Тахрибкор аз зинда будан дарак дод16-03-2021, 10:08
Хабарро хонданд: 99 нафар
Назарҳо: 0
Вақте ба саҳифаҳои таърих назар меафканем, дарк мекунем, ки наздик ба ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлати мустақил набуданд. Дар ин муддат, барои амалӣ намудани ормонҳои миллӣ ҳамеша талош меварзиданд. Хушбахтона, баъди чандин аср тоҷикон дигарбора соҳиби давлати мустақил гардиданд. Дар ин лаҳзаи кӯтоҳ, дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил шуд ва эҳёи ҷашну маросимҳои миллӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд. Ҳамаи ин самараи соҳибистиқлолии давлат ва миллат аст. Аз ин рӯ, ҷавонмардию далерӣ, сабру таҳаммул, донишмандию роҳнамоӣ, дилсӯзиву раҳму шафқатро пешаи кори худ қарор дода, бояд бо тамоми ҳастӣ аз он нигаҳбонӣ намоем, то нохалафи бегонаву худие ва ё бегонапарасте бо чашми бад ва бо нияти нопок ба ин марзу бум нанигарад. Аммо душманони миллат ҳанӯз ноумед нестанд. Тавассути васоити ахбори оммаи таъсисдодаи бегонагон гоҳҳо бадгӯии онҳоро мешунавем. Ба ҳар восита, мехоҳанд ба мамлакати тоҷикон хисороте расонанд. Барои ҳамин, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар эродҳои бемаврид ва пучу бемаънӣ мегиранд. Бояд тазаккур дод, воситаҳои ахбори омма ҳамчун дастгоҳе дар раванди муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, тавассути он омма аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар огаҳӣ пайдо мекунад. Ин аз сатҳи камолот ва қобилияти худмуташаккилӣ ва худшиносии ҳар намуди ВАО шаҳодат медиҳад. Вале ин хоси ҳамагуна расонаҳои иттилоотӣ буда наметавонад. Чунки қисме аз он дар танзими ҷараёнҳо ва муносибатҳои сиёсии байни одамон, давлат ва ҷомеа саҳми тахрибкорона доранд. Баъзе аз расонаҳо ҳамчун гурӯҳҳои таҳрифкор мақсад ва ҳадафҳои афроди мухталифро барои расидан ба мақсадҳои нопок аз он истифода менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисме аз рӯзнома-интернетҳо дар вобастагӣ ба муборизаҳои пинҳонӣ бо низоми сиёсӣ қарор доранд. Дар ҳақиқат, ҷомеаи комил, давлати муқтадир ва демократӣ кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонашро аз ҳар ҷиҳат тавассути воситаи ахбори омма қонеъ гардонад, ба моҳият ва хосиятҳои зарурии давлати демократӣ зараре нарасонанд. Гоҳо баъзе манбаъҳои хабарӣ бинобар сабаби ноогоҳӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, ки метавонад ба нофаҳмӣ ва зуҳури баҳсҳои шадид оварда расонад. Сомонаҳои интернетӣ на ҳама вақт аз чораҳои иқтисодию иҷтимоии андешидаи давлат огоҳанд ва ин аз тангназарии онҳо далолат медиҳад. Дар давраи ҷаҳонишавӣ мақсади асосии баъзе марказҳои хабарӣ аз байн бардоштани оромии давлатҳову миллатҳо буда, тори инқилобҳои исломиро танидан дорад. Ба ҳамин хотир, кишварҳои исломӣ расонаву ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунанд, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳад, сатҳи саводнокии мардумро паст месозад ва исломи сиёсиро дар давлатдорӣ чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад. Парвиз БАҲРИДИНЗОДА,
ходими илмӣ АМИТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.