Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » РӮ БА ТАМАДДУНИ ИНДУСТРИАЛӢ

РӮ БА ТАМАДДУНИ ИНДУСТРИАЛӢ

19-03-2020, 10:48
Хабарро хонданд: 412 нафар
Назарҳо: 0
   РӮ БА ТАМАДДУНИ ИНДУСТРИАЛӢ
Муҳимтарин дастоварди соли 2019 аз нигоҳи иқтисодӣ, ба назари мо, амалигардии қадамҳои аввалини ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонуии босуръат мебошад, ки тарҳи устувори рушди саноати кишварро замина гузошт. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу вахдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2019) қайд шудааст, ки «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст». Ҳамин тариқ амалӣ гардонидани қадамҳои аввали саноатикунонии босуръат алаккай самараҳои хеле назаррас додааст.
Зимнан бояд зикр кард, ки рушди устувори тамоми кишварҳои мутараққӣ аз инқилобҳои саноатӣ оғоз ёфтааст. Ба назари ман, соли 2019 як инқилобе ва ё гардише дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ буд, зеро чи тавре рақамҳои боло тасдиқ менамояд, тарҳи рушди босуръати саноат аз дигар соҳаҳои сунатии иқтисодиёт барало аён шуд. Аслан зерибинои иқтисодиёти мамлакатро саноат ташкил медиҳад ва он соҳаи пешоҳанги иқтисодиёти миллӣ мебошад. Саноат аз навъҳои истеҳсолот аст, ки вобаста бо рушду сохтори он дигаргуниҳои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт сурат мегирад. Таркиби сифатии ин соҳаро сатҳи баланди консентратвисияи истеҳсолот ва меҳнат, техникаву технология татбиқи низоми устувор, ташкилу идораи истеҳсолот, истифодаи қисми зиёди қувваҳои кории баландихтисоси ҷомеа ва ғайраҳо ташкил медиҳад. Саноат ба ташаккул ва рушди муносибатҳои истеҳсолӣ, инкишоф ва мустаҳкам шудани алоқаҳои байнисоҳавӣ, умуман ба раванди босуботи истеҳсолоти такрори ҷамъиятӣ таъсири назаррас дорад. Нақши саноат дар бунёди ҷойҳои кори нав ва иловагӣ, таъмини шуғлнокии маҳсулнок хеле бузург аст. Маҳз дар иштироки саноат ва таъмини рушди он фарқияти миёни шаҳру деҳот аз байн рафта, наздик шудани сатҳи зинадагии деҳот ба шароити шаҳрӣ сурат мегирад. Яъне касби тамсилаи иқтисодиёти индустриалӣ-аграрӣ таъмин мегардад.
Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат дар амалӣ гардонидан ҳадафҳои стратегии кишвар нақши калидӣ дорад. Рушди саноат, аз як тараф худ натиҷаи прогресси илму техника бошад, аз тарафи дигар вай суратбахши равандҳои инноватсионӣ ва омили тавонои рушди инноватсионии иқтисодиёти мамлакат мебошад. Рушди соҳаҳои саноат дар баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт ва иқтидори содиротии мамлакат омили ҳалкунанда буда, ҷавҳари тамсилаи рушди иктисодии воридотивазкунандаро ташкил медиҳад. Масъала дар он аст, ки рушди босуботи иқтисодӣ ва рақобатпазирии давлат, обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳон, фақат бо нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ ва афзудани истеҳсолоти саноатӣ маҳдуд набуда, дар шароити ҷаҳонишавӣ иштирок дар тақсимоти байналмилалии меҳнат ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар бозори беруна аҳамияти махсусро дорад.
Дигаргуниҳои сохторӣ, таъмини рушди суръатноки соҳаҳои саноати технологияш баланд, ки ба мустаҳкам намудани рақобатпазирӣ ва устувор намудани ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар бозорҳои минтақавии ҷаҳонӣ таъмин менамояд, дар марҳалаи нави рушди мамлакат самти афзалиятноки на танҳо сиёсати саноатӣ, балки сиёсатии доманадори иқтисодиву иҷтимоивии давлатро ташкил додааст. Сухан дар бораи он соҳаҳои саноат меравад, ки аз як тараф диверсификатсияи истеҳсолот ва барориши маҳсулоти дорои сифати истеъмолии баланд, аз тарафи дигар, ба истифодаи манбаъҳои ашёу захираҳои бойи ватанӣ равона шуда бошад, таъмин менамоянд. Бинобар он дар Паёми Асосгузори сулҳу вахдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019 ) чунин механизми ташкилӣ ба самти афзун намудани барориши маҳсулоти дорои сифати истеъмолии баланду рақобатпазир пешниҳод шудааст: “Бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва пешниҳоди онҳо ба сармоягузорон бояд дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” - и Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад. Бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад”. Чунин шароит, моҳиятан асосҳои модии фаоълияти истеҳсоливу хоҷагидории тамоми субъектҳои иқтисодиро ташкил дода на танҳо ба самтгирии барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагии баланд, балки паст намудани сатҳи воридоти ҳамон молҳо, ки метавон бо истифода аз захираҳои ватанӣ ва нерӯҳои худӣ истеҳсол намуд, хидмат намояд.
Бояд таъкид намуд, ки саноатикунонӣ на танҳо омили муҳими рушди қтисодии мамлакат мебошад, балки дар ин раванд тамаддуни саноатии кишварро ба вуҷуд меорад, ки пайваста ба он ташаккулу рушди тамаддуни инсдустриалии аҳолӣ, ки ҳамзамон нерӯи бузурги рушди тамсилаи иқтисоди индустриаливу аграрӣ мебошад, мусоидат менамояд. Ин ҷо ба маврид аст, ки ақидаҳои Макс Веберро ба ёд орем. Вай дар китоби худ «Протестантская этика и дух предпринимательства» ва дигар асарҳояш назари худро ба тамаддуни индустриали Ғарб иброз намуда буд. М. Вебер исбот кардааст, ки табиати ҷомеаи сармоядорӣ ва тамаддуни индустриалии кишварҳои ғарб на дар асоси маҷрои воридгардии маблағҳои нав, балки дар натиҷаи «воридшавии» руҳияи нав, яъне тафаккуру омодагардии равонии одамон ва меёрҳову арзишҳои махусус, ки ҷомеаи сунатиро шикстааст, ба вучуд омадааст. Айни замон М.Вебер таъкид намудааст, ки баромадан аз доираи ва ё фазои иқтисодиёту сиёсат, иҷтмоиёту фарҳанг ғайримкон аст. Бинобар он дарки таъсири муштараки омилҳои ҳаёти иқтисодиву хоҷагидорӣ бо дигар соҳаҳои муносибатҳои инсонӣ, ки дар маҷмӯъ раванди иҷтимоиву фарҳангии мамлакатро муаяйн менамояд, хеле зарур аст.
Таърихан пайваста бо рушди муносибатҳои бозорӣ ва шаклгирии давлати ҳуқукбунёд, рушди тамаддуни индустриалӣ оғоз ёфта, густариши ҳуқуқҳои бунёдии инсон, сифатҳои таҳамулпазирӣ (толерантность) ва дигар арзишҳои умумибашарии онро таъмин намудааст. Агар мушаххастар ифода намоем, тамаддуни индустриалӣ дар низоми иқтисоди бозорӣ ташаккул ва рушд меёбад, агар бунёди заминавии онро таъғироти инқилобӣ дар қувваҳои истеҳсолкунанда, маҳз гузариш ба саноати фабрикаву заводӣ ташкил медиҳад. Ташаккулу рушди ҷамоати меҳнатӣ дар корхонаҳои сершумори саноатӣ, ки дар пояи касбу ҳунари сифати индустриалӣ дошта ва ҳамин тариқ, дар пояи иттиҳоди зеҳнӣ сурат мегирад, дар ниҳояти кор ба шаклгирии оилаҳои индустриалӣ ва қишри зеҳнии ҷомеа боис мегардад. Дар насли наврас ва ҷавонон бошад назари таҳлилӣ рӯи кор меояд, ки омили муҳим дар роҳи шикастани ҷанбаъҳои манфии ҷомеаи сунатӣ ва омезиш додани ҷанбаҳои мусбии он бо тамоюлҳои инноватсинии ҷаҳони муосир мебошад.
Бояд зикр намуд, ки равандҳои демографӣ ва таҷдиди омилҳои демографӣ низ ҷомеаи сунатиро куллан тағйир медиҳад. Агар ба таърихи рушди тамаддуни индустриалӣ назар намоем, дар ибтидо дар ҳама ҷой рушди аҳлӣ мушоҳида мешуд, аммо на ҳама сол рушди соҳаи кишоварзӣ талаботи мардумро бо маҳсулоти озуқа таъмин карда метавонист ва ҳаёти ҷомеаи инсонӣ аз нози табиат вобастагии хеле калон дошт. Ин маҳдудият ва шароит сабаби тавлиди тамаддуни индустриалӣ шуд. Пайваста бо сайқал ёфтани нерӯи зеҳнии инсон ба вай муаяссар шуд, ки аз вобастагии табиат ва сиклҳои табиии кишоварзӣ барояд. Тарзу услуби нави истеҳсолот, зиндаги намудан дар заминаи омӯзишу истифодаи фарҳангӣ халқҳои пешрафта, зудҳаракатии инсон ва тамоюл ба васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолот рӯи майдон омад. Маҳз мавҷудияти чунин омилҳо ва рушди бефосилаи онҳо тамаддуни индустриалиро пойдор намуд ва зинаҳои нав ба навро касб намуд. Дар раванди ташаккулу рушди тамаддуни индустриалӣ дар маҷӯи муносибатҳои миёни инсон ва табиат, аз он ҷумла кайҳон, муқовимат, таззод пайдо шуда ҳавасмандии бузургро дар рушди илм, кашфу ихтироъкорӣ пайдо намуд. Дар натиҷа ҳаёти ҷомеаи инсонӣ хеле суръатнок шуда, сифатан таъғир ёфт.
Чи тавре дар боло ишора намудем, равандҳои демгографӣ ва афзоиши нуфуси аҳолӣ омили ташаккулу рушди тамаддуни индустриалӣ мебошад. Дар Пайёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) омадааст: «Дар давраи соҳибстиқлолии мамлакат аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст».
Захираҳои меҳнатӣ бошад, аз 2526 то 5427 ҳазор нафар, қувваи корӣ аз 1971 то 2478 ҳазор нафар афзудааст. Беш аз 60 фоизи машғулини иқтисодиёт дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамоянд. Соли 2018 музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи номиналии пардохтшудаи кормандони ин соҳа 492,13 сомонӣ буд, ки 39,8 фоизи музди меҳнати миёнаи тамоми кормандони соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро ташкил додааст. Одатан яке аз меъёрҳое, ки типи иқтисодиёти мамлакатро муаяйн менамояд, ин ҳиссаи машғулини соҳаҳо дар тамоми иқтисодиёт аст. Модоме, ки беш аз 60 фоизи захираҳои меҳнатӣ бо музди меҳнати нисбатан паст дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ фаъолият доранд, пас сифати иқтисодиёти мо ҳоло аграрӣ аст. Аз ин ҷост, ки саноаткунонии босуръати мамлакат ва гузариш ба зинаи индустриаливу аграрӣ, бо ҳамин васила таъмин намудани шуғлнокии маҳсулнок, ки даромади кифояи коргаронро барои зиндагии шоиста мусоидат менамояд, талаботи объективӣ ва зарурии гузариш ба тамаддуни индустриалиро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз бунёди силсилакорхонаҳои саноатӣ ва шаҳракҳои саноатӣ дар минтақаҳои мамлакат дар маркази ҳадафҳои стратегии давлат қарор гирифтааст. Ба маврид аст ба хотир оварем, ки дар Англия асри 18 давраи сураътгирии инқилоби саноатии якум нуфузи аҳолии шаҳру деҳот баробар буд. Ва маҳз урбанизатсия омили рушди саноати шуда буд. Аз ин ҷост, ки такмили механизмҳои идораи равандҳои демографӣ, ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар манотиқи мамлакат ва таъмини инститсионалии рушди индустриалии онҳо масаълаи мубрами рӯз мебошад.
Тавре дар боло зикраш рафт, рушди нокифояи соҳаҳои кишоварзӣ, бахусус зернизоми озуқавории он гузариши ногузирро ба тамаддуни индустриалӣ талаб менамояд. Дар мамлакат солҳои охир рушди соҳаҳои кишоварзӣ қариб, ки дар сатҳи 7 фоиз боқӣ мондааст. Музди меҳнати нисбатан пасти коргарони ин соҳа нисбат ба дигар соҳаҳои иқтисодиёт оид ба сатҳи пасти ҳосилнокии меҳнат шаҳодат медиҳад. Бинобар он дар бозори дохилии ғизои хориҷӣ бештар ҷойгоҳи устувор гирифтааст. Дар ин маврид бояд зикр намуд, ки индустриаликунонӣ на танҳо ба бунёди корхонаҳои саноатӣ маҳдуд мешавад, балки фаъолияти зеҳниву эҷодкорӣ, рӯ овардан ба фаъолияти илмғунҷоишаш баланд, умуман фаъолияти инноватсиониро низ дар бар мегирад. Тибқи назарияи муосири индустриякунонӣ имрӯз ҳар як қитъаи замине, ки дар дасти деҳқон аст, бояд пояи фаъолияти индустриалӣ дошта бошад. Дар он. фаъолияти меҳнатӣ чун раванди технологии заводиву фабрикавӣ сурат гирад. Ақидаҳое, ки соҳаи кишоварзиро фаъолияти мавсимӣ арзёбӣ менамоянд, коҳиш ёфтааст. Фаъолияти меҳнатӣ, масалан растанипарварӣ тақозо менамояд, ки ҳар як ниҳол ва масоҳати замине, ки барои он ҷудо шудааст раванди меҳнатӣ бошад, объекти ғамҳорӣ бошад. Равандҳои таъмини агротехнологияи муосир хеле сатҳи илмғунҷоишаш баландро дорост, омӯзишу татбиқи он бефосила аст, на мавсимӣ. Аз ин ҷост, кишварҳои инустриалӣ пайвста бо ташкили индустрияи соҳаҳои кишоварзӣ ҳосилнокии заминро беш 2-3 маротиба нисбат ба ҳосилнокии заминҳои кишоварзии мамлакатамон таъмин намудаанд. Ин кишварҳо пайваста бо омӯзиши тағирёбии табиат, такя ба биотехнологияи навин ва муҳандисии генӣ навъҳои мувофиқро дарёфтанд ҳамин тариқ, сатҳи вобастагии соҳаҳои кишоварзиро аз тағйирёбии табиат паст намуданд. Бинбар он, дар Пайёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими фаъолияти олимон ва кишоварзон дар ин самт ба ҳисоб меравад».
Татбиқи ҳадафҳои саноатиунонии босуръат ва ташаккули зинаҳои индустриалӣ-аграрӣ дар мамлакат чунин сифатҳои тамаддуни индустриалӣ рӯи майдон меорад: пайваста алоқамандии қавӣ пайдо кардани илму истеҳсолот вобастгии инсон аз муҳити табиӣ талаф меёбад; боло гирифтани дарки ҷомеа оид ба табиат чун устохона ва фаъолияти инсон дар он чун коргари зеҳнӣ; зиёд шудани нуфузи аҳолии шаҳр ва афзалияти он нисбат ба деҳот; афзудани ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ ва хизматрасониҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёти мамлакат; такмил ёфтани низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳуқуқи шахсият ва моликияти онҳо, боло гирифтани тамоюлҳои рушди шарикии иҷтимоӣ ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорӣ; озодшавии вобастагии шахсият аз муҳити иҷтимоиву ҷуғрофии худ, болоравии ҳамбастагии шахсиятҳо аз рӯи меъёри зеҳнӣ ва нафъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ; рушди ҳаракатнокии аҳолӣ, инкишофи назари таҳлилӣ ва рафтори ратсионалӣ дар ҷомеа ва г.


А. Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ,
профессор, муовини директори Институти
иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: