Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Арзёбии геополитикии Шарқи Миёна ва Наздик аз дидгоҳи коршиносону муҳаққиқон

Арзёбии геополитикии Шарқи Миёна ва Наздик аз дидгоҳи коршиносону муҳаққиқон

12-06-2023, 16:30
Хабарро хонданд: 633 нафар
Назарҳо: 0
Арзёбии  геополитикии Шарқи Миёна ва Наздик аз дидгоҳи коршиносону муҳаққиқон
Эҷоду ҳамбастагӣ ва нақши созмону ҷамъиятҳо ва ҷаласаву маросим дар ҳампайвандӣ ва ҳамгироии мардумони сайёра ва ҷомеаи ҷаҳон хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Ҳамаи ин барои эҳё ва эҷоди пайвандҳои умумии башар таҳия ва баргузор мегардад, то мардумони сайёра зери соябони озодӣ, ободӣ, субот, хираду дониш ва ҳамкориҳои судманд зиндагии худро оромона идома диҳанд.
Тоҷикистон бо дарёфти Истиқлол дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 чун кишвари озоду соҳибихтиёр муносибатҳои дипломатии худро бо қисми зиёди мамолики дунё оғоз намуд.
Бо вуҷуди фарозу нишебиҳои даврони Истиқлол ва сар задани кашмакашиҳои таҳмилӣ ва тахрибӣ, фарзандони баору номус таҳти роҳбарии Президенти ғамхору ҷасури миллат тавонистанд Ватанро аз ин вартаи ҳалокату даҳшат раҳонида, онро дар партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ шукуфон намоянд.
Ҳамин ҳадафҳои олӣ ва донишмандона буданд, ки роҳбарияти Тоҷикистон барои эҷоди ҳамкориву ҳамдилии мардуми кишвар ва ҷаҳон нақши созмонҳову ҷамъиятҳоро муҳим арзёбӣ карда, аз машваратҳои хубу ҳасанаи онҳо бамаврид истифода карданд.
Тоҷикистон дар Осиё мавқеи хос дошта, дар бисёре аз барномаҳои ҷаҳонӣ ташаббускор буда, меҳмону мизбони нишасту ҷаласаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, МҲТБО, Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Нақши олимону адибон, шоирону нависандагон, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу мақолаҳо, институтҳо ва марказҳои тадқиқотиву таҳлилӣ дар баррасии ин ё он масъала ва кашфи мубрамияти онҳо хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Санаи 25-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ зери унвони “Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик” баргузор шуд, ки ҳадафи асосии он ҷилавгирӣ аз хавфу хатарҳо ва амну ҳифзи сарҳадот дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дар конфронси мазкур намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти Шарқи Миёна ва Наздик, аз ҷумла масоили мубрами минтақа ва муносибатаҳои Тоҷикистон бо мамолики Шарқи Миёна ва Наздик фаъолият мекунанд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҳамоиш масоили мубраму печидаи Шарқи Миёна ва Наздик, аз ҷумла Афғонистон, Эрон ва кишварҳои арабӣ баррасӣ шуданд.
Дар оғоз директори Институт Ёрмаҳмад Ниёзӣ қайд намуд, ки конфронс, бешубҳа, инъикоскунандаи ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба муносибатҳои кишвар дар партави сиёсати “дарҳои боз” аст, нигаронида шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, №466 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо чун муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ ташкил шуд ва он аз марказҳои илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, кишваршиносиву минтақашиносӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико бо муҳаққиқону коршиносони соҳа фаъолиятҳои илмиву тадқиқотиро амалӣ месозад.
Ҳамин тавр, Институти мазкур низ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои роҳбари он ва мудирону ходимони илмии худ дар шинохти геополитика ва масоили мубрами он нақша-чорабиниҳои худро барои дӯстдорони илму маърифат пешниҳод мекунад, ки заминаи хубест дар дарку фаҳми илми сиёсатшиносии тоҷик дар даврони истиқлолият.
Дар кори конфронс, ҳамзамон, муовини аввали Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, коршиносону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ ва ходимону олимон аз Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш қайд карданд, ки мақсаду мароми конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилооту иҷтимоиёт ва бехатарӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар китобҳои луғат, аз ҷумла Википедия- донишномаи озод мафҳуми геополитика чунин зикр гардидааст: геополитика ё сиёсати ҷуғрофиёӣ (географическая политика) аз забони юнонӣ гирифта шуда, “гео” ба маънои – “замин”, “политика” идоракунии умури давлатӣ ё ҷамъиятӣ) омадааст.
Ҳамин тавр, баррасиҳои коршиносон, доктор Фаруқ Ҳаснат ва доктор Замурад Авон дар рӯзномаи “The Nation”-и Покистон санаи 13-уми феврали соли 2021, 45-солагии аввалин рӯзномаи англисизабони Арабистони Саудӣ - “Arab News” ва 45 руйдоди таърихӣ, маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Институти сулҳи Тода-и Токио ва маҷаллаи “Шуун-ал-Шарқ-ул-авсат” (масоили Шарқи Миёна)-и маркази омӯзишии ОРСАМ-и Туркия барои огоҳӣ аз манотиқи масоили мубрами Шарқи Миёна ва Наздик иқтибосҳо оварда, мубарамиятҳоро мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Мувофиқи сарчашмаҳо, Ховари Миёна минтақаест, ки аз тангаи “Боб-ул-Мандиб” то тангаи “Дори донил” ва то риштаи куҳҳои Ҳимолой ва бандари Карочи воқеъ гардида, аз назари ҷуғрофӣ ва энергетикӣ минтақаи стратегӣ буда, дорои 56,6 % нафти кураи Замин мебошад. Дар худ қавмиятҳои гуногунро, аз ҷумла эрониҳо, озариҳо, туркҳо, курдҳо, балуҷҳо, арабҳо ва барбариҳоро дар худ ҷой додааст. Баъзе муаррихон дар вожаи Ховари Миёна кишварҳои Афғонистон, Покистон, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Африқои Шимолиро низ шомил мекунанд.
Тибқи баррасиҳо, “Баҳори Араб” ё ба истилоҳи арабӣ: الربيع العربي, ба англисӣ: “Аrab spring” ва русӣ “Арабская весна” як силсила эътирозҳо, ошӯбҳо ва шуришҳои мусаллаҳонаи зиддиҳукуматӣ буданд, ки дар ибтидои солҳои 2010 дар саросари ҷаҳони Араб паҳн шуд. Дар асл, он дар Тунис дар посух ба фасод ва рукуди иқтисодӣ оғоз ёфт. Натиҷаву санҷишҳо нишон медиҳад, ки «Баҳори Араб» тарҳи барномарезишудаи абарқудратҳо буд. Онҳо бо ин роҳ тақсимоти нави ҷаҳониро аз кишварҳои араб оғоз намуданд. Дасисаҳои бозигарони ҷаҳонӣ як қатор давлатҳои араб, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Либия ва Яманро ба ҳоли табоҳе гирифтор намуданд.
Дар ин зимн, Сверре Лодгаард - ходими калони илмӣ ва собиқ директори Институти муносибатҳои байналмилалии Норвегия (NUPI) ва ходими калони илмии Институти сулҳи Тода-и Токио масоили мубрами Шарқи Миёнаро мавриди таҳлил қарор дода, мақолае зери унвони “Геополитикаи Шарқи Наздик” дар “Policy Brief No. 155 March 2023-и Институти сулҳи Тода, ки як институти мустақил буда, ба пешрафти масоили ҷаҳонӣ ва сулҳу сиёсат ба нашр расидааст, дар он масоили мубрами Шарқи Миёна, аз ҷумла ихтилофоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Шарқи Наздик, аз ҷониби давлатҳои арабӣ пайдо кардани роҳҳои нави ҷустуҷӯи шарикӣ, иштибоҳҳои геополитикӣ байни Шарқу Ғарб ба минтақаи Ғарб, созишномаҳои нав байни Эрон ва ин кишварҳо бо доштани заминаи зарфияти бузург дар минтақа зери таҳлилу баррасии муаллиф қарор гирифтааст. Минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик аз ҷониби рӯзномаи “Arab News “, ки аввалин рӯзномаи англисизабон дар Арабистони Саудӣ буда, бо шиори нав зери унвони “Садо аз минтақаи тағйирёбанда” то имрӯз масоили ҷаҳон ва хусусан Шарқи Миёнаро рӯзмарра инъикос мекунад. Рӯзнома дар даврони 45- солагии худ матлаберо зери номи “45- соли фаъолият бо 45 лаҳзаи хотиротӣ” дар минтақаи Шарқи Миёна ба таври муфассал нашр ва баён кард.
Дар ниҳоят метавон таъкид кард, ки минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик аз гузаштаи дур мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта, аз ҷониби ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла муҳаққиқони Туркия бештар сурат мегирад. Дар ин зимн, маркази омӯзишии ОРСАМ-и Туркия маҷаллаеро зери унвони “Шуун-ал-Шарқ-ул-авсат” (масоили Шарқи Миёна) ба нашр мерасонад, ки дар нахустшумораи он мавзуъҳои муҳими минтақа, бахусус равобит миёни Туркия ва Миср, сабаб, натиҷа ва таъсирҳои созишномаҳои Шарқи Миёна ва интихоботи Ироқ соли 2021 ба чоп расидааст. Дар он мусоҳибаи ихтисосӣ бо профессор Фаронсиво Бергу низ омадааст, ки назарашро оид ба мардумони Шарқи Миёна ва расидани онҳо ба ҳадафҳои худ ба мурури гузашти замон оварда шудааст.
Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва модели сулҳофаринии намунавии нодири худ метавонад ҳамкориҳояшро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таҳкиму тавсеа бахшида, минтақа ва ҷаҳонро аз хатарҳои мавҷуда ҷилавгирӣ намояд.
Шинохт ва донистани стратегияи минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик ва ҳодисаҳои таърихӣ барои коршиносони соҳа муҳим арзёбӣ шуда, баррасӣ ва таҳқиқоти ҷудогонаи ҳар яке аз онҳо барои муҳаққиқон лозим ва муҳим мебошад.
Итминон дорем, ки бо баррасиҳои дурусту дарки масоили мубрам метавон роҳҳои ҳалли мушкилотро пайдо карду зиндагии осоиштаро бо истифода аз формулаи “PEACE”-и мактаби сулҳофаринии Тоҷикистони муосир ба роҳ монд, ки ҳар ҳарфи он мафҳуми хосе дорад ва шарҳу тавсифи ибораи мазкур бо пешниҳоди камина ба таври зайл маънидод шудааст:
Promotion - тарвиҷу тарғиби сулҳу субот, Economization - сарфаҷӯии иқтисодӣ, Activation - фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо, Cooperation – ҳамкорӣ, Elimination - маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа дар партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ барои мардумони минтақа ва ҷаҳон.
Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмӣ ва коршиноси минтақаи
Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: