Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об зимни ҳамоиш дар Душанбе баррасӣ карда шуд

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об зимни ҳамоиш дар Душанбе баррасӣ карда шуд

13-03-2023, 20:12
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об зимни ҳамоиш дар Душанбе баррасӣ карда шудТашаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои обу иқлим таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намуда, ба дарёфти ҳалли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи глобалӣ моил намуд. Чунин таъкид гардид дар ҳамоише, ки дар мавзуи «Тадбирҳои афзалиятноки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахши оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Душанбе доир карда шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Дар конфронс мутахассисону коршиносони соҳа доир ба масъалаҳои муҳими экологӣ, аз ҷумла мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ, омӯзиши пиряхҳо, хизматрасонӣ дар самти истифодаи об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба об маъруза намуданд.

Дар анҷом байни иштирокдорони конфронс доир ба масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табодули назар сурат гирифт.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: