Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Берлин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ шуд

Дар Берлин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ шуд

3-04-2023, 06:48
Хабарро хонданд: 513 нафар
Назарҳо: 1
Дар Берлин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ шуд28-29 март бо ибтикори муштараки Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ ва Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон конфронси байналмилалии сатҳи баланди «9-умин муколамаи Берлин-2023 оид ба гузариши энергетикӣ» баргузор гардид, ки дар он ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ҳамоиш вазирон, ҳайатҳои сатҳи баланди беш аз 90 кишвари ҷаҳон, намояндагони бахши соҳибкорӣ, ширкатҳои бонуфузи истеҳсолкунандаи неруи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва неруи таҷдидпазир, ҳамчунин муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳудуди 2000 иштироккунанда таҳти шиори “Гузариши энергетикӣ — таъмини ояндаи сабз” дар шаҳри Берлин ба ҳам ҷамъ омаданд.

Давоми ду рӯз ҳайатҳо дар атрофи стратегияҳои табдили оқилонаи системаҳои энергетикии ҷаҳонӣ ба бетарафии иқлим, гузариш ба неруи «сабз» ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим мулоқот ва табодули андеша намуданд.

Дар доираи Муколамаи Берлин вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мухталиф ва оҷонсиву ширкатҳои фаъолияташон ба самти неруи таҷдидпазир равонагардида доир шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатонро ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо, ҳамчунин Конфронси таърихии оби СММ-2023 дар Ню-Йорк бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Brent 30 июня 2023 19:41
interesting levonorgestrel ethinylestradiol pil zelaya levonorgestrel/ethinylestradiol ervaringen
- ethinylestradiol drospirenone uk cyproteronacetaat/ethinylestradiol minozzi
0.03 mg ethinylestradiol, 0.075 mg gestodene
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: