Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бахшида ба 70-солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Бахшида ба 70-солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

17-06-2021, 10:07
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 70-солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардидБахшида ба 70-солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «70 сол дар роҳи омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад иброз дошт, ки дар рушду инкишофи тамоми илмҳо таърих заминаи устувор гузошта, минбаъд низ мегузорад. Ба зикри мавсуф, кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар 70 соли фаъолияташ корҳони назаррасеро ба анҷом расониданд.

«Ҳамин аст, ки имрӯз ба кадом шаҳру навоҳие сафар намоему аз осорхонаҳои он дидан ба амал орем таҳқиқу пажуҳиш ва дастовардҳои олимони таърихшиносони ҷумҳурӣ дар он ҷойҳо баръало эҳсос мегардад. Аз ин рӯ метавон нақши институти мазкурро дар байни дигар институтҳое, ки дар мамлакат фаъолият менамоянд назаррас арзёбӣ намуд»,- гуфт Абдураҳмон Муҳаммад .

Ба зикри директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Убайдулло Насрулло, соли равон барои кормандони Академия соли махсус буда, онҳо дар баробари ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчунин 70 — солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 70- солагии Институти таърихро ҷашн мегиранд.

Ҳамчунин номбурда доир ба таърихи институти мазкур маълумот дода, иброз дошт, ки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш зодаи даврони Шӯравӣ буда, ҳамчун маркази асосии таҳқиқи омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти худ корҳои шоиста ва таҳқиқотҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ҳамчун муассисаи бисёрсоҳавии илмӣ тадқиқотӣ ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдии таърих, таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, таърихи назарияи санъат ва илмро ба зимма дорад.

Ёдовар мешавем, ки 16 апрели соли 1951 дар заминаи Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ таъсис ёфт. Ин институт соли 1960 ба номи Аҳмади Дониш гузошта шуд. Дар тӯлии 70 соли фаъолияташ дар институт чандин муассисаҳои бисёрсоҳавии илмӣ — тадқиқотӣ таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз фаъолият менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: