Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 40-умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 40-умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим

13-11-2019, 12:28
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 40-умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим
12.11.2019, Франсия

Муҳтарам Раис,
Ҷанобони олӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехостам ба роҳбарияти Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи чиҳилуми Конфронси генералии он изҳори миннатдорӣ намоям.

Тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб мераванд.

Таъсири манфии ин падидаи глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.

Дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад.

Тибқи мушоҳидаҳо, дар давоми 70 соли охир тақрибан 35 фоизи пиряхҳои хурдҳаҷми Тоҷикистон талаф ёфтаанд.

Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгиранд, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст.

Ва ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд.

Дар ин замина лозим мешуморем, ки ЮНЕСКО дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст.

Кишвари мо дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси ҷаҳонӣ, алалхусус дар чаҳорчубаи Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст.

Ташаббусҳои мо дар ин ҷода ба эҷоди як платформаи васеъ барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои бештар муосид ва оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нигаронида шудаанд.

Умедворем, ки ЮНЕСКО дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла тавассути мусоидат ба арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, сайъю кушишҳои хешро идома хоҳад дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи “Раванди Душанбе”-и марбут ба татбиқи ин Даҳсола тасмим гирифтааст, ки 18-20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуввуми Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро баргузор намояд.

Бо истифода аз фурсат бо камоли майл иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаро барои ширкати фаъол дар конфронси мазкур даъват менамоям.

Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд.

Ҳаҷми партовҳои газҳои парникӣ (гулхонавӣ) дар кишвари мо соле то як тонна ба сари ҳар як нафари аҳолӣ рост меояд ва ҳиссаи кишвар дар минтақа камтар аз се фоизро ташкил медиҳад.

Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера ба мо дар бисёри маврид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи “сабз” ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Дар неругоҳҳои барқи обӣ, ки асоси сектори энергетикии кишварро ташкил медиҳанд, 98 фоизи қувваи барқи мо истеҳсол мешавад.

Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим мехостам пешниҳодҳои зеринро ироа намоям:

1) Истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди “сабз” мегузорад, дастгирии ҳамаҷониба ёбад.

2) Кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидати ҳамаҷониба намоянд.

3) Мониторинги мунтазами манбаъҳои пайдошавии захираҳои об, бахусус пиряхҳо, пурзӯр карда шавад.

4) Ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ таҳким бахшида шавад. Бо ин мақсад пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди амал қарор гирад.

5) Мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз шомил карда шавад.

6) Кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба расонанд.

Изҳори умед менамоям, ки шарикони байналмилалии мо иқдомҳои минбаъдаи ҷониби Тоҷикистонро дар ин самтҳо пуштибонӣ хоҳанд кард.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: