Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бартарафсозии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим кори дастаҷамъист

Бартарафсозии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим кори дастаҷамъист

7-06-2018, 08:32
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Бартарафсозии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим кори дастаҷамъист
28 то 30 майи соли равон дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон тренинг таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ-мавзӯи актуалӣ барои ВАО» баргузор гардид. Чорабинӣ дар чорчӯби Барнома оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва маҳдуд кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB) гузаронида шуд, ки онро Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ месозад. Дар он рӯзноманигорони 5 мамолики Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони ҳафтаномаи «Минбари халқ», медиа-холдинги «Азия-плюс», НИАТ «Ховар» ва маҷаллаи «Инсон ва табиат» муаррифӣ карданд.
Мақсади тренинги мазкур мусоидат ба рушди касбии намояндагони васоити ахбори умуми кишварҳои Осиёи Марказӣ барои омода намудани маводҳои босифати барои доираи васеи хонандагон ҷолиб дар мавзӯи тағйирёбии иқлим ва инъикоси пурраву касбии он дар минтақаву кишварҳо мебошад.
Барномаи тренинг дар асоси натиҷаҳои пажӯҳиши талаботи ду гурӯҳи калидӣ-рӯзноманигорон ва коршиносон ва ҳамкориҳои босамар миёни онҳо таҳия шуда буд. Бо ин мақсад форматҳои гуногун, чун сессияи якҷояи рӯзноманигорон бо коршиносони баййналмилалӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, скайп-сессия бо сардори шуъбаи коммуникатсия ва алоқа бо ҷомеаи Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (Intergovernmental Panel on Climate Change, IPCC) ташкил карда шуданд. Қисми омӯзишӣ дар худ сессияҳои амалӣ, мастер-класс оид ба журналистикаи илмӣ, модули омӯзишӣ-бозии «Баристаи мултимедиявӣ» ва медиа-турро дар бар гирифт.
Тренинг аз маҷлиси якҷояи рӯзноманигорон ва намояндагони хадамоти обуҳавосанҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Коршиносон ба рӯзноманигорон сараввал оид ба вазъ ва проблемаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои минтақа маълумот доданд. Сипас дар сессияи якҷоя иштирокдорон он омилҳоеро баррасӣ карданд, ки ба ҳамкориҳои самаранок монеа эҷод ва ё баръакс, мусоидат мекунанд.
Коршиносон ин нуктаро муҳим донистанд, ки рӯзноманигорон ҳади ақал оид ба проблемаи тағйирёбии иқлим каме маълумот дошта бошанд ва дар омода намудани мавод дар ин мавзӯъ мавқеи тарафҳои гуногунро ба назар гирифта, арзиши ақида ва вақти сарфкардашудаи онҳоро ба назар гиранд. Рӯзноманигорон дар навбати худ иброз доштанд, ки аз коршиносон масъулият ва шаффофиятро интизор буда, мехоҳанд, ки онҳо оид ба мавзӯи тағйирёбии иқлим бо забони оддӣ ва оммафаҳм суҳбат кунанд.
Дар рӯзи аввал рӯзноманигорон филми мустанад оид ба фаъолияти Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (Intergovernmental Panel on Climate Change, IPCC)-ро тамошо карда, сипас тавассути скайп бо Ҷонатан Линн, сардори шуъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеаи ин ташкилоти бонуфуз, ки коршиносон ва олимони пешбари сатҳи ҷаҳониро муттаҳид мекунад, муколама доир намуданд.
Дар сессияҳои омӯзишӣ иштирокдорони тренинг чунин масъалаҳо, ба монанди баҳонаи иттилоотӣ дар проблемаҳои экологӣ, алоқамандӣ бо дигар мавзӯҳои актуалӣ ва нишондиҳанда (критерия)-ҳои сифати маводҳои журналистӣ оид ба проблемаи тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд. Ҳамчунин оид ба технологияи эҷоди контенти мултимедиявӣ оид ба қазияи тағйирёбии иқлим омӯзиш гузаронида шуда, рӯзноманигорон нисбати интихоби мавзӯъ ва таъсири мавод ба форматҳои муайян, ҳамчунин ҷузъҳои маводҳои мулти-медиа дар масъалаи тағйирёбии иқлим дар такя ба талаботи иттилоотии аудиторияи мақсаднок маълумоти касбӣ гирифтанд. Ҳамаи ин тавассути элементҳои «геймификатсия» («бозӣ») ва истифодаи медиа-бозии «Баристаи мултимедиявӣ» сурат гирифт.
Олга Добровидова, журналисти илмӣ, коршиноси маъруф, редактори лоиҳаи «Переменная» оид ба тағйирёбии иқлим дар Colta.ru мастер-класс ва лексия дар формати walking debate гузаронид. Ҳамчунин иштирокдорони тренинг оид ба impact journalism (журналистикаи илмӣ, impact-factor-нишондоди рақамии муҳимияти маҷаллаи илмӣ), чи гуна бартараф кардани «мондашавии сабз» (green fatigue) вобаста ба мавзӯҳои экологӣ аз тарафи муаллифон ва хонанда-оё чунин мондашавӣ ҳаст, чи тавр дастрас ва дуруст оид ба паҳлуҳои илмии тағйирёбии иқлим мавод омада кардан, зарурияти баррасии мавзӯъ, ба таври дастрас ва дуруст инъикос кардани хавфҳо ва номуайяниҳо дар илм оид ба иқлим, маълум кардани он, ки кадом аз намудҳои медиа-технологияҳои нав нисбати инъикоси тағйирёбии иқлим кумак мекунанд ва чи гуна ба самаранокии кори рӯзноманигоре, ки дар мавзӯи иқлим мавод омода мекунад, баҳогузорӣ кардан маълумоти васеъ гирифтанд.
Дар ҳошияи лоиҳа медиа-тур аз ҷониби Маркази экологии кишварҳои Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА) дар ҳамдастӣ бо шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон-АГЭУ ГУ «Казселезащита» сафари рӯзноманигорон ба ду иншооти гидротехникӣ, ки суръат ва ҳаҷми обро муайян ва назорат, ҳамчунин шаҳри Алма-Аторо аз ҳолатҳои фавқуллода муҳофизат мекунанд, баргузор гардид. Яке аз ин иншоот-Кӯли калони Алма-Ато дар миёни кӯҳҳои зебои Алатау ҷойгир аст ва кӯли табиӣ буда, шаҳрро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад.
Иштирокдорони тренинг иброз доштанд, ки донишҳои нави гирифтаашонро дар корҳои минбаъдаи худ дар самти омода намудани мавод оид ба тағйирёбии иқлим истифода хоҳанд бурд. Аз чорабинии мазкур натиҷагирӣ намуда, рӯзноманигорон қайд карданд, ки онҳо аз коршиносон бисёр маълумоти нав ва актуалӣ оид ба проблемаи тағйирёбии иқлим гирифта, нисбати журналистикаи илмӣ ва шаклҳои нави омода намудани мавод ва техникаи навиштани мақолаҳо оид ба проблемаҳои тағйирёбии иқлим донишҳои нав андӯхтанд, ки ба фаъолияти минбаъдаашон ёрӣ хоҳад расонд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамкорӣ ва фаъолияти якҷояи рӯзноманигорону коршиносони Осиёи Марказӣ, вусъат бахшидани ҳамгироӣ миёни кишварҳо дар самти пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим талаби замон аст ва ин ҳамкориҳо рӯз то рӯз тақвият меёбанд.
Азамат Дӯстов
Душанбе-Алмаато-Душанбе

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: