Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СААД кафили амнияти минтақа

СААД кафили амнияти минтақа

5-11-2018, 10:36
Хабарро хонданд: 494 нафар
Назарҳо: 0
СААД кафили амнияти минтақа

Тағйир ёфтани муносибатҳои абарқудратҳо дар фазои сиёсии ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҳои геополитикии онҳо бобати тасарруфи захираҳои табии кишварҳои минтақа як амали муқаррарӣ гашта истодааст. Дастгирии рӯй рост ва ё пардапӯшонаи инқилобҳои ранга ва табадуллотҳи сиёсӣ бархӯрди нобоварии муносибатҳои сиёсии миёни қудратҳои ҷаҳониро собит менамояд. Чунин бархӯрди носолими манфиатҳоро метавон дар Сурияву Ироқ мушоҳида намуд. Бо рӯи кор омадани терроризм ҳамчун василаи баровардасозии манофеъ чунин бархӯрдҳо дар умум сайёраро таҳдид менамояд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ низ эҳтитмол аз чунин хатарҳо дар канор нест.
Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи муҳими ҳамкориҳои бисёрсамта, дорои сарватҳои табиӣ, нафти хом, газ ва инчунин, дигар захираҳои табии диққати қудратҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Аммо дар ин замина кишварҳои минтақа дому хатарҳои дар љаҳон љойдоштани пай бурда, дар самти ҳифзи марзу бум ва мустаҳкам намудани базаи ҳарбӣ тадбирҳои љиддиеро рӯи даст гирифтаанд, инчунин Мамолики Осиёи Марказӣ дар ин самт созмонҳои бузургеро ташкил намудаанд, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ яке аз онҳо арзёбӣ мегардад.
СААД то куҷо метавонад дар ҳифзи сулҳу оромии минтақа ва эмин нигоҳ доштани амният ва фазои сиёсии кишварҳои узв аз олудашавӣ ба нооромиву ҷангу ҷидолҳои дар барзе аз кишварҳои олам дар ҳоли авҷгирӣ қарор дошта, саҳм гузорад ва то куҷо ба ин қудрат дорад? Ин суоле буд, ки мо пайгираш шудем.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ба СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) Россия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзо мебошанд.
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар заминаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз тарафи кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ Арманистон, Казоқистон, Кирғизистон, Руссия, Тоҷикистон ва Узбекистон ба имзо расид. Баъдан дар соли 1993 Озорбойҷон, Гурҷистон ва Беларуссия ба ҳайати он шомил гардиданд. Аз рӯи оиннома фаъолияти СААД дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ равона гардида, масъалаҳои ҳифзи суботу амният дар ҳудуди кишварҳои аъзои СААД, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ дар партави таваҷҷӯҳи аъзоёни он қарор гирифтааст. Коршиносону таҳқиқгарон нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/-ро дар таъмини субот ва амнияти минтақа муассир арзёбӣ менамоянд.
Бо шуълавар гардидани оташи ҷанг ва печида гардидани фазои амниятии бархе аз кишварҳои Ховари Миёна ва таъсис ёфтани гурӯҳу созмонҳои тероритсии ба ном динӣ вазъи амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ зери хатар ва таҳдид қарор гирифта, чунин мушкилотҳо таҳқиқгарону коршиносон ва сиёсатмадорони дар умум ҷаҳонро нигарон намудааст. Ташкил ёфтани гурӯҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” дар хоки кишвари Афғонистон ва бо ҳузури ин созмони терористӣ боз ҳам ноамнтар гардидани вазъи амниятии ин кишвар мураккаб гардид. Дар ин росто, ҳамзамон печидатар гардидани авзоъи сиёсии Афғонистон таҳдиду хатарҳо ба кишварҳои ҳаммарзи минтақаро бештар намуд.
Ҳузури созмонҳои ба монанди Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар самти ҳифзи амнияту ороми фаъолиятбарада мувофиқ ба талаботи давр буда, посдори амнияту оромии минтақа дониста мешаванд. Ҳамин аст, ки бо мақсади тақвияти амният дар минтақа шурӯъ аз соли 2012 дар мавзеъҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон чандин машқҳои низомӣ бо ҳузури ҷузъу томҳо ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратии кишварҳои аъзои СААД гузаронида шуд, ки ҳадафаш омодагии низомӣ дар мавриди хатари ноамнӣ, ҷилавгирӣ аз воридшавии неруҳои террористӣ ба минтақа ва ҳифзи амният дар марзи ҷанубии СААД аст. Коршиносон бар он назар ҳастанд, ки кишварҳои аъзои СААД дар ҳамбастагӣ аз уҳдаи таъмини амният дар минтақа, хусусан сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон мебароянд, зеро он на танҳо сарҳади Тоҷикистон, балки марзи тамоми кишварҳои узви СААД мебошад.
Маврид ба таъкид аст, ки масоили мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ яке аз самтҳои аслии фаъолияти СААД дониста мешавад. Шиддатнокии ин таҳдиду хатарҳо дар шаклҳои гуногун имрӯз кишварҳои узви СААД-ро водор намудааст, ки баҳри маҳви онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муттаҳидона биандешанд.

- Андешидани дарбирҳо дар самти муайян кардани шабакаҳои воридшавии террористон аз ҷониби узви СААД
- Муборизаи муштараки кишварҳои аъзои СААД бо ҷиноятҳои иттилоотӣ
- Баргузории ҷаласаиҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД ва баррасии масоили муҳими амниятии минтақа
- Баргузор гардидани машқҳои пай дар пайи неруҳои сулҳовари СААД дар кишварҳои узв.
- Баргузории ҷаласаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои СААД
- Дахолат ва тасмимгирии кишварҳои узви СААД дар мавриди мусоидат ба ҳалли вазъи сиёсии Сурия ва дигар мамолики бо ҷанг рӯ ба рӯ буда.
- Таҳлил ва баррасии вазъияти имрӯзаи ҷаҳон бо иштикрои сарони давлатҳои узви СААД
- Ҳамкории судманди аъзоёни СААД доир ба табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳо, расонидани кумакҳои техникӣ ба якдигар ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ
Ин ва дигар масъалаҳое буданд, ки аз замони ба ҳам омадани кишварҳое ба монанди Россия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон Қирғизистон ва дигар мамолик гирди як ташкилоти бонуфуз, ки он ҳам СААД мебошад иҷро гардида, бо чунин барномаҳои амалӣ корҳои назаррасе дар самти ҳифзи амнияту оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуданд.
Аммо масъалаи эмин нигоҳ доштани амнияти кишварҳои узви СААД аз нооромии кишвари Афғонистон дар партави таваҷҷӯҳи мамокики узви ин созмон қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кишвари Афғонистон марзи зиёда аз 1400 км-ра дорад, амнияти Тоҷикистон ва дар тамоми ҳолат ҳифзи ин кишвар аз таҳдиду хатарҳои аз кишвари Афғонистон ба вуқуъоянда зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии мамолики узви СААД қарор дорад.
Таҳлилу баррасии масоили марбут ба вазъи ҳарбию сиёсӣ ва дурнамои он дар Афғонистон, коҳиши шиддати низоъ дар Афғонистон, андешидани тадбирҳои амалӣ дар самти мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон ба вуқуъоянда, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи нашъаовар, пурзур намудани назорати наздимарзӣ аз тадбирҳои андешидаи аъзоёни СААД дар самти нигоҳдошт ва ҳифзи амнияти Осияи Марказӣ аз вазъи нооромии Афғонистон дониста мешавад.
Дар воқеъ аз рӯи оиннома СААД иттиҳоде мебошад, ки дар сурати ба миён омадани ин ё он таҳдид ба суботи кишвари аъзо дигар мамолики дар ин созмон аъзо буда ба он дахолат намуда ҳамчун як қувва, зидди чунин ноамнӣ мубориза бурд ва аз пуи ислоҳи он хоҳанд шуд. Аз дидгоҳи дигар коршиносон бар он назанд, ки ба вуқӯъ омадани нооромӣ ҳатто дар кӯчактарин минтақаи кишвари узви СААД, нооромии дар умум минтақа арзёбӣ мегардад, ҳамин аст, ки созмонҳои фаъоли Осиёи Марказӣ ба монанди СААД, СҲШ, ки яке аз рукнҳои аслии фаъолияташон таъмини амният мебошад, дар ин самт барномаҳои љиддиеро рӯи даст доранд.
Суғдмеҳри Маъруфзод



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: