Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шаҳрҳои дорои сатҳи баландтарини зӯроварӣ дар сайёра номбар шуданд

Шаҳрҳои дорои сатҳи баландтарини зӯроварӣ дар сайёра номбар шуданд

28-02-2023, 16:13
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз шаҳрҳои Мексика аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 шаҳри дорои сатҳи баландтарини зӯроварӣ дар сайёра номида шуд. Дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Mexico Daily Post иттилоъ додааст.

Шаҳрҳои дорои сатҳи баландтарини зӯроварӣ дар сайёра номбар шудандШаҳри Колимаи Мексика дар сархати гузориши Шӯрои шаҳрвандӣ оид ба бехатарии ҷамъиятӣ ва адолати ҷиноӣ бо нишондиҳандаи 181,94 куштор ба 100 000 нафар аҳолӣ дар раддабандии 50 шаҳр бо баландтарин сатҳи зӯроварӣ дар ҷаҳон дар соли 2022 қарор дорад.

Бояд гуфт, ки соли 2022 аз 10 нуҳ шаҳри хатарноктарин дар ҷаҳон шаҳрҳои Мексика будаанд, ки инҳо Колима, Самора, Сюдад-Обрегон, Сакатекас, Тихуана, Селайя, Уруапан, Хуарес ва Акапулко мебошанд.

Ба даҳгонаи шаҳрҳои хатарноктарин инчунин Орлеани Нав дар ШМА низ ворид гардид. Ғайр аз ин, тақрибан чор шаҳр дар Венесуэла бо сабаби набудани маълумоти аниқ ба гузориш дароварда нашудаанд.

Аз 50 шаҳри дар рӯйхати соли 2022 буда 17-тоаш дар Мексика, дар 10-то дар Бразилия, 7 адад дар ИМА, 6 адад дар Колумбия, 4-то дар ҶАҶ, 2-то дар Гондурас ва яктоӣ дар Пуэрто — Рико, Гаити, Эквадор ва Ямайка ҷойгир мебошанд.

Мувофиқи иттилои бюрои Америкаи Лотинии Вашингтон «WOLA», ки ба пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ бахшида шудааст, то моҳи майи соли 2022 дар Мексика беш аз 100 ҳазор нафар бедарак шудаанд. Ва ин рақам ҳар рӯз меафзояд. Чоряки шахсони гумшуда занон ва духтарон мебошанд. Аз 100 ҳазор тақрибан 16 ҳазор ноболиғ мебошанд. Танҳо соли 2021 дар ин давлат 10 ҳазор нафар бедарак шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: