Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии зодаи даврони Истиқлол буда, моҳи августи соли 2020 бо ибикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихисоси бахши тиббӣ-иҷтимоӣ ва тиббӣ-психологӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Ин нуқтаро Зарина Ибодзода, ректори Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид изҳори назар кард.
Мавсуф зикр намуд, ки шумораи умумии донишҷӯёни донишкада 1827 нафар буда, аз инҳо 773 (42%) нафар донишҷӯдухтарон ва 1054 (57,7%) нафарро донишҷӯписарон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат аз соли гузашта 895 (48,9%) нафар зиёд гардидааст. Шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ бошад, 35 (2%) нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 24 нафар зиёд гардидааст.
Ҳамчунин қайд гардид, ки шумораи профессорону омӯзгорони донишкада 170 нафар буда, аз ин 33 нафарашон омӯзгорони ҷавон мебошад.
Саида ХОҶАЕВА