
Китобхонаи баландтарини дунё дар қабати 60-уми меҳмонхонаи Марриотти Шанхай, дар баландии 230,9 метр ҷойгир буда, дар китоби рекордҳои Гиннес чун «баландтарин китобхонаи дунё» сабт шудааст.
Барои ба китобхона ворид шудан аз корти электронӣ истифода мешавад. Дар он беш аз 2000 китобҳо ба забонҳои хитойӣ ва англисӣ аз қабили адабиёт, фалсафа, таърих маҳфузанд.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
ДАЛЕЛИ АҶОИБ БОБАТИ СУЛФА
Олимони амрикоӣ пажӯҳиш гузаронда, ба хулоса омаданд, ки сулфа баробари ҳолати нохуш буданаш одамро дучори рӯҳафтодагӣ (депрессия) намуда метавонад.
Мувофиқи натиҷаҳо 53 фоизи иштирокчиёни пажӯҳиш дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор доштаанд.
Аз сулфа бештар мардҳо азият кашида, аз ин сабаб 43 фоизи онҳо ва 31 фоизи занҳо ба кор намебароянд.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ