“Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд. Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад”,– ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки зимни баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки чанд рӯзе қабл баргузор гардида буд, садо дод.
Хотиррасон менамоем, ки Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бургузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки бо талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардид.
Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ - Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир - Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик - Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш - Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо - ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи оламро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҳамоиши мазкур ҳайати расмии зиёда аз 40 давлати сайёра иштирок доштанд. Ҷиҳати равшани андохтан ба мақсаду мароми ин созмон ва то куҷо қудрат доштани он дар сайёра ва минтақаи Осиё, суҳбате доштем бо Рустам Ҳайдаров,- муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ, ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни баргузории Ҳамоиши чоруми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъкид дошта буданд, ки: “Осиё хонаи умеди ҳар яки мову Шумо аст, пас онро бояд аз ҳама гуна хатар ҳифз намуд”. Ба назари Шумо созмони мазкур то куҷо қудрат ва тавони ҳифозати ин минтақа ва нақш гузоштан дар пешрафти онро дорад?
Маврид ба зикр аст, ки баргузор гардидани чунин як ҳамоиши сатҳи баланд дар Тоҷикистон, бо шумоли ин ҳама шаҳомат бори нахуст аст, ки сурат мегирад. Чун дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳайати расмии зиёда аз 40 давлати сайёра иштирок доштанд. Бузургии ин созмон дар он зоҳир мегардад, ки аҳолии Осиё ва кишварҳоие, ки ба ҳамин машватар шомил ҳастанд 4,5 миллиард нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора 63% аҳолии сайёраро ташкил медиҳад.
Чигӯнае мо огоҳӣ дорем, имрӯз кишварҳои зиёде дар олам бахусус дар қитъаи Осиё мавҷуданд, ки вазъи сиёсии онҳо печида аст ва ё низоъ дар онҳо дида мешавад. Чунин мушкилот тақозои роҳи ҳалро дорад. Мутаасифона чунин ҳодисаҳо хамарӯза дар ҳоли дигаргуншавӣ қарор дорад ва албатта, хатарҳову низоъҳо ва чолишҳо низ дигар мешаванд. Бо ҳамин мақсад бехатарии минтақаи Осиё дар дасти худи мо аст ва ҷиҳати решакан намудани хатару таҳдидҳои ҷаҳони кунунӣ аз минтақа, мо ва кишварҳои аъзои ин созмон бояд талош варзем. Чӣ гӯнае Шумо зикр доштед, соли 2014 Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхай, зимни баргузории Ҳамоиши чоруми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, таъкид дошта буданд, ки: “Осиё хонаи умеди ҳар яки мову Шумо аст, пас онро бояд аз ҳама гуна хатар ҳифз намуд”. Воқеан ҳам ҳақ бар ҷониби Пешвоии миллат аст. Месазад зикр намуд, ки мақсади аслии ин созмон дар он зоҳир мегардад, ки машварати сиёсӣ миёни давлатҳои аъзо ниҳодина гардад ва дар натиҷа тадбирҳои амниятиву сиёсӣ, ки баҳри таъмини зиндагии орому осуда дар минтақа мусоидат менамояд андешида шавад.
Ба назари Шумо имрӯз қитъаи Осиё ва кишварҳои он, то куҷо ниёз ба чунин як созмонро доранд ва самти фаъолияти он, ки ба 5 самр равона мебошад то чӣ андоза ба мавзӯоти калидии ҷомеа дахл менамоняд?
Имрӯз, ки дар дигар қитъаҳои ҷаҳонӣ ташкилот ва созмонҳое ки бевосита ба муколамаи сиёсӣ сару кор доранд зиёданд, пас чаро чунин як созмони бузур дар қитъаи Осиё вуҷуд надошта бошад? Хотиррасон бояд кард, ки 5 ченаке, ки дар ташкилот муайян шудааст, бевосита мавзӯоти калидии ин минтақаро дар бар мегирад. Ченакҳо аз инҳо иборад мебошанд:
- Ченаки инсонӣ
- Ченаки иқтисодӣ
- Ченаки экологӣ (ё худ муҳити зистӣ)
- Ченаки низомӣ-сиёсӣ
- Ченаки хатар ва чолишҳои терроризми байналмиллалӣ
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ченаки экологӣ ва низомӣ-сиёсӣ пешқадам ва таҷрибадор аст. Чун дар ин самтҳо якчанд пешниҳодоти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи байналмиллалӣ пазируфта шудааст, аз ҷумла истифодаи оқилонаи захираи об. Дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизми байланмиллалӣ бошад, таи солҳои охир дар мамлакат конфронсҳои байналмиллалӣ ва семинар-машваратҳо баргузор гардиданд, ки баҳри муқовимат бо ин зуҳуроти хатарзо “терроризм ва экстремизм” нақш гузоштаанд. Бо ҳамин минвол Тоҷикистон саҳми худро баҳри таъмини амният дар олам ва минтақа гузошта астодааст. Хушбахтона дар деклоратсияи зимни Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё қабулгардида, бевосита дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дарҷ гардидааст. Дар ҳамин росто як қатор сарони давлатҳои иштирокчӣ зикр доштанд, ки тамоми равандҳо ва умуман муносибати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии байни кишварҳо дар асосӣ меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ сурат хоҳад гирифт ва ҳама кишварҳои аъзо вазифадор шуданд, ки ин рукнро холисона амалӣ намоянд.
Имрӯз, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти хатарзо ва таҳдидкунанда ба амнияти дар умум сайёра шинохта шудааст, қитъаи Осиё низ аз ин хатар дар канор нест. Ба назари Шумо Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамчун як созмони минтақавӣ то куҷо тавони таъмини амният дар минтақаро доро мебошад?
Воқеан ҳам терроризми байналмиллалӣ дар муносибати дипломаатии кишварҳои олам, шабеҳи бемории саратон аст. Паҳн гаштани шохаҳои парокандаи Созмони террористии ба ном “Давлати Исломӣ” дар гушаҳои олам, бахусус ҳузури ин гурӯҳи ҷиноӣ дар кишвари Афғонистон барои дар умум минтақа таҳдидовар мебошад. Мутаасифона имрӯз дар шинохти гурӯҳҳои террористӣ назари дугона миёни кишварҳои сайёра ба мушоҳида мерасад, ки ин албатта ҷуз иштибоҳ дигар чизе нест. Чигӯнае Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ иброз дошта буданд “Терроризм, дин, миллат ва давлат надорад” моро мебояд имрӯз террористонро ба худиву бегона тақсим насозем ва маҳз ҳамин нуқта дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таъкид гашт ва он аз ҷониби иштирокдорони он хуб пазироӣ ёфт. Дар деклоратсияи қабулгардида муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳои аъзои ин созмон махсусан дарҷ гардид. Бо итминони комил метавон гуфт, ки “Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” ҳамчун як созмони пурқудрат бечуну чаро аз уҳдаи вазифаҳои дар назди худ гузошташударо иҷро менамояд.
Барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво аз Шумо сипосгузор ҳастем.
Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Ба назари коршиносони ҳирфаии чаҳонӣ созмони мазкур дар муддати начандон тулонӣ метавонад ба яке аз анҷуманҳои пурқудрати байнидавлатӣ мубаддал гардад. Ин гуфтаҳо аз он сарчашма мегиранд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ба мавзуоти калидии ҷомеаи кунунии инсонӣ дахл намудааст. Дар ин баробар созмони мазкур кишварҳои зиёдеро ба ҳам овардааст, ки ҳалли дастачамъонаи муаммоҳои зикршуда баҳри 40 давлати сайёра мушкил нахоҳад буд.
Суғдмеҳри Маъруфзод