таҳсил кӯшиш менамояд, ки истеъдод ё лаёқати худро нишон диҳад, аммо охири сол, дар мавриди ҷамъбастӣ, камсаводон баҳои баланд мегиранд. Пас, эътимоди донишҷӯи лаёқатманд ба низоми таҳсилот коҳиш меёбад ва ба ин низом худро маҷбур, бо дилхастагӣ мутобиқ менамояд. Барои эҳё намудани арзишҳои волои таҳсилотӣ даъват намудани устодони бузургсол ба муассисаҳои таҳсилотӣ метавонад ҳамчун як механизми арзону каммасраф хизмат намояд. Зеро, аслан сармояи инсонӣ, ки дар бузургсолӣ донишу таҷриба андӯхтан ба хубӣ “ҳазм” мешавад, дар мавриди ташкили мактаби “устоду шогирд” нафъи муассир дорад. Аз тарафи дигар, фаъолияти бузургсолони донишманд дар муассисаҳои таҳсилотӣ метавонад ҳамчун намунаи ибрату орзуҳои насли ҷавон ва омили баланд бардоштани арзишҳои воло ва эътимод хидмат намояд.
-Яъне, барои рушди ҷомеа ва давлати миллӣ, амну суботи дастаҷамъӣ пешорӯи хатарҳои замони муосир, чӣ дар сатҳи инфиродӣ ва чӣ дар сатҳи умумӣ дар тақвияти эътимоди байниҳамдигарӣ тамоми зарфиятҳои мавҷударо бояд истифода бурд... -Бояд чунин бошад. Зиёиёну сиёсатмадорон имрӯз бояд оид ба дарёфти механизмҳои ташаккулу рушди эътимоди иҷтимоӣ андеша намоянд. Вақте ки боварӣ аз ҷониби ҳамаи аъзои ҷомеа бархӯрдор аст (на танҳо субъектҳои шинос), он гоҳ сухан нисбат ба як шакли ғайрифардишудаи эътимод, яъне эътимоди иҷтимоӣ меравад. Ташаккулу рушди чунин эътимоди умумӣ ва ё иҷтимоӣ нишонаи муҳими сифати ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, имкон медиҳад, ки аъзои ҷомеа тавассути ташаббусҳои муштарак муттаҳид шаванд. Эътимод муносибати таҳаммулпазирии одамонро нисбат ба ҳамдигар таъмин мекунад, зиндагии аъзои ҷомеаро осон мекунад. Ташаккул ва инкишофи эътимоди иҷтимоӣ ва ё умумӣ муаммои асосии ҳар як ҷамъият буда, муайян намудани манбаъҳои боварии умумиро талаб мекунад. Масъалаи муайян кардани таъсири фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ, ташкилоту иттиҳодияҳои ихтиёрӣ, ассотсиатсияҳо (расмӣ ва ғайрирасмӣ, институтҳои давлатӣ ва дигар сохторхои ҷомеа) ба эътимод аз нуқтаи назари омӯзиш бештар диққатҷалбкунанда аст. Масалан, таъсири ташкилот ва иттиҳодияҳо ба дараҷаи эътимод норавшан аст, ки он бо ҳадаф, вазифа, хусусият ва амсоли ин вобаста аст. Вақте ки фаъолияти ягон иттиҳодия ва ё ширкат ба гирифтани фоида барои худ нигаронида шудааст, аммо аз ҳисоби дигар ташкилоту иттиҳодияҳо сурат гирад, пас, дар ҷомеа афзоиши сармояи иҷтимоӣ ба амал намеояд. Иттиҳодия, ки танҳо барои баланд бардоштани нархи таъминоти ашёи хом ё дигар захираҳо ташкил карда мешавад, танҳо нобоварӣ ё шубҳаи истеъмолкунандагонро нисбат ба ин ташкилот зиёд мекунад. Дар иттиҳодияҳои ихтиёрӣ, ки ҳадафҳои некукориву хайриявӣ доранд, ин таъсири баръакс хоҳад дод.
Ташаккулу рушди эътимоди умум дар ҷомеа аз фаъолияти институтҳои сиёсӣ, давлатӣ ва судӣ вобастагӣ дорад. Дар ин ҷо хусусияти ду ҷониби муносибатҳои сабабиву оқибатӣ мавҷуд аст: аз як тараф, ташаккули боварии умумӣ боиси ба вуҷуд омадани муносибати некбинона нисбат ба фаъолияти институтҳои сиёсӣ мегардад, аз тарафи дигар, эътимоди умумӣ заминаҳои асосии баланд бардоштани дараҷаи самаранокии фаъолияти ниҳодҳои бахши давлатиро муайян менамояд. Вақте эътимод миёни одамон, иштироккунандагони муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва институтҳои давлатӣ зиёд мешавад, пас хароҷоти иҷтимоӣ дар ҷомеа кам мешавад. Масалан, сатҳи хароҷот барои механизмҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқи моликият ва уҳдадориҳои шартномавӣ (контрактҳо) поён меравад. Пайваста, бо баланд шудани сатҳи эътимоди мутақобила байни аъзои ҷомеа ва шарикони фаъолияти иқтисодиву тиҷоратӣ, шумораи парвандаҳои судӣ коҳиш ёфта, эътимод ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ боз ҳам тақвият меёбад.
Пояи устувории эътимоди умумро эътимоди фардӣ ва ё шахсӣ ташкил медиҳад, ки онро метавон ба ду намуд ҷудо кард. Аввалан, эътимоди шахсӣ, такя ба муносибатҳо ва робитаҳои муваффақи таърихан ташаккулёфтаи миёни одамон, ки ба ҳайси арзиши воло дар ҷомеа эътироф шудааст. Масалан, дар ниёгони мо шахсе, ки шифоҳӣ ваъда дод, онро ҳамчун сифати мардӣ ба иҷро мерасонид, имрӯз бошад, дар шартномаву қарордодҳо уҳдадориҳо дар сатҳи ҳуқуқӣ сабт шудаанд, аммо дар баъзе маврид иҷро намегарданд, дар ин сурат, муроҷиат барои риояи маҷбурии он ба мақомоти дахдлдор хароҷоти калони иҷтимоиро тақозо менамояд, ки дар натиҷа эътимоди иштирокдорони муносибатҳои иҷтимоиву иқтисоди коҳиш меёбад. Сониян, эътимоди ба мизони таҳлил баркашидашуда ва ё оқил аст, ки дар натиҷаи мушоҳида ва таҳлили рафтору ангезаи шарики фаъолият ташаккул ёфтааст, масалан, мавҷуд будани ҳавасмандӣ ва ё манфиати кофӣ ба иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои шарикӣ. Ин эътимод дар мавриде неру мегирад, ки агар меъёри асосии фаъолиятро дар тамоми ҷабҳаҳои ҷомеа - меҳнат, истеъдоду дониш ва арзиши меҳнатӣ ташкил диҳад. Дар ҳар як ташкилот, коргоҳ, гумон мекунам, қувваи марказшитобу марказгурез, ки дар фанни физика маъмул аст, амал мекунад. Агар роҳбари ташкилот дар мавриди ташкилу идоракунӣ ба меъёри асосӣ (меҳнат, дониш, истеъдод) такя накунаду барои амалӣ гардонидани манфиати ғаразноки худ дигар меъёрҳоро (хешу таборӣ, “одами худӣ” ва амсоли ин) истифода барад, пас дар ҳайати меҳнатӣ қувваи марказгурез амал менамояд: аксари кормандон барои “аз як бурда нон маҳрум нашудан” аз рӯйи ҳарос ба роҳбар итоат мекунанд, аммо эътимоду самимият ва ҳавасмандӣ барои таъмини рушди ташкилот вуҷуд надорад. Агар роҳбари ташкилот манфиати кормандонро дар мадди аввал гузошта, ба шаффофият ва меъёрҳои асосии объективӣ такя намояд, пас қувваи марказшитоб ва ваҳдату иттиҳод барои рушди ташкилот неруи калидӣ хоҳад шуд.
Эътимод дар замони муосир бештар ба раванд, табодули иттилоот ва дониш тавассути ҳамкории шабакавӣ ташаккулу рушд меёбад. Дар ҷомеаи муосир, ҳамчун ҷомеаи иттилоотӣ, шаклҳои шабакавии ташкили муносибатҳо бартарӣ доранд, яъне тамсилаи ҷомеаи муосир сохтори шабакавӣ мебошад. Зеро ҳар як иттилоот, хоҳ вай манфӣ ё мусбӣ бошад, ба раванди ташаккулу рушди эътимод таъсир мерасонад. Нақши калидии шабакаҳои солим барои иштирокдорони муносибатҳои иқтисодӣ, ташкилоту созмонҳо имкон медиҳад, ки онҳо аз самараҳои шабакавӣ барои солим намудани руҳияи соҳибкорӣ ва ташаббускорӣ баҳра баранд, дар олами муносибатҳои худ шарикони нав пайдо кунанд, бо ғоя ва кашфиётҳои нав шинос шаванд.
Барои шароити кишвари мо хеле муҳим аст, ки институти боварӣ ба тағйир додани ақидаи субъектҳои низоми иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, гузариши он аз манфиатҳои кутоҳмуддат ба дарозмуддат таъсир расонад.
Дар ҷараёни чунин дигаргунсозӣ бисёр субъектҳои масъулиятноки иқтисодӣ барои таъмини ривоҷи зуҳуроти эътимод дар ҷамъият нафъи кутоҳмуддати худро ба нафъи рушди дарозмуддат қурбон карда истодаанд. Баробари афзудани шумораи ин гуна субъектҳо, таъсири бузурги занҷиравӣ дар миқёси рушд ба амал меояд. Дар натиҷа, андӯхти сармояи иҷтимоӣ, ба вуҷуд овардани миқдори афзояндаи неъматҳои ҷамъиятӣ ва дарки аъзои ҷомеа оид ба даст овардани ҳаҷми калони арзишҳои баланд аз ҳамкориҳои дастаҷамъона (на рафтори эгоистӣ, яъне худхоҳона) сурат мегирад. Ин муқаррарот тасдиқ мекунад, ки эътимод ҳамчун ангезандаи муҳити институтсионалии рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ баромад намуда, ба ин васила, ба коҳиши хароҷотии эътимод дар ҷомеа ва иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад.
Айни замон давлат ҷиҳати пурзӯр намудани самти таъмини афзоиши пояи ниҳодҳои эътимод тадбирҳо андешида истодааст. Масалан, сиёсати давлат ба татбиқи консепсия ва стратегияи «ҳукумати электронӣ», ки ба таъмини трансформатсияи рақамии бисёр равандҳо ва коҳиш додани бюрократизатсияи системаи идоракунии давлатӣ нигаронида шудааст, ба содагардонии монеаҳои ҳуқуқӣ ва таъмини шаффофияти фаъолият ва иттилоот мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, роҳу механизмҳои баланд бардоштани дараҷаи эътимодро дар маҳалҳо, дар ҳар як коллективи меҳнатӣ, ки ин шарти ҳатмии ташаккули эътимоди умумӣ ва ё иҷтимоӣ дар ҷамъият, омили институтсионалии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад, ҷустуҷӯ кардан лозим аст.
-Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.Мусоҳиб Азамат Дӯстов