Мо оянда созем…12-12-2018, 10:04
Хабарро хонданд: 573 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Тоҷикистон ба мархалаи нави рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ шомил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибисқлоли дунявӣ ва ҳуқуқбунёду демократӣ, дар раванди тамаддуни умумибашарӣ аз худ осори нек боқӣ гузошта истодааст. Ҳизбҳои сиёсӣ, системаҳои ҳизбӣ, иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ , яке аз омилҳои муҳими ҷомеаи мутамаддин буда, дар низоми муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мақом ва манзалати махсусро соҳиб гаштаанд. Ҳизбҳои сиёсӣ ,ки ҳамчун инъикосгари зуҳуроти озодии инсон, ҳуқуқ ва манфиатҳои он дар ҷомеа дониста мешаванд, вобаста ба назар ва дарки солимандешагӣ дар миёни мардум маҳбубият пайдо кардаанд ва барои ба ин манзалат ва неру соҳиб гардидан мубориза мебаранд. Маҳбубтарини он Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон мебошад, ки дар байни дигар ниҳодҳо ва иттиҳодияҳои сиёсӣ,қадр ва манзалати махсус дорад. Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон нерӯи созанда, ваҳдатофар ва ҳимоятгари манфиатҳои халқу миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш подош доштани маъниҳои дар боло зикргардидаро дар фаҳми мардум, ҷо намудааст. Ин мазмунро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронӣ ва баромадҳои худ таъкид кардааст. Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар байни дигар аҳзоби сиёсӣ пешгом дониста мешавад ва дар амалӣ шудани ҳадаф ва мақсадҳои дар пеш истодааш ҳамеша саъй мекунад. Сол то сол афзудани шумораи ташкилот ва аъзоёни ҳизб аз он шаҳодат медиҳад, ки дар фаъолияташ аз техника ва технологияи муосири сиёсӣ ва фарҳангӣ корбаст карда истодааст. Мутақобилан, дар ин даврони муосир ба ҲХДТ, дигар аҳзоби сиёсии амалкунанда ба ҳам дар рақобати корӣ қарор гирифтаанд. Мусаллам аст, ки дилхоҳ ҳизби сиёсӣ, новобаста ба сохтор ва шакли кори худ, яке бо дигаре дар баъзе ҷабҳаҳои фаъолияташон таззоди андеша доранд. Ин гуногун андешагӣ моро ба он водор месозад, ки ба сиёсати бобарори Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намуда, таҷрибаи солҳои қаблиро ба инобат гирем ва дар асоси дастуру нишондодҳои амалӣ шудаамон корҳои тарғиботиро пеш барем. Дигар омилҳое низ ҳастанд, ки нуфузи ҳизбро баланд мебардоранд, аз ҷумла; - тарғибот ва ташвиқоти ҳадафманде мебояд истифода бурд, ки он ба тафаккури ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ мутобиқ бошад ва пайвандгарии замонавӣ дошта бошад; - ба таври тадриҷӣ баланд бардоштани тафаккури интиқодии ҲХДТ дар робита ба мушкилоти иҷтимоӣ; - омили дигар ба ҳизб ҷалб намудани зиёиёни музофот, бахусус омӯзгорон, собиқадорони меҳнат ва дигар ашхосе, ки байни мардум маҳбубият доранд; - гузаронидани вохуриҳо дар музофоти дур, бо иштироки собиқадорон ва номварони ҳизб, ки мардум онҳоро эҳтиром мекунанд; -Зиёд кардани чорабиниҳои анъанавӣ-вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва ғ. Агар мо нисбат ба андешаҳои болои хулосаи худро иброз дорем, пеш аз ҳама моҳияти асосии масъала дар баланд бардоштани сатҳи маънавӣ-сиёсии аъзоёни ҷомеа, дуруст дарк кардану дар мизони маънӣ бар кашидани принсипҳои мардумсолорӣ-сулҳу озодӣ, ваҳдату тафоҳуми миллӣ, озодандешӣ , адолатпарварӣ ва амсоли инҳо зоҳир мегардад.. Ҷомеаи муосири мо дар давраи мураккаби бархурди тамаддунҳо ва тағирёбии глобалии арзишхои сиёсию маънавӣ , ҷаҳонишавию зеҳникунонии раванди мехнат ва дигар шаклхои фаъолияти ҷомеа , қарор дорад. Махсусан, дар замони муосир маърифатнокии сиёсӣ ,илмию техникӣ аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Пешрафти технологияи муосир, бахусус компютерӣ ба мо имкон медиҳад, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро бо истифода аз васоити техникӣ пеш барем. Сомонаҳои интернетӣ, кушодани сайтҳои ба мақсад мувофиқ имконоти тарғиботии моро васеъ мекунанд. Дигар тарафи масъалаи ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ба назари ман, бештар ҳамкорӣ намудани марказ ба музофоти дуру наздик мебошад. Агар тӯли ҳар моҳ се чор кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди санҷиш ва таҳлил қарор гиранд, он гоҳ эҳсоси масъулият ва ҷоннокшавии фаъолияти ҳизб дар маҳаллот назаррас мегардад. Вале дар шароити имрӯза аз ҳама муҳим, таҳрик додани ҷомеа ба самти илму маърифат аст. Илму хирад ба сифати василаи низоми зиндагии иҷтимоӣ дар таҳкими андеша, ҷаҳонбинӣ, сулҳу субот ва тафоҳуми сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии инсонҳо нақши мубрам дорад. Тағоймуроди Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.