Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

2-07-2021, 11:28
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд1 июл ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар нишаст муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ намуд.

Иштирокдорон атрофи мавзӯоти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19, мубориза бо чолишҳои амниятӣ ва таъмини талошҳои муштарак дар самтҳои мавриди эҳтимом табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо перомуни пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.

Дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: