Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ- ВОҚЕИЯТИ АҚЛОНӢ

ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ- ВОҚЕИЯТИ АҚЛОНӢ

17-04-2019, 15:57
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ- ВОҚЕИЯТИ АҚЛОНӢДар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст ,ки «пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад». Ва яке аз унсурҳои муҳими таъмини рушди инноватсиониву индустриалии мамлакат татбиқи технологияи навини иттилоотӣ ва ё технологияҳои рақамӣ маҳсуб меёбад.
Иқтисодиёти рақамӣ – ин воқеияти нави иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, воқеаяти «фитратӣ» ва ё ақлонӣ мебошад.
Иқтисодиёти рақамӣ чун маҷрои нави рушди иқтисодӣ дар асоси мубодилоти далелҳо, иттилоот дар режими вақти воқеӣ пайваста бо истифодаи технологияҳои рақамӣ, мувоффиқан ниҳодҳо, заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва таҷрибаи соҳибкорӣ сурат гирифта, ба беҳтар шудани ҳосилнокии меҳнат, сатҳи зиндагӣ ва муҳити сармоягузорӣ мусоидат менамояд. Вай типи нави иқтисодиётест, ки дар он муносибатҳо доир ба истеҳсолу коркард, нигаҳдориву интиқол, истифодаи иттилоот ва далелҳои афзоянда вазни афзалиятӣ гирифтааст.
Заминаи пайдоиши иқтисоди рақамиро ҷомеи иттилоотӣ ташкил медиҳад, ки сифатҳои ин ҷомеаро олимон ба таври мутафовит чунин донистаанд: афзоиш ва сатҳи баланди рушди бахши хизматрасонӣ ва итилоот нисбат ба сатҳи рушди истеҳсолоти моддӣ; тағйирёбии характери фаъолияти инсон вобаста ба ҷалби иттилоот ҳамчун захираи муҳими иқтисодӣ. Воқеан ҳам дар замони муосир захираи иттилоотӣ захираи муҳими рушди иқтисодӣ гаштааст. Ба мисли дигар омилҳои иқтисодӣ ба предмет ва олоти меҳнат табдил ёфтааст, кам намешавад, баракс меафзояд ва тамаддунҳоро на танҳо аз кишвар ба кишварҳо, балки аз қарнҳо ба қарнҳо интиқол медиҳад ва ғ. Захираи итилоотӣ имконият медиҳад, ки субъектҳои иқтисодӣ ҳадафҳои стратегӣ ва тактикаи ноилгардии онро муаяйн намоянд, механизмҳои идоракунии равандҳои такрористеҳсолиро такя ба принсипи синергетика ташкилу такмил диҳанд, хавфу хатар ва амнияти фаъолиятро тарҳрезӣ намоянд, ҳамоҳангсозии фаъолияти худро бо ҳамкору шарикон ба роҳ монанд ва хароҷоти трансаксионии худро поён баранд.
Агар ба таърихи пайдоши он назар намоем, дар маҷмӯъ раванди ҷаҳонии ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ аз гардиши рақамӣ, пайдо шудани нахуст компютерҳои персоналии ширкати Стива Джобса то фарогирии воқеии он то имрӯз беш аз чор даҳсоларо аз сар гузаронидааст. Дар ИМА раванди рақамикунонӣ дар натиҷаи мавҷи нави технологӣ оғоз ёфта, фарогири тамоми фазои фарҳанги иқтисодии ҷаҳонӣ гаштааст ва дар татбиқи он амалан дар тамоми соҳаҳои истеҳсолот сурат гирифта, технологияи истеҳсолоти неъматҳои индустриалӣ ва постиндустриалиро дигаргун сохтааст ва худ неъматҳои иқтисодӣ (молу хизматҳо) шакли рақамӣ ва «ақлӣ» гирифтааст. Иқтисоди рақамӣ имрӯз дар иқтисодиёти Чин барало намоён аст. Дар шаҳри Ханчжоу интернет-сайти Alibaba сохта шуда, ба фаъолияти пурсамари ширкати байналмилалии инноватсиониии Alibaba Group мусоидат намудааст. Ин ширкат на танҳо тиҷорати интернетиро ташкил кардааст, балки бо дигар фаъолияти инноватсионӣ машғул шуда, заминаи устувори иқтисодиёти рақамиро бунёд намудааст. Рақамигардии тамоми зинаҳои такрористеҳсолии ҷомеа рӯи кор омадааст. Рақамигардӣ дар бахши истеҳсолоти моддӣ, истеҳсоли молҳо, ки зинаи аввали такрористеҳсолии ҷамъиятӣ мебошад, метавон гуфт, ки оғоз ёфтааст. Вай пайваста бо раванди роботикунонии истеҳсоли неъматҳои истеъмолии ниёзи мардум, молҳои хусусияти истеъмоли фардӣ дошта (барои истемоли ҳар як истеъмолгар равонашуда) сурат гирифтааст. Дар натиҷаи ин раванд таносуби талабот ва пешниҳоди фардӣ куллан тағйир меёбад: раванди гузариш аз парадигмаи классикии афзалияти пешниҳод (асри 20) ба афзалгирии талаботи фардӣ (асри 21) хеле барҷаставу устувор зуҳур намудааст.
Тибқи баҳодиҳии коршиносон, то солҳои 2020 беш аз 50 фоизи молу хизматҳо дар бозорҳои истеъмолӣ ва сармояҳо куллан нав мегардад, сифати ақлонӣ мегирад (шаҳри ақлонӣ, хонаи ақлонӣ, либости ақлонӣ ва ғайра).
Ҷабҳаи амалии рақамигардии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ё зуҳури ҷисмии иқтисодиёти рақамӣ дар бунёди марказҳои таҷдиди рақамӣ роботикунонии рақамӣ ва ғайра рӯи кор меояд. Бо воситаи методҳои рақамӣ моделгирии равандҳо ва ҳодисоти иқтисодӣ сурат гирифта,объектҳои воқеӣ, аз предметҳои хурди ювелирӣ то иншоотҳои бузурги инфрасохторӣ, рӯи майдон меоянд. Намунаи чунин амали иқтисоди рақамиро 3D-принтерҳо доир ба сохтмони пулҳо (Нидерландия), хонаҳои истиқоматӣ (Чин, Аморати Араб) шаҳодат медиҳанд. Дур намеравем, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ширкатҳои Яндекс ва Касперский дар институти москвагии саноати сабук ва нассоҷӣ либоси ақлониро коркард намуда истодаанд. Соҳаҳои сохтмони муосир бо технологияҳо таҷҳизонида шудааст, ки модели рақамии ғояҳоро амалӣ менамояд, фавран лоиҳаҳоро дигаргун месозад, раванди сохтмон ва истифодаи онро идора менамояд (BIM-технология – технологияи моделгирии иттилоотӣ дар сохтмон): вай аз ғоя ва қалами архитектор, ҳисоб намудани сметаи сохтмон то таҳияи ҳуҷҷатҳои молиявӣ, мавриди истифода қарор додани сохтмон ва аммортизатсияи баъдии он хизмат менамояд.
Рақамикунонӣ имконият медиҳад, ки равандҳои сикли ҳаётии дилхоҳ неъматҳоро аз пайдоиши ғоявӣ, бунёдӣ, истеъмолӣ то барҳам додани он идора намояд (PLM – идораи давраи ҳаётӣ). Имрӯз иқтисодиёти рақамӣ дар инфрасохторҳои муҳандисии хонаҳои ақлонии муосир барои таъмини энергияи электрикиву гармӣ, равшанбахшӣ ва ғайра ба таври фаъол татбиқ шуда истодааст.
Илова бар ин, низоми киберфизикӣ имконият медиҳад, ки на танҳо инфрасохтори хонаҳои алоҳида, балки як шаҳрак ва шаҳрҳои калонро дар низоми «шаҳри ақлонӣ» идора намояд. Масалан, тайи ҳафт сол аст, ки дар Сонгдои Кореяи Ҷанубӣ сохтмони «шаҳри оянда» идома дорад. Сохтмони ин шаҳр яке аз лоиҳаҳои беназири инноватсионӣ дар ҷаҳон буда, натиҷаи инқилоби саноатӣ-технологии солҳои охир мебошад. Ин шаҳр дар ҷазираи сунъӣ, тақрибан 60 км дур аз Сеул буда шаҳри интеллектулӣ ва ё зеҳнӣ мебошад. Дар он ба воситаи интернет-чизҳо ва умуман интернет алоқаи миёни хонаҳо, одамон ва объектҳо чун агенти иқтисодиёти рақамӣ сурат мегирад.
Ҳамин тариқ рақамигардии иқтисодиёт бемайлон сурат гирифта истодааст. Дар ин раванд тағирёбии табиати муносибатҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, ивазшавии тамоили субъективию обективии он сурат гирифтааст. Бо ёрии алгоритмҳо муносибатҳои типи мошин-мошин (М2М), ки дар он инсон ҳамчун субъект баромад намекунад, рӯи кор омадааст. Ҳамин тариқ интернет-чизҳо пайдо мешавад.
Нигаҳдорӣ ва коркарди иттилооти дилхоҳ акнун дар компютери мушаххас қарор нагирифта, дар тамоми шабака новобаста аз марзу ҳудуд паҳн мегардад. Дар айни ҳол шабакаҳои иҷтимоӣ хеле васеъ паҳн шудаанд, ки муносибатҳои миёни одамонро дар масофаи дилхоҳ ташкил менамояд ва муносибатҳои мустақими иқтисодиро сурат мебахшанд. Ҳукумати электронӣ, ки дар он муносибат миёни давлат ва шаҳрвандон ташкил меёбад, маъмул аст. Имконияти бунёди регистри ягонаи аҳолӣ вуҷуд дорад.
Барои рушди иқтисодиёти рақамӣ зарурати таъсиси платформаи рақамӣ, ки майдони рушди онро таъмин менамояд, ба миён омадааст. Дар Чин платформаи рақамӣ таҳия шудаааст, ки бо туфайли рушди иқтисодиёти рақамӣ рақобапазирии иқтисодиёт ва рушди босубот таъмин мегардад.
Ҷавҳари иқтисодиёти рақамиро бахши истеҳсоли молҳои рақамӣ ва хизматрасониҳо, ки бо технологияи рақамӣ алоқамандӣ доранд, ташкил медиҳад.
Иқтисодиёти рақамӣ дар ду элемент зуҳур менамояд: Якум - саноати электоронӣ, истеҳсоли микрочипҳо, комптюерҳо ва механизмҳои телекоммуникатсионӣ, электроникаи таъиноти маишӣ, дуюм - ширкатҳои соҳаҳои технологияи рақамӣ ва истифодабарандагони технологияи рақамии воситаҳои истеҳсолот, нигаҳдорӣ ва идораи иттилоот.
Дар иқтисодиёти муосир ширкатҳои иқтисодиёти рақамӣ ба мадди аввал баромада, нуқтаи рушд шудаанд, ки иқтисодиётро бо захираҳои рақамӣ таъмин менамоянд. Агар дар аввали асри 20 локомативи рушди иқтисодиёти ҷаҳониро ширкатҳои азими нафтӣ, металлургӣ, мошинсозӣ ва ғайра ташкил медоданд, пас имрӯз ширкатҳои азимро ширкатҳои бахши иқтисодиёти рақамӣ ташкил медиҳанд. Ин ҷо бамаврид аст ширкатҳои Apple, Google, Amazon, ки сармоягардии дороии онҳо соли 2016 мувофиқан 577.4, 547.9 ва 360 млрд. доллари амрикоиро ташкил додааст, мисол оварем.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти иқтисоди ҷаҳонӣ ба иттиҳоди иттилоотии ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муосири рушди ҷомеаи иттилоотӣ шомил шудааст. Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ–коммуникатсионӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва ҳарчи пурратар қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иттилоотии ҷомеа ва субъектҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқии ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ бунёд шудааст. Ба хотир меорем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳукумати электрониро дар чорчӯбаи татбиқи стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ –- коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 (№ 1174) тасдиқ шуда буд, оғоз намуд.
Қабули Консепсияи ташкили ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643) дар самти ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ қадами устувор гузошт. Консепсияи мазкур бо мақсади татбиқи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ -– коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии рушд ва татбиқи «Технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд. Консепсияи давлатии сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳо ва механизмҳои амалигардонии консепсияи ҳукумати электронии ҷумҳуриро мушаххас намудаст. Ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ боиси ҷунбишу тағйироти сифатӣ дар муносибатҳои институтҳои ҳокимияти давлатӣ бо тамоми истифодабарандагон – аҳолӣ, субъектҳои хоҷагидор, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гаштааст. Умуман, муқаррароти асосии Консепсия ба барпо кардани инфрасохтори ҳукумати электронӣ дар ташаккули инфрасохтори ягонаи телекоммуникатсионӣ ва платформаи ягонаи муназзам барои гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ равона шудааст.
Зуҳури падидаҳои иқтисодиёти рақамӣ дар ҷодаи дарёфти механизмҳои идоракунии он, муаяйн намудани на танҳо оқибатҳои мусбат, балки манфии он низ ба ҳаёти ҳар як фард ва ҷомеа феълан татқиқоти бунёдиро талаб менамояд.
Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: