Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ЖУРНАЛИСТӢ-ЯКЕ ҶОНИБДОРУ ДИГАРЕ МУХОЛИФ

МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ЖУРНАЛИСТӢ-ЯКЕ ҶОНИБДОРУ ДИГАРЕ МУХОЛИФ

14-10-2022, 14:36
Хабарро хонданд: 562 нафар
Назарҳо: 0
МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ЖУРНАЛИСТӢ-ЯКЕ ҶОНИБДОРУ ДИГАРЕ МУХОЛИФ
“Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд»,- ин навиштаҳо аз ҷониби Шурои воситаи ахбори оммаи кишвар ҳамчун пешгуфтор ба Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон навишта шудааст.
Мавзуе, ки мавриди таҳлил қарор додем, “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аст, ки вақтҳои охир дар доираи ҷомеаи журналистӣ ва берун аз он баҳсҳои зиёдеро барангехт. Воқеан, ҳар касбу пешае дорои қавонину қоидаи худ аст, ки дар ҳолати донистану риояи он соҳибкасб ба ҳар гуна хатарот мувоҷеҳ намегардад. Журналистика низ аз ин қолаб берун нест. Ва рӯзноманигорӣ соҳаест созандаву сӯзанда. Ҳамчунин, хабарнигорон виҷдони бедори ҷаҳону тасвиргари замони хеш ҳастанд, зеро ҳамвора дар ҷомеа ба сар мебаранду солимии фикрии ҳар ҷомеае аз талошҳои шабонарӯзии онҳост. Аммо, надонистани нозукиҳои касб ё соҳа метавонад баръакси ҳама гуфтаҳои боло баҳо диҳад. Аз ин рӯ, Шурои ВАО барои ба чолиш рӯ наовардани журналистон донистани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро ҳатмӣ ва зарур мешуморад. Вале, мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қариб 90 дарсади журналистони имрӯзаи мо (сар карда аз донишҷӯёни ин соҳа) аз ин “ҳуҷҷати тақдирсози касбӣ” огаҳӣ надоранд. Бояд гуфт, ки на танҳо меъёрҳои касбӣ, балки Конститутсияву қонун дар бораи матбуот ва дигар қоидаҳои журналистиро намедонанду дар фаъолияти худ истифода намекунанд. Ин аст, ки имрӯз журналистон (ҳатто ҳирфаӣ) дар баҳс миёни худ тамоми бандҳои меъёрҳои ахлоқии журналистӣ, хусусан ҳамраъйии касбиро нодида мегиранд.
Бадбахтии дигар он аст, ки Шурои ВАО барои нақзи меъёрҳо ва бандҳои он наметавонад касеро ҷазо ва ё ҳукм кунад.
Ҳамраъйии касбӣ аз 9-ум банди меъёрҳои ахлоқии журналистӣ буда, агар гӯем обрӯ ва нуфузи журналистонро дар ҷомеа муайян мекунад, хато нест, ки дар ҳоли имрӯз ин банд қариб, ки риоя намегардад.
Оид ба меъёрҳои ахлоқии журналистӣ, хусусан ҳамраъйии касбӣ кӯшидем назари чанде аз мутахассисини соҳаро пешкаши шумо гардонем.
Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири нашрияи “СССР” бобати ин масъала изҳор дошт, ки “Аслан маънои ахлоқ, ин хулқ аст, атвор аст, адаб аст. Вақте ки дар як ноҳияи дурдасти кишварамон, як журналисте, ки 30 сол собиқаи корӣ дорад аз ҷониби як муаллима ё мудири маориф аз кор ронда мешавад, дар бораи кадом ахлоқу одобу атвору ҳамраъйӣ бояд сухан гӯем?! Ин воқеан ҳам бонги изтироб аст, ки барои шикваи як нафар, хизмати сисолаву бисту панҷсолаву бистсолаи як журналисте, ки зина ба зина дар соҳаи худ сабзида омадааст, ба сифр баробар мегардад”.
- Барои он ки ҷамъияти журналистӣ ҳамраъй бошад, бояд дар раёсату садорати расонаҳои бавижа расмӣ нафарони касбӣ биёянд. Онҳое бошанд, ки аз “А” то “Я”-и журналистикаро гузаштаанду аз нони хушки журналистӣ зиндагиашонро шуруъ кардаву сабзидаанд. Масалан аз хабарнигори ғайриштатӣ то штативу то мудири шуъбаву котиби масъулу муовину дигару дигар. Аммо вақте ки онҳо аз ҷониби нафароне, ки намедонанд журналистика чист, таъин мешаванд, дар бораи ягон меъёру ягон ҳамраъйӣ сухан гуфтан нашояд.
Ҳамраъйӣ дар ҳама касбу ҳама соҳа вуҷуд дорад. Масалан вақте як корманди қатории бозрасии давлатии автомобилӣ нақлиётеро фармоиши ист медиҳад, аммо ронанда итоат намекунад, корманди БДА ба постгоҳи навбатӣ хабар медиҳад, гарчанде он ҷо чи капитан аст, чи полковник, арзи ҳамкорашро қабул намуда, ронанда боздошт ва ҷарима карда мешавад. Инро “чест мундира” ва ё “ифтихор аз касб” мегӯянд, ки дар журналистикаи мо вуҷуд надорад.
Аз ҷиҳати дигар, журналистоне, ки имрӯз бо “грант” сару кор доранду солҳои тӯлонӣ гӯё аз манофеи журналистон ҳифозат мекунанд ва барои як луқма нон ҳамдигарро мефурӯшанд, ман дигар аз кадом меъёрҳои ахлоқии журналистиву ҳамраъйӣ бо шумо гуфтугӯ кунам?! Барои мисол, вақте журналист аз меъёрҳои ахлоқии касбӣ бохабар бошаду онро риоя кунад, суҳбати фардӣ ва ё инфиродиро оммавӣ ва ё расонаӣ намекунад. Манзурам ба ҳамагон ошност.
Ягон додситону корманди суд, ягон корманди коррупсия ё милиса ва ё БДА-ву духтуру дигару дигар ҳамдигарро зери зарба намегузоранд, он гунае, ки имрӯз журналистони мо мекунанд. Бори дигар бояд таъкид кунам, ки барои ин корҳо нашудан, бояд журналистика ҳирфаӣ шавад. Имрӯз дар Тоҷикистон мавҷудияти ягон созмони журналистӣ лозим нест. Журналистикаи мо ба ягон навъ ташкилоти соҳавӣ ниёз надорад. Мо пуштибон дорем, ки он ҳам Конститутсия, қонун дар бораи матбуот ва қонуну қоидаҳои ҷория аст, - гуфт С.Мизроб.
Воқеан, ба гуфтаи ҷаноби Сайёф имрӯз журналистика ба маънои манфиаш аз сертаваҷҷуҳтарин соҳа миёни ҷамъият гардидааст, ки сабаб, бадбахтона, сангандозӣ сӯи якдигар аз ҷониби худи журналистон аст.
Оё инро метавон аз надонистан ва риоя накардани меъёрҳои касбӣ номид, Бахтиёр Ҳамдамов, собиқ раиси Шурои ВАО ва сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” гуфт: “Вақте мо дар бораи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ҳарф мезанем ва ба худ суол мегузорем, ки то кадом андоза он риоя мешавад, пеш аз ҳама бояд гуфт, ки журналистони мо то кадом андоза аз ҳамин меъёрҳо огоҳанд? Ин воқеан як ҳуҷҷати хеле муҳим аст, ки бояд ҳар журналист бо он ошно бошад. Аммо гумон мекунам, ки мутаассифона, 80 дарсади журналистони мо аз ин ҳуҷҷат хабар надоранд ва дар фаъолияти худ истифода намебаранд. Ана ҳамин надонистану огоҳ набудан, имрӯзҳо боиси рӯ ба рӯ шудани ҳам журналист ва ҳам расонаҳо бо танишҳои гуногун мегардад.
Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ бояд аз ду назар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Нахуст, ҳифзи журналистон аз бархӯрди мақомоти низомӣ, яъне фаъолияти журналистон то андозае бояд ба меъёрҳо ҷавобгӯ бошад, ки то ба додгоҳ кашида нашаванд. Яъне, ин аз вазифаҳои аслии Шурои ВАО аст, ки фаъолияти рӯзноманигоронро дар заминаи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ тариқи семинару машварату омӯзишҳо бояд ба роҳ монад.
Дуввум огоҳ кунонидани журналистоне, ки дар навишти худ ба ҷомеа хатарафзоанд. Яъне касбияти хешро ба манфиати худ истифода мекунанд. Ҷомеа бояд ин гуна журналистонро шиносаду ҳис кунад ва пеши роҳи онҳо бояд гирифта шавад.
Дар мавриди ҳамраъйии журналистӣ бошад, ин банди меъёрҳои ахлоқии журналистӣ имрӯз дар кишвари мо ба таври гуногун сурат мегирад. Масалан, ҳангоми таҳдид ба Ватан ё миллат ҳамраъйии журналистон воқеан дида мешавад ва ба ҳифзи манфиатҳои миллии мо муттаҳид шуда, аз як гиребон сар мебароранд. Вале дар ҳолатҳое, ки баҳс миёни худи журналистон сар мезанад, мутаассифона меъёрҳои ахлоқии касбӣ ба боди фаромӯшӣ меравад, хусусан ҳамраъйӣ. Байни ҳамдигар фарқ мегузоранду журналистика ба худиву бегона, телевизиону матбуот ва ё расмиву хусусӣ ҷудо мегардад. Вале новобаста аз гуногунии назарҳо, ҳамкасб ҳастем, як ҳадаф дорем ва бояд ҳамраъйии журналистӣ ба хотири устувор мондани ҳамин соҳа дар ҷомеа риоя гардад. Вагарна, ояндаи журналистикаи тоҷик аз назари ман тира хоҳад буд”.
Хуршеди Атовулло, директори маркази тадқиқоти журналистӣ ва сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, дар риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии касбӣ сармуҳариррон ва аъзои раёсати Шурои ВАО-ро гунаҳгор медонад.
- Бадбахтона, меъёрҳои ахлоқии журналистӣ, хусусан, яке аз бандҳои он, ки ҳамраъйии касбӣ аст, дар муҳити имрӯза сар карда аз сардабирон то хабарнигорони оддӣ риоя намешавад. Сабаб дар он аст, ки баъзе қувваҳое ҳастанд, ки мехоҳанд журналистикаро ду тақсим кунанд. Журналистикаи давлатӣ ва мустақил. Ин воқеан як сурохиеро дар журналистикаи тоҷик мемонад, ки сари роҳи он бояд ҳароина гирифта шавад.
Бояд гуфт, ки маҳз бо пайдо шудани шабакаҳои иҷтимоӣ, тамоми бандҳои меъёрҳои ахлоқии журналистӣ зери по мешаванд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки барои шабакаҳои иҷтимоӣ низ як гуна меъёрҳо бояд муайян карда шаванд ва риояи он қатъӣ талаб карда шавад. Аммо чизи дигар ин аст, ки бадбахтона, ҳар маниторингу ҳар қоидаву қавонине, ки аз ҷониби Шурои ВАО-и кишвар пешниҳод мегардад, хусусияти тавсиявӣ доранд, яъне наметавонад журналистро барои нақзи бандҳои меъёрҳои ахлоқии касбӣ ба додгоҳ кашад ва ё ҳукм кунад. Яъне ягон фишанг барои маҷбур кардани он ки меъёрҳои мазкурро риоя кунанд, нест. Вале як кори дигаре, ки дар назди Шурои ВАО меистад, ин баррасии парвандаҳое, ки нисбати расонаҳо ё журналистон мешаванд, дар натиҷаи гуфтушунид бо мақомотҳои дахлдор, то суд бояд ҳал шаванд. Аммо мутаассифона, шурои мазкур ин рисолаташро имрӯз давом дода натавониста истодааст. Сабаби натавонистан, ба аъзои раёсати шуро вобаста аст ва онҳо бояд ҳамин масъулияти асосии Шурои ВАО-ро фаромӯш накунанд,-гуфт Х.Атовулло.
Инчунин, Далер Абдулло муовини сармуҳаррири нашрияи Маҷлиси Олии кишвар “Садои мардум” бар он назар аст, ки меъёрҳои ахлоқии касбӣ метавонад танҳо аз ҷониби журналистони тасодуфӣ нақз гардад.
- Риоя шудани меъёрҳои ахлоқии журналистӣ, пеш аз ҳама ба касбият, ҷаҳонбинӣ, қонунмеҳварӣ, шуурнокӣ ва арҷгузории журналист ба арзишҳои инсонӣ ва милливу давлатӣ вобаста аст. Агар журналист ба ин омилҳо муносибати дуюмдараҷа дошта бошад, табиист, ки риояи шудани меъёрҳои мавриди назар зери суол меравад. Аз ҷониби дигар, ман ба он назарам, ки муқаррар шудани меъёр барои фаъолияти журналистӣ мантиқану моҳиятан нодуруст аст. Зеро дилхоҳ нафаре, ки бо кулбори пур аз дониш, нияти нек ва азми қавӣ ба ин майдони муборизаву бархӯрд ворид мегардад, доим зафарёб буда, барои ин қабил журналистон талқин ва таҳмили чунин меъёрҳо зарурат надорад. Дар ин робита, бамаврид аст ёдовар шавем, ки озодии сухане, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои аъзои Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Ин ҷанба аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ дар заминаи раддабандиву назарсанҷӣ эътироф шуда, дар аксар маврид Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён аз қисмати аъзами кишварҳои ИДМ пеш гузаштааст. Эътироф бояд кунем, ки меъёрҳои зикршуда аксар маврид аз ҷониби онҳое нақз мегардад, ки дар соҳа шахси тасодуфианд. Ин тоифа аз назокату махсусиятҳои соҳаи журналистика комилан бехабар буда, ба шарофати чунин “ғалатӣ”-ҳо ба ҷанбаи ахлоқии соҳа латма ворид шудааст. Аламовар аст, ки имрӯз ҳар касе ду ҷумларо “ҷанг андохта метавонад”, худро беибо журналист меномад. Зарур ва ногузир аст, ки сохторҳои дахлдор, аз ҷумла ташкилотҳои журналистӣ баҳри тоза намудани саф аз чунин тасодуфиҳо бетаъхир иқдом намоянд.
Дар мавриди ҳамраъйии касбӣ ба он назарам, ки омили муҳиму муфид аст. Бегуфтугӯ, муттаҳид будани журналистон ба манфиати кор буда, баҳри болоравии нуфузи онҳо дар ҷомеа таҳрик мебахшад. Вале ин ҳамраъйӣ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд суиистифода шавад. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки дар ҷаҳони муосир муборизаҳои иттилоотӣ маъмул буда, аксар маврид дар ин раванд маҳз афсарони идеологӣ – журналистон истифода ва дар баъзе ҳолат суиистифода мешаванд. Ҳол он ки журналистон бояд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷомеа бо иттилооти боэътимод, ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ва ҷомеа ҳангоми қабул, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот беш аз дигарон саҳмгузор бошанд.
Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза, мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки журналистон неруи зеҳнии хешро беш аз пеш барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо - сулҳу ваҳдат равона менамоянд, - баён дошт Д.Абдулло.


Дар ҳамин ҳол, Хуршед Ховарӣ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мегӯяд барои ҳамраъйии касбӣ кӯшиши аз ҳад зиёд кардан, чандон ба салоҳи кор нест.
- Аслан, аз нигоҳи инҷониб, ҳамраъйии касбӣ дар худии худ мафҳуме нест, ки рӯзноманигорон барои мустаҳкамии он тамоми талошҳои худро равона кунанд. Ин ба он монанд аст, ки ҷомеаи журналистӣ бо пойбандии худ ба ҳамраъйии касбӣ баъзе ҳолатҳо ба ифрот роҳ дода, худро аз дигар қишрҳои ҷомеа канор мегузоранд ва чунон ҷилвагар мекунанд, ки гӯё онҳо дар як сангари дигар қарор доранду аз ҷомеа ба фарқ меистанд. Дар ҷомеае, ки қонунмеҳвар асту озодии сар карда аз журналистон то ҳама қишрҳои коргар зери ҳимояи қонун аст, намояндагони як касби алоҳида барои худ меъёрҳои муайян ҷудо карда, агар хоҳанд худро аз намояндагони дигар синфҳои коргар ҷудо кунанд, то ҷое аз рӯи адолат ҳам нест,-гуфт Х. Ховарӣ.
Ӯ дар идома афзуд, ки мо аз мушоҳидаҳо мебинем, баъзан ҳолатҳо ҳамкасбони мо аз мафҳуми ҳамраъйӣ бардоштҳои нодуруст гирифта, ҳатто мехоҳанд кирдорҳои зиддиқонунии рӯзноманигоронро рупӯш карда, аз бозтоб кардани онҳо дар расонаҳо худдорӣ кунанд, ки ин албатта хилофи қонун ҳам аст. Дар ин ҷо аз кормандони мақомоти алоҳида мисол меоранд, ки гуноҳҳои кӯчаки ҳамкасбони худро дар бисёри ҳолатҳо мепӯшонанд. Ва агар дар дилхоҳ мақомот ин чиз нишони ҳамраъйӣ бошад, ман хилофи чунин ҳамраъйиам.
- Беҳтарин ҳолати ҳамраъйии касбӣ аз нигоҳи шахсии ман ин аст, ки бояд расонаҳо новобаста аз шакли ташкилиашон ба ҳамдигар эҳтиром қоил бошанд, дар симои ҳам рақиби худро набинанд, аз сирқат ба ҳар шакле бошад, худдорӣ кунанд, ҳатто ба идеяи кори як расона ё журналисти алоҳида бояд эҳтиром гузошта шавад. Вале дар ҳолатҳое, ки расонае хилофи кадом арзишҳое (чӣ миллӣ, чӣ динӣ, чӣ фарҳангӣ) маводе ба табъ мерасонад ё принсипи кории худро тарзе муайян мекунад, ки бар хилофи арзишҳост, дар расонаи дигар доири костагии ҳамон мавод ё расона гуфтан, набояд хилофи ҳамраъйии касбӣ бошад,-дар интиҳои суҳбат илова кард Х. Ховарӣ.
Дар охир, бояд гуфт, ки Шурои ВАО ягона созмонест, ки аз ҷониби худи журналистон таъсис дода шуда, ҳадафи он ба воситаи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ танзим намудани фаъолияти журналистонро дар бар мегирад.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: