Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омӯзиши саводи расонаӣ дар Бохтар

Омӯзиши саводи расонаӣ дар Бохтар

18-02-2023, 14:00
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Омӯзиши саводи расонаӣ дар БохтарДар доираи лоиҳаи “Саводи расонаи дар Хатлон” тренинг барои 15 нафар журналистон баргузор гардид, ки дар он инчунин омӯзгорони Донишгоҳи Бохтар низ иштирок карданд. Рӯзи аввали тренинг нишон дод, ки мавзӯъи саводи расонаӣ барои журналистон ҳам аз шумули мавзӯъҳои нав аст. Дар тренинг масъалаҳое ба монанди- чӣ гуна инкишоф додани тафаккури интиқодии дигарон, роҳҳои рушди дониши санҷиши маълумоти онҳо, дарки маънои муҳтавои ВАО, манипулятсия ва амсоли инҳо аз тарафи муррабиён мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ин нахустин тренинги “Саводи расонаӣ” маҳсуб мегардад, ки дар ин минақаи кишвар ба роҳ монда шуд. Бояд зикр кард, ки инсоният дар вазъияти афзояндаи ҷараёни иттилоот, ки таҳти таъсири он ҷанбаҳои маънавию ахлоқӣ, бадеию эстетикӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ арзишҳо ва манфиатҳо қарор дораданд, рў ба рӯ аст. Воситаҳои ахбори омма дар асл як системаи таҳсилоти ғайрирасмӣ ва маърифатнокии қишрҳои гуногуни аҳолӣ буда, ба азхудкунии меъёрҳои иҷтимоӣ аз ҷониби одамони синну соли гуногун таъсири назаррас мерасонад. Бинобар ин саводнокии расонаӣ ҳамчун қобилияти муошират бо ВАО ва баҳодиҳии интиқодӣ ба матнҳои он баррасӣ мешавад, зарурати зиёде пайдо кардаст. Ҳамин тавр, дар робита бо фаҳмиши саводнокии расонаӣ тренинг ва курсҳои омӯзиши дар манотиқи гуногуни кишвар ба роҳ монда шуда истодааст.

Омӯзиши саводи расонаӣ дар Бохтар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: